11:22:57 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲФИЛИ РӮЙНАМОИИ КИТОБИ "ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МУҲОҶИР?"

Рӯзи 13 декабри соли 2019 дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯйнамои китоби журналист ва нависандаи маъруфи тоҷик Султони Ҳамад "Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?" бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон ва дӯстону пайвандони марҳум баргузор шуд. Нахуст муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбодов ҳамоишро ифтитоҳ карда, дар бораи фаъолияти эҷодии Султони Ҳамад маълумот дод ва иброз дошт, ки китоби нави ӯ таҳти унвони "Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?" паҳлуҳои гуногуни раванди муҳоҷиратро арзёбӣ мекунад ва дорои арзиши баланд аст.

runamo 0002

Сарсухани ин китобро худи устод Султон Ҳамад навишта, аз ҷумла қайд кардаанд: "Дар як маҷмӯа гирд овардани маводу мақолаҳои дар солҳои гуногун дар мавзӯи муҳоҷирати корӣ навиштаамро дар фикрам ва дар нақша надоштам, вале шарҳи як дӯстам дар зери як мақолаам дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ маро водор кард, ки сари ин масъала андеша кунам ва даст ба ин кор бизанам.

Он дӯстам, мулоимтар карда бигӯем, маро сарзаниш мекард, ки бештар ба мавзӯъҳое даст мезанам, ки ба дарди ҷомеа намехӯранд. Барои мисол, гуфтааст вай, "мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ мавзӯи доғи рӯзаст, вале ӯ боре ҳам нахондаву надидааст, ки банда дар ин бора чизе навишта бошам". Росташро бигӯям, чун муаллифи шарҳ шахси бароям ношиносу номаълум буд ва дар навиштааш оҳанги ғараз бараъло мушоҳида мешуд, он вақт аз посух гуфтан ба навиштааш худдорӣ кардам. Нахостам мисли он нафаре бошам, ки медонад зарф шикоф аст, вале боз кӯшиши аз об пур кардани онро мекунад. Ба ҳар ҳол баъдан тасмим гирифтам, ки барои худам як санҷида бинам, ки оё ман дар ин мавзуъ навиштае дорам ё не? Зиёд ҷустуҷӯ накардам. Бойгонии навиштаҳоямро аз соли 2003 ба ин тараф дидам. На камтар аз бист мақолаву мусоҳиба ва вокунишҳоямро ба ин ва ё он воқеаҳои муҳимми ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ пайдо кардам. Мутаассифона, на дар ҳамаи навиштаҳоям, банда зикр кардаам, ки маводро кай барои кадом расона навиштам ва он кай ба чоп расидааст. Агар бисёр ҷустуҷӯ мекардам, албатта, соли нашру ҷойи нашри онҳоро низ пайдо мекардам, вале ин вақти бисёрро мегирифт. Бинобар ин, бо овардани ҳамин даҳ маводе, ки моҳу сол ва ҷойи нашрашон аниқ аст, иктифо кардам. Ин мавод дар солҳои гуногун ва дар ҳафтаномаҳои мухталиф, аз қабили «Неруи сухан», «Зиндагӣ», «Чархи гардун», «Фараж», «Миллат» ва «Рӯзгор» ба нашр расидаанд. Онҳо паҳлуҳои гуногун ва муҳими ҳаёти муҳоҷирони иқтисодӣ ва то чӣ андоза таъсиргузор будани муҳоҷирати меҳнатӣ ба рӯзгори аҳли хонаводаи онҳоро инъикос менамоянд. Дар ин мавод, ки асосан аз мақолаҳои таҳлиливу очерку мусоҳибаҳо иборатанд, дар баробари баёни мушкилоти муҳоҷирони корӣ, инчунин, кӯшиши нишон додани роҳҳои ҳалли ин мушкилот ба харҷ дода шудааст".

 

Оре, ҳамин тавр аст. Устод Султон Ҳамад кори мондагореро анҷом додааст, вале сад афсӯс, ки китоби нави худро дида натавонист, аммо фарзандонашон Субҳиддин, Ҷаҳонгир ва Аҳмадшоҳ ин китобро ба нашр расониданд ва мо дар маҳфили рӯйнамоии он иштирок дорем.            

Сипас доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов, Мирзо Насриддин, Абдуллоҳи Раҳнамо, Қиёмиддин Сатторӣ, Бобоҷони Шафеъ Баҳманёр Акбар ва дигарон хотироти худро дар бораи шодравон Султон Ҳамад нақл карда, таъкид намуданд, ки мавсуф дар ҷодаи матбуот ва журналистикаи тоҷик хизматҳои шоёнеро анҷом доданд.      

Дар маҳфил рӯзноманигори маъруф Бобоҷони Шафеъ зимни суханронии худ зикр намуд, ки устод Султон Ҳамад дар бораи ду муҳоҷират навиштаанд, ки мутаассифона, навиштаҳо дар бораи муҳоҷирати аввал дар ин китоб роҳ наёфтаанд. Ва сабабаш низ он аст, ки китоби мазкур чун охирин таълифи муаллиф дониста мешавад ва он замони дар қайди ҳаёт будани рӯзноманигори варзида омода шуда будааст, вале беморӣ дигар ин имконро надодааст, ки чопашро бинанд. Ва бо гузашти чанд моҳ аз марги нобаҳангом пайвандон тасмим гирифтаанд ин китобро ба чоп расонанд ва тавре чоп кардаанд, ки муаллиф мехоста. Аммо навиштаҳои устод Султони Ҳамад дар бораи муҳоҷирати аввал низ хеле пуртаъсиранд ва аз рӯйи имкон салоҳ мебуд, то онҳо низ дар китобе ҷамъоварӣ ва нашр шаванд. Онҳо таърихи фоҷиабори миллатанд, намешавад миллат бахше аз таърихи худро ба боди фаромӯшӣ супорад. Дар ҳоле, ки он навиштаҳо барои муаррихону пажӯҳишгарон низ метавонанд маводи хуб диҳанд.

Аввали муҳоҷирномаи устод Ҳамад чорпораҳои ҳузнбарангезе мебошанд, ки зери номи "Лаби дарёи Ому" эҷод шудаанд. Ҳар рубоиву дубайтии ин силсила бидуни шак фарогири як саҳфаи таъриханд. Зина ба зина ин чорпораҳо ҳаёти эҳтимолан бештар аз думоҳаи лаби дарёи Ому будани фирориён аз дасти силоҳбадастонро тасвир мекунанд. Ва баъдан ҳам ҳаёти муҳоҷирон дар Афғонистон дар лавлаҳаву гузоришҳои зиёде ба қалам омадаанд, ки бахше аз онҳоро мо дар сомонаи "Рӯзгор" мебинем ва бахше шояд нашр нашудаанд.

Аммо он чи ҳоло ба дасти чоп расидааст, ин ҳаёти муҳоҷирон дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ мебошад, ки боз ҳам як мавзӯи доманадор ва фарогир аст. Матолиби ин китоб дар солҳои гуногун дар шакли мақолаву очерку мусоҳибаву гузориш навишта шудаанд ва тавре муаллиф дар сарсухан овардаанд, як эроди хонанда дар шабакаи иҷтимоӣ таҳрике барои гирдоварии мақолоти ин маҷмӯа шудааст.

Доманаи пажӯҳишҳои устод Султони Ҳамад густардаанд ва омӯзишу чопи ҳар пажӯҳиши ишон вақту замон мехоҳад. Ҳоло ки фарзандонашон тасмим гирифтаанд он ҳамаро якояк рӯйи чоп меоранд, хеле иқдоми сутуданист, зеро дар миёни навиштаҳои устод Султон Ҳамад матолибе низ ҳастанд, ки ҳатто боре ҳам чоп нашудаанд ва ё чоп шудаву ба сурати китоб гирдоварӣ нашудаанд. Ба мисли ҳамин китоби "Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир?". Вазифаи оянда аст, ки аз нашрияҳо он мақолоти парешон гирдоварӣ ва дар шакли китоб интишор ёбанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки шодравон Султон Ҳамад на танҳо журналисти варзида, балки нависандаи соҳибқалам ва муҳаққиқи дақиқназар ба шумор меравад. То ба ҳол китобҳои Султон Ҳамад: –"Аз Ардашер то Шери Панҷшер" (Душанбе, "Ирфон", 2002), "Аҳмад Зоҳир – "Султони Қалбҳо" (Душанбе, "Деваштич", 2005), "Дар суҳбати соҳибдилон" (Душанбе, "Деваштич", 2007), "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ" (Душанбе, "Деваштич", 2007), "Низоъ, терроризм ва рисолати рӯзноманигорон" (Душанбе, "Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ", 2007), "Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт" (Душанбе, "Шуҷоиён", 2009), "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб" (Душанбе, "Бухоро", 20012), "Султони қалбҳо" (Душанбе, Бухоро", 2012), "Бурхи Валӣ – Дӯсти Худо" (Душанбе, "Истеъдод", 2013, "Маҳуби дилҳо" (Алмаато, "Полиграфкомбинат", 2013), "Чӣ ҳол дорӣ муҳоҷир?" (Душанбе, "Пилтан", 2019) ба нашр расидаанд.

Дар охири маҳфили рӯйнамоӣ фарзанди устод Султон Ҳамад Субҳиддин Султон ба сухан баромада, ба иштирокчиёни ҳамоиш аз номи аҳли хонаводаашон изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то осори боқимондаи қиблагоҳашонро ба нашр расонанд ва дастраси аҳли илму адаб намоянд.                       

Қиёмиддин Сатторӣ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi