15:27:04 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Модар дар ашъори устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ

Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Модар ягона офарандаи шахсияти комил аст, ки инсонро ба олами ҳастӣ оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги ӯ замину осмон, ҷаҳони ҷовидони пур аз рози ниҳондошта руҳу ҷон мегирад.

2_loiq-sherali-54545.jpgҲастии модар ҳама афзалиятҳои зиндагиро дар бар мегирад. Ба таъбири дигар Модар – Зан олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ руҳи тоза мебахшад.

Модарномаи устоди зиндаёд Лоик аз бузургтарин муноҷот ба модар аст. Он дар қатори модарномаҳои устод Мирзо Турсунзода, Эраҷ Мирзо ва дигар шоирони гузашта, ифшосозандаи муҳаббату садокдт, меҳру вафо ва кадршиносии фарзанд нисбати модар аст, ки хеле самимона, дилнишин ва олӣ суруда шудааст. Мавзӯи модар яке аз аввалин мавзуъҳое буд, ки устоди зиндаёд Лоиқ ба он шеър гуфтааст. Аввалин шеъри ба модар бах­шидаи устоди зиндаёд Лоиқ "Ба модарам" ном дошт, ки соли 1965 эҷод шудааст.

Аксари шеърҳои ба модар бахшидаи шоир дар маҷмӯаи "Дасти дуои модар" гирд оварда шудаанд. Вақте кас ин маҷмӯаро варақ мезанад, пеши назар симои зебову пурнур, қомати расо ва чашмони меҳрубони модар, ки ҳеҷ гоҳ ба фарзанд бадиро намехоҳад ва доимо даст бар дуост, ки фарзандаш некному некрӯзи даврон шавад, намудор мешавад, зеро устоди зиндаёд Лоиқ бо шеъри худ модари барои ҳар касс ҳамеша зиндаро боз ҳам зиндатар тасвир намудааст:

Шеъри "Қасидаи модар", ки яке аз шеърҳои олитарини устоди зиндаёд Лоиқ дар мавзӯи модар аст, модарро чун офаранда, чун парваранда ва волотар аз ҳама тасвир намудааст. Масалан, дар байтҳои он омадааст:

...Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,

Гар дар замин набошад, нуру зиёи модар...

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,

Гар як нафас наҷунбад, дасти сахои модар...

Лоиқҳатто онеро, ки модар гоҳҳо ба фарзандон дуруштӣ мекунад, бо хубӣ шарҳ, додааст.

...Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем инҳо,

Дигар ҷафо намонад ғайриҷафои модар...

Дар шеъри "Ба модарам" устоди зиндаёд Лоиқҳама он ранҷу азоберо, ки модар барои тарбияи фарзанд сарф менамояд, тасвир намудааст. Хусусан модари устоди зиндаёд Лоиқ, ки дар давраи ҷанги хонумонсӯз бо фарзандҳои хурдакаки хеш танҳо монд ва онҳоро бо азоб ба воя расонид, боиси он шуд, ки устоди зиндаёд Лоиқ ин шеъри хешро ба сафҳаи адабиёт кашад. Устоди зиндаёд Лоиқ дар яке аз байдҳои ин шеър овардааст:

Хазорон маргро, андуҳу ғамро nyuшmu cap кардӣ,

Нахӯрдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ.

Маро бигрифта зери пар.

Барои он ки дар ман зиндаву хозир бубини боз.

Ҳамон сайёдҳои сайдгаштарафтагонатро,

Шуди хуни ҷигар модар.

Кунун имрӯз фарзандат ҷигарбандат ҳунар омӯхт.

Ки ёбад нони беминат.

Ба номат дафтаре бикшод,

Дуои хайр гӯ, модар,

Ки ӯ бо номи ту бар роҳи paҳҷустан қадам бинҳод.

Варо ту мағфират кун, раҳнамои кун,

Аё модар, аё модар!

1_loiq-sherali-54545.jpgИн ҷо садоқати устоди зиндайд Лоиқ нисбати модари ҷафокашидааш таҷассум аст. Ҳамаи ашъори ба модар бахшидаи устоди зиндаёд Лоиқ, аз ҷумла шеърҳои "Модар", "Суруди мо­дар", "Қарз", "Қасидаи модар", "Ҷомаи гадоӣ", "Чордард", "Ту монанди замин танҳоӣ модар", "Дар сари гӯр", "Ҳасрат", "Муноҷот ба модар" ва рубоиву дубайтиҳо имрӯз низ дар байни халқ мавқеи хоса доранд. Дар "Модарнома" – и устоди зиндаёд Лоиқ тасвири ҷаҳони орзуву ҳавасҳои мода­ри рустоӣ чунон содаву самимӣ ва моҳирона ифода ёфтаанд, ки хонанда беихтиёр ҷавҳари ҳастии инсонро пеши назар меорад. Дар ин шеърҳо ва умуман дар ҳама шеърҳои ба модар бах­шидаи устоди зиндаёд Лоиқ модари оддии тоҷик, мода­ри рустоӣ акс ёфтааст, ва ӯ бо покдилӣ, софдилӣ, меҳри зиёд, дилсафедӣ, пуртоқатӣ, баномусӣ ва як зумра хислатҳои хуби модарона дар сафҳаи китоб нақш бастааст.

Лоиқ на танҳо модари хеш, балки ҳама модаронро меситояд ва дар яке аз шеърҳояш гуфтааст:

Модарам даргузашту донистам,

Холӣ шуд гӯй гар сӯи ҷаҳон.

Эй шумо модарони сарзинда,

Эй шумо модарони рӯи ҷаҳон,

Баҳри ман ҳаққи модарӣ дopeд!

Устоди зидаёд Лоиқ дар баробари тасвири беолоиши модар аз урфу одат ва анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик устодона истифода кардааст. Дар шеъри "Ту монанди замин танҳоӣ модар" шоир модарро ба замину осмон ва хуршеду моҳ ташбеҳ медиҳад, зеро онҳо ҳам чун модар ягонаанд ва меҳри хешро миёни фарзан­дон тақсим намекунанд. Хуршед ба ҳама мавҷудоти дунё баробар нур мепошад ва оғӯши замин низ ба рӯйи ҳама сокинони сайёраи мо баробар боз аст. Дар ҳақиқат модар мисли замин танҳо ва яктост:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Кӯдак баъд аз роҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад, зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Илова бар ин устоди аввалини мо модар аст. Ҳар чизеро ки то давраи мактабхони медидем, аз модар пурсон мешудем. Модар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашиёи оламро ба мо ошно месохт. Модар қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахси ҷомеа аст.

Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Канори модар худ мактаби ав­валини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс ба воя расида мададгори даврони пирӣ гардад. Ӯ дар ҳама ҳолат чи ҳозиру ғоиб, пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад.

Мутаасифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта ӯро намеёбем. Аз даст рафтани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле мудҳиш аст, зеро давлати фарзанд модар аст. Образи ин ганҷи бебаҳо дар адабиёти ҷаҳон мақоми хоса низ дорад. Бемуҳобот, модар ба чунин қадрдониҳо сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд.

Як бор нашунида ҳарфи ризои модар.

Дар охир байти зебои устод шодравон Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам cap.

Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Ман низ дар қатори бузургони олам дар пешаш cap фуруд меоварам. Ашъори ба модар бахшидаи шодравон устоди зиндаёд Лоиқ чу­нин беҳтарин дастоварди адабиёти дав­раи нави тоҷик эътибор дорад.

Ид муборак бошад модарон ва бонувони азиз!

Шервони УМРИДДИН, журналист



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi