11:01:11 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Рӯзи шанбеи ёздаҳуми ноябри соли 2017 дар Кохи фарҳангии «Боргоҳи сухан» воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахти кишвар таҳти унвони «Роҳҳои дӯстӣ» маҳфили шеъру суруд баргузор гардид.

1 dusti 659845211221Дар ин маҳфил, ки асосан атрофи осор ва рӯзгори Бӯрӣ Каримов, адиби шинохтаи тоҷик ва роҳсози маъруфи кишвар гуфтугузор барпо шуд, ашъори ӯро қироат мекарданд ва аз фаъолияти меҳнатии ӯ гап мезаданд. Матни бархе аз таронаҳое, ки дар маҳфил садо доданд, шеърҳои ӯро ташкил медоданд. Азбаски беш аз 40 сол аст, ки Бӯрӣ Каримов яке аз масъулин Шӯроӣ байнидавлатии роҳсозони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ мебошад, меҳмонони зиёде аз кишварҳои хориҷи наздику дур, дӯстони ӯ, дар ин маҳфил низ иштирок доштанд.

Қабл аз оғози маҳфил дар саҳни ҳавлии «Боргоҳи сухан» намоиш ва фурӯши китобҳои таълиф ва таҳиянамудаи Бӯрӣ Каримов ва дигар нависандагон баргузор гардид. Дар ҳамин ҷо кӯдакон меҳмонони аз хориҷа омадаро бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд. Меҳмононро дар толор туҳфаҳои боз ҳам ҷолибтаре: тоқиҳои гуногунранги тоҷикӣ, азҷумла, тоқиҳои гулдӯзӣ, чакан, чамандигул, чустӣ ва ғайра интизор буданд. Ҳар кадом аз меҳмонон аз байни ин тоқиҳо тоқии дилхоҳашро гирифта ба сар мегузошт. Тоқиҳои ранг ба ранг дар сари меҳмонон толорро дар назар гӯё ба гулхонае табдил дода буданд. Ҳама бо чеҳраҳои болида якдигарро муборакбод мегуфтанду бо телефону аксбардорҳояшон аз якдигар аксбардорӣ мекарданд.

Як гуруҳи дигари кӯдакони хушсарулибос ба саҳна баромада, шеърҳои дар васфи Ватан ва дӯстӣ навиштаи Бӯрӣ Каримовро қироат менамуданд.

Дар чунин як вазъияти идона ровиёни хушлаҳну хушсадо Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодиров ва наттоқи маъруфи Телевизиони тоҷик Наргис Қосимова ба ин шаби баёдмонданӣ бо шеъру сухани воло, панду ҳикмат ва садои ҷозибадори хеш ҳусни матлаъ бахшиданд.

Меҳрангез Каримова, духтари бузурги Бӯрӣ Каримов чанд шеъри ба забони русӣ тарҷумашудаи қиблагоҳашро хонд. Сипас худи Бурӣ Карим ба ҳозирин намунаи ашъорашро қироат кард.

Як бахши азими ин маҳфилро суханрониҳои табрикии меҳмонони аз хориҷомада ташкил дод. Азҷумла, дар ҳамоиш нахуст яке аз масъулини Шӯроӣ байнидавлатии роҳсозони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ Доценко В. А., директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии «Груздорнаука» аз Ҷумҳурии Гурҷистон Тамаз Силагадзе, академик, доктори илмҳои техникӣ Қаҳрамон Аҳмадов аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва собиқ вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Бахаджанов суханронӣ намуда ба Тоҷикистон, ба мардуми шарифи он ибрози миннатдорӣ карданд, ки ба олам чунин шахсияти шинохтаеро мисли Бӯрӣ Каримов ҳадя намуданд, ки ҳамарӯза самараи корҳои некаш ба миллатҳои гуногун низ мерасад.

Жамшитбек Калилов, академик, доктори илмҳои техникӣ, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар марҳилаи кунунӣ раҳбарии Шӯроӣ байнидавлатии роҳсозони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро низ ба уҳда дорад, қарори Шӯрои ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ-ро, ки ба он Раиси Шӯрои ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ В. И. Матвиенко имзо гузоштааст, дар бораи бо ордени «Содружество» мукофотонидани Бӯрӣ Каримов қироат кард ва сипас он орденро ба сари синаи Бӯрӣ Каримов часпонд. Бояд гуфт, ки ҳайати Қирғизистон дар байни дигар ҳайатҳои кишварҳои хориҷие, ки ба ин маҳфил омада буданд, хеле бузургтар ба назар мерасид. «Мо хешу табор ҳастем, мо хоҳарзодаҳои тоҷиконем. Завҷаи Манас-қаҳрамони миллии мо, Хоникей- тоҷикдухтар буд, яъне Хоннигоҳ, духтари амири Бухоро буд»-мегуфтанд онҳо. Воқеан, бародарони қирғиз зебосанами овозхонеро бо ҳамин ном Хоннигоҳ Раҳималиева (Каныкей Раймалиева, Артисти хизматнишондодаи Қирғизистон) бо худ ба ин маҳфил оварда буданд, то бо таронаҳои зебояш ба дилҳои алоқамандони таронаҳои ноб фараҳ бубахшад. Хоннигоҳ бо думбураи хушсадояш ба ғайр аз забони қирғизӣ бо забони русӣ ва тоҷикӣ низ суруд хонд, суруди «Гулҳои Душанбе»-ро, ки замони онро Махфират Ҳамроҳқулова, овозхони маъруфи мо месароид. Аз шавқи зиёд аҳли толор бо Хоннигоҳ ҳамовоз мешуданд. Ҳайати Қирғизистон ба мизбони маҳфил инчунин Куллиёти пурраи осори Чингиз Айтматов, бузургтарин нависандаи қарни 20 ҷаҳонро туҳфа кард. Ба соҳибҷашн кулоҳ ва хилъати миллии қирғизиро пӯшонд.

Декани факултети коммуникатсияҳои нақлиётии Донишгоҳи Миллӣ-Техникии Белорусия, доктори илмҳои техникӣ, профессор Вусл Алексей Владимирович либоси махсуси шоири машҳури Белорусия Янка Купаларо, ки замоне ӯ низ роҳсоз будааст, ба Бурӣ Каримов ҳадя кард.

Раҳбари ташкилоти «Союздорстрой» Хвалинский Л. А. аз Руссия Бӯрӣ Каримовро барои хидматҳои намоёнаш дар соҳаи роҳсозии кишварҳои ИДМ бо Нишони ифтихории ин ташкилот «За вклад в транспортное строительство» қадрдонӣ намуд.

Ҳамин тавр меҳмонон аз Молдавия, Ӯзбекистон, Фаронса ва дигар кишварҳои ҷаҳон, ки бархе бо Бӯрӣ Каримов ҳамкор буданд ё ҳанӯз ҳам ҳастанд ва иддаи дигар ӯро аз рӯи асарҳояш мешиносанд, дар ин маҳфил суханронӣ карда, дар ҳаққи соҳибҷашн, Тоҷикистони азиз ва мардуми сарбаланди он суханҳои хуб гуфтанд, орзуҳои нек карданд.

Соҳибҷашн дар посух ба суханрониҳои меҳмонон ибрози миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар навбати худ ҷомаҳои зебои зарбофти тоҷикиро туҳфа мекард.

Дар хотима низ духтари хурдии соҳибҷашн Шукрона аз осори падар чанде шеъреро бо лаҳни ширини кӯдакона қироат кард.

Ногуфта намонад, ки дар ин шоми шеъру суруд овозхонҳову ҳунармандони театру синамои тоҷик, азҷумла Артисти Хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ва санъат Мирзоватан Миров, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Мастона Эргашева, Ҳунармандони Мардумии Тоҷикистон Қиёмуддин Чақалзода, Шодӣ ва Ҳодӣ ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро бо суруду таронаҳо ва хушгӯиҳои худ болида сохтанд.

Воқеан, дар ҳамин шаби шеър Бӯрӣ Каримов, Раиси маҳфили фарҳангии «Боргоҳи Сухан» Қарори Раёсати маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан»-ро дар бораи бо Ҷоизаи сухан ва Нишони сухан сарфароз намудани Ходими Хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, драматург, коргардон, ҳунарпеша, овозхон Мирзоватан Миров барои эҷод ва басаҳнагузории як силсила асраҳои драмавӣ, иҷрои нақшҳо ва тарбияи насли ҷавони соҳаи театрӣ эълон кард ва мукофотро ба Мирзоватан Миров зери мавҷи қарсакзаниҳои аҳли толор супурд.

Ҳунарпешаҳои гуруҳи рақсии «Чаҳоноро» таҳти раҳбарии Артисти Хизматнишондодаи Тоҷикистон Дилором Сатторова дар ин шаби шеър дар лаҳзаҳои фориғ аз сухангӯиҳо ва шеърхониҳо, хеле хуб ҳунарнамоӣ намуданд ва бо рақсу ҳаракатҳои мавзуни хеш ба ин маҳфил тобишу таровати бештаре бахшиданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi