05:06:42 25-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АБДУХОЛИҚ СӮФИЕВ: ҲАМА ЁРОНАМ БА ПАРЕШОНӢ...

Абдухолиқ Сӯфиев агар дар қайди ҳаёт мебуд 24-уми феврал 67 сола мешуд. Дареғо, ки миқрози аҷал риштаи умри ӯро 26-сентябри соли 2015 канда кард ва хабари маргаш ҳама ёронашро, ки дар ҳар гӯшаи олам парешон буданд, дар сӯги мотами ӯ шинонд.

Абдухолиқи шодравонро, ки нобинои модарзод буд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамчун сарояндаи таронаҳои овозхони маъруфи Машриқзамин Аҳмад Зоҳири зиндаёд мешиносанд. Воқеан дар Тоҷикистони мо овозхонҳои зиёде ҳастанд, ки асосан таронаҳои Аҳмад Зоҳирро месароянд. Дар байни онҳо яке аз беҳтаринҳо Абдухолиқ буд. Қариб дар ҳама маъракаҳои расмиву ғайрирасмӣ ӯро даъват мекарданд ва ӯ бештар сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонд.

Навори мазкур яке аз охарин наворҳое ҳаст, ки ҷамъе аз дӯстон ба айёдати Абдухолиқи азиз ба бемористон рафта буданду падари бузургворам Султони Ҳамад - руҳаш шод бод, ба навор гирифта буд. Хоҳиши мо аз Шумо, дӯстони азиз, муштариёни сомонаи «Рӯзгор» ва "Ruzgor CINEMA" ин аст, ки ба хотири шод шудани рӯҳи ин марде, ки дар зиндагияш талош мекард, ки инсонҳо ҳамеша шоду хурсанд бошанд, дуъои хайр кунед!

Рӯҳи Абдухолиқ шоду хонаи охираташ обод бод!

"Рӯзгор.tj"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi