09:50:27 25-уми Апрели 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ғазале чанд аз Озар Салим

Шеъри Озар оташин аст. Ҳарф-ҳарфаш дилнишину атрогин аст. Аз гулу себаргаву райҳонаш озин аст. Олами андешааш зебову рангин аст.

1
ozar-895656Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт...
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри "видоъ эй писар" надошт...
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.

2
Кори замона хуб ба як тан намешавад,
Бо як чароғ деҳкада равшан намешавад.
Он беҳ, ки тан диҳем ғами сарнавиштро,
Ҷодуи вақтро, ки шикастан намешавад.
Пурсидиям ба танз: Дилат аз чи ҷинс буд?
Хун буду ашк, дил ки аз оҳан намешавад.
Аз риши худ манозу зи тоби бурут ҳам,
Гоҳе ҳазор мард яке зан намешавад.
"Шаҳнома" бе ҳузури ғурураш надошт ранг,
Афросиёб агарчи Таҳамтан намешавад.
Нақси замон намешавад аз саъйи ман дуруст,
Бо як чароғ деҳкада равшан намешавад.

3
Хабари марги кӣ дар ҳарфи тари борон аст,
Ки ба ҳар чиз нигаҳ сайр кунад гирён аст.
Ҳама зарданд дарахтони чаман, ин борон
Гӯиё ашк ба рухсораи беморон аст.
Мешавад об дил аз гиряи борон имшаб,
Ки чу мусиқии наҷвои азодорон аст.
Сӯхт аз оташу хокистари ӯ нест падид,
Ҳамчу ман шамъ дар исботи ғамаш ҳайрон аст.
Ҳеч кас дар дили ман рахти иқомат нафиканд,
Шаҳр, оре, ки азим аст, вале вайрон аст.

4
Ин рафикон чи рафиканд, магар котили хам,
Хамагон душмани чабранд, магар бар дили хам.
Гайр девор кунад, хишт баранд аз сари худ,
Хеч вайрона нахоханд, магар манзили худ.
Аз сари лутф ба хар анчуману кунгурае
Хама моилшудагонанд, магар моили хам.
Мушкиле хаст агар, то бубарандаш зи миён,
Саъй варзанд шабу руз, магар мушкили хам.
Кас набошанд, бигирам, ки ба хар махфилу базм
Чу хас оянду нишинанд, магар махфили хам.
Захрпечанду ба чуз шира надузданд зи хеш,
Ин рафикон чи рафиканд, магар котили хам.

5
Аз мо мапурс қиссаи нокоми ошиқӣ,
Ҷуз ашк нест нуқтаи анҷоми ошиқӣ.
Чун самбули ҳукумати дил нақши лола дошт,
Он парчами баланди лаби боми ошиқӣ.
Дар гӯши ҳар касе, ки чакидаст, бишнавад
Фарёди ишқ, равғани бодоми ошиқӣ.
Бо хатти сурхи хун бинамоянд ишораташ,
Бошад баланд иззату икроми ошиқӣ.
Озар, ба ҳам назокати як байт мешаванд,
Ашъори озарини туву шоми ошиқӣ.

6
Ишқ шеъре хасту зебо мешавад оғоз, лек…
Мерасад аз фарти хуби то дари эъҷоз, лек…
Ёд дори он нахустин лаҳзаҳои ишқро?,
Он нахустин ларзаҳоро боз хоҳӣ, боз, лек…
Соате, ки шеър мегирад суроғи хомаат
Ҳич шоирро намеёби ба худ анбоз, лек…
Хокро чун ошнои нест бо рози сууд,
Хамчу Исо метавон кардан даме парвоз, лек…
Кас набитвонад, ки баргардад зи роҳи сарнавишт,
Рӯдро дидам, ки дорад нола бо овоз, лек…
Шеър баъди зоданаш аз хона берун меравад,
Метавон кардан аз ин фарзанди зебо ноз, лек…

7
Осмон ба поям рехт аз саҳоби як гиря
Аҷзи ман зи ман бигрехт аз савоби як гиря.
Чашм аз кабутарҳо вом кардаму дидам,
Нола-нола оёт аст дар китоби як гиря.
Ҷони шабнамиямро хонд офтоб, охир
Ёфтам уруҷи хеш з-интихоби як гиря.
Гоҳ-гоҳ дуздона буди хеш меҷӯянд
Дар лабам табассумҳо вақти хоби як гиря.
Ашк бурд бунёдам рӯ ба сӯи бесӯӣ,
Воҳидам ба даст омад аз ҳисоби як гиря.

8
Назъи равон ба хандаи ҷонон хулоса шуд,
Душвори ман бубин, ки чӣ осон хулоса шуд.
Поёни орзуи маро тарҳ мекашид
Абре, ки шуд баланду ба борон хулоса шуд.
Як вожае ба ғайри дилу ишқ хостам,
Гуфтанд: ҳарчи буд, дар эшон хулоса шуд.
Дил буду ишқ буду ҷавонию хуррамӣ,
Ин ҷамъ рафта-рафта парешон хулоса шуд.
Озар, маро зи хандаи гандум мапурс ҳеҷ,
К-ин ханда бар ҳамоқати инсон хулоса шуд.

9
Эй тирамох,мисраи хичрони кистӣ?
Ғамхарфи шоиронаи девони кистӣ?
Эй духтаре, ки сурати ту зард гаштааст,
Ифшои роз соз, ки пазмони кистӣ?
Шабҳо,ки ман зи ҳайбати сармо ба хонаам,
Пушти тиреза оҳи парешони кистӣ?
Барги дуот ҷуз ба таги по намерасад,
Эй боғи хушк, сокаи дастони кистӣ?
Гоҳе на гар фаришта бинолад ба ҳоли мо,
Эй тирамох, дидаи гирёни кисти?

10
Эй ошно, суроғи мақоми ту омадам,
Бо номи он Худо, ки ба номи ту омадам.
Сангам мазан, ки хаставу озурдаву ҳазин
Чун кафтаре ба гӯшаи боми ту омадам.
Эй ҳарф-ҳарфи хуб, ки Қуръони ман тӯӣ,
Сайри баҳори ҳусни каломи ту омадам.
Монанди маҳ, ки мераваду боз мерасад,
Эй осмони ман, ба саломи ту омадам.

11
ozar6895665Сӯзандатар агарчи зи дарёи оташӣ,
Дил мекашад ба дидани рӯят, ки дилкашӣ.
Чун субҳи кӯҳсор надонӣ ғуборро,
Рӯҳи латифи ойинаӣ, софу беғашӣ.
Бо шеъри Рӯдакӣ магарат парваридаанд? 
Бо лафз парниёну ба тан парниёнвашӣ.
Якбора то тиҳӣ накунӣ соғари дилам,
Хуни варо ба найчаи миҷгон ҳамечашӣ
Бо тири ишқ фатҳи ҷаҳон кун, ки ин замон
Абрӯи ту камону худат духти Орашӣ. 

12
Садои нарми гулӣ, ҳарфи обшоронӣ,
Ту шоиронатарин шеъри рӯзгоронӣ.
Тулӯи туст тулӯи камони рангаи ишқ,
Ки офтоб ба ҳусну ба лаҳн боронӣ.
Чу бо манӣ, ба раҳам санг нарм мегардад,
Ки нармҳарфтарин дар миёни ёронӣ.
Чаҳор фасл тавон хӯрд аз кафат бода,
Ту сабзчеҳра, магар духтари баҳоронӣ?
Чӣ гуна васфи туро метавон адо кардан,
Ғизоли дашти дилӣ, кабки кӯҳсоронӣ.
Ҳар он ки дид туро, сӯи шеър хоҳад рафт,
Ки шоиронатарин шеъри рӯзгоронӣ.

13
Дил баъди ишқ холӣ аз оҳанг мешавад,
Ин об бо гузашти замон санг мешавад.
Тарки вафо таронаи маҳзуни зиндагист,
Гул оқибат ҷудо зи бари ранг мешавад.
Пирӣ шабеҳи зарбати санг асту мавҷи об,
Яъне, шикаст боиси ожанг мешавад.
Ҳар ҳарф рӯи дафтари ман хори орзуст,
Ҳушёр бош, пои нигаҳ ланг мешавад.
Кас нест дар ҷанозаи гулҳои боғ, вой,
Озар, дилам ба гоҳи хазон танг мешавад.

14
Мегурезам аз ҳама, он сӯи дунё менишинам,
Офтобам, ман ба сӯги хеш танҳо менишинам.
Аз ҳузурам сахт дилтанги, вале, эй шеъри зебо,
Ман радифам, дар барат бисёр зебо менишинам.
Дасти дил бар даст меоям ба пушти шишаи чашм
Баргрези умри худро бар тамошо менишинам.
Аз сулуки худ намонам мавҷосо бо нишастан,
Менишинам ман агар, бар дӯши дарё менишинам.
Додаанд ,Озар, бароям сарнавишти офтобӣ,
Шом агар оям ба поён, субҳ боло менишинам.

15
Ахволи мо мапурсед аз чаври рӯзгорон,
Гулҳо чи ҳол доранд аз баъди барфу борон?
Доранд сарбаландон рӯзи сияҳ ҳамеша
Пайваста абр дидам бар фарқи кӯҳсорон.
Бе ҳич гуна авҷе, бисёр диданием
Мо аз нузули зебо монанди обшорон.
Бишкаста косаҳоро рӯзи сафар, набурданд
Аз ғайри сурхрӯи бо хеш лолазорон.
Натвон буд бе пир, Таҳмтанон бигаштанд
Муҳтоҷи Зол гоҳи разми Сифандёрон
Тарки ватан? Чи гуна? Кабке, ки кӯҳзод аст
Дар шаҳрҳо наёбад атри гиёҳи торон

16
Гулафшон кун, биё аз нав баҳори ошноиро,
Биёвар аз бароям як табассум рӯшноиро.
Ба ҷуз рухсори ошиқ нест девоне, ки дил дорад,
Ки ранги канда иншо мекунад шеъри ҷудоиро.
Суроғи мо биё боре, ба дунёи гирифторон,
Тараннум карда зери лаб ғазалҳои раҳоиро
Гаҳе аз шеър дилгирам, вале ночор мегӯям,
Нагуфтан сахт душвор аст абёти атоиро.
Сухан аз ҷаҳд чун хун гашт, Озар, кор осон шуд,
Ба ангушти қалам бастем мазмуни ҳиноиро,

Аз саҳифаи фейсбукии шоири маъруф Адибаи Хуҷандӣ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1