12:42:26 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Маҳфили бузургдошти муаллим, мактаб ва маориф дар Рашт

Ҳамоише ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи Ҳотами Идии Аскалонӣ омӯзгор, шоир ва нависандае аз ноҳияи Рашт

1_hotam_65656565.jpg

Рӯзи шанбеи 21-уми ноябри соли 2015 дар Кохи фарҳангии ноҳияи Рашт бахшида ба 100-солагии зодрӯзи яке аз аввалин омӯзгорон ва бунёдгузорони маорифи даврони шӯравии ҷумҳуриямон дар минтақаи Қаротегин Ҳотами Идии Аскалонӣ маҳфили бузургдошти ӯ бо ширкати омӯзгорони ноҳия ва меҳмонон аз манотиқи дигари кишвар баргузор гардид. Маҳфил бо ибтикори ҳукумати ноҳияи Рашт ва вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд. Шоири Халқии Тоҷикистон, файласуф ва публисисти шинохтаи кишвар Назри Яздонӣ, ки мавсуфро хуб мешинохт, муҷрии ин ҳамоиши хеле зебо ва хотирмон буд.

2_hotam_65656565.jpg

Устод Назри Яздонӣ дар оғози маҳфил сухане чанд дар васфи омӯзгор ва муаллим иброз дошт. Азҷумла изҳор кард, ки рушду нумӯи ҳар як кишвар аз чӣ гуна ба роҳ мондани тарбияи насли навраси он, тараққиву инкишофи маорифу мактаби он вобастагии сахт дорад. Дар кишвари мо ба ин масъала дар даврони истиқлол беш аз пеш аҳамият медиҳанд. Таҷлил гардидани бузургдошти яке аз омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ далели он аст, ки нақши муаллим дар ин раванд муҳим дониста мешавад. Омӯзгор тарбиятгари ояндасозони кишваранд. Омӯзгорон ва муалимон инҳо чароғу қандили маърифатанд. Онҳо роҳи моро, рӯзгори моро равшан мекунанд. Маориф имрӯз дар сарзамини мо, дар раванди сиёсии давлати мо аз равандҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Соҳибҷашн дар замонаш аз ҷумлаи нахустин ва пешқадамтарин омӯзгорони минтақа ба шумор мерафт.

3_hotam_65656565.jpg

Чуноне, ки Раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дар маърӯзаи худ  дар ин маҳфил изҳор дошт, Ҳотами Идии Аскалонӣ соли 1915 дар оилаи заминдори миёнаҳол чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Шашсола будааст, ки падари азизаш зиндагиро падруд гуфтааст. Бори гарони зиндагӣ ба дӯши ин кӯдаки хурдсол меафтад. Бо талоши худ хату савод мебарорад. Дар 16 солагӣ пас аз гузаштани курси саводомӯзи дар зодгоҳаш ба фаъолияти муаллимӣ оғоз мекунад. Донишу малакаи омӯзгории худро соли 1936 дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд такмил кардааст. Донишу қобилияти ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта соли 1936 дар синни 21 солагӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ғарм таъин карда мешавад. Дар соли 1937, ки бо номи «соли тройка» машҳур аст, бо туҳмат аз вазифа барканор шуда ба додгоҳ кашида мешавад. Вале аз он мурофиаи додгоҳӣ бегуноҳ мебарояд. Ҳотами Идӣ давоми умрро ба тарбияи насли навраси води Рашт сарф карда дар зимн аз истеъдод ва ҳунари эҷодкориаш суд бардоштааст. Ҳамин буд, ки бо қарори иҷлосияи Маҷлиси намояндагони ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳаи Аскалон аз 28-уми сентябри соли 2015 ба номи Ҳотам Идиев номгузорӣ гардид. Дар баробари омӯзгорӣ Ҳотами Идӣ ба навиштани осори бадеӣ ва таҳқиқоти низ машғул будааст. Чунончи соли 2013 китоби осори ӯ таҳти унвони «Аз барои ёдгорӣ» нашр гардид, ки дар он шеър, қиссаву ҳикоя ва дигар навиштаҳои муаллиф гирд оварда шудаанд.

4_hotam_65656565.jpg

Раиси ноҳия дар идомаи суханронии худ аз дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия ва минтақа мисолҳои мушаххас овард. Ба гуфтаи Лоиқзода Қаноатшо Холиқ бо кӯмаки ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сол то сол сафи онҳое, ки баъди хатми мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсили худро дар мактабҳои олӣ тибқи квотаи президентӣ идома медиҳанд, хеле меафзояд. Хушбахтона, миёни онҳо нафарҳое, ки дар оянда мехоҳанд соҳиби касби омӯзгорӣ шаванд,аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ хеле зиёд аст, гуфт дар идомаи суханаш раиси ноҳия.

5_hotam_65656565.jpg

Раҳматуллоҳ Мирбобоев, муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ бори дигар ёдовар шуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати имрӯзаи ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи калидӣ эълон шудааст. Чунончи маблағгузорӣ ба ин соҳа сол то сол меафзояд. Агар соли гузашта ба соҳаи маориф 2,9 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, соли оянда он ба 3,2 миллиард расонда мешавад, ки ин 17 дар сади маблағи умумии бюдҷети давлатии соли 2016 ва 5,5 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Таъсис додани Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баёнгари он аст, ки то чи андоза ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин масъала аҳамиятқоил аст. Дар идома Раҳматуллоҳ Мирбобоев табрикоти вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидовро ба ҳозирин дар робита бо зодрӯзи соҳибҷашн қироат кард ва номаро таҳти кафкӯбиҳои бардавом ба раиси ноҳия супорид.

6_hotam_65656565.jpg

Сулаймон Анварӣ, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар оғози суханрониаш иброз дошт, ки ӯ расо 50 сол муқаддам мактаби миёнаи рақами 1 ноҳияи Раштро хатм кардааст. Ӯ ба муаллимонаш Шукруллоҳ Ғиёсов, Муқим Шарифов, Қурбон Шарифов, Абдулхайров ва дигарон аз минбари ин маҳфил изҳори сипосу ташаккур кард. Сипас ин олими маъруфи кишвар аз хусуси чанде аз мақолаҳояш, ки дар бораи соҳибҷашн дар матбуоти даврии кишвар навиштааст, ёдовар шуд. Ӯ азҷумла гуфт, ки Ҳотами Идӣ дар баробари омӯзгори хуб будан худ ба тарбияи фарзандонаш аҳамияти ҷиддӣ медод. Чунончи фарзандаш Муҳтарам Ҳотам, шоир, муҳаққиқи таърихи кишварро ҳангоми дар Донишгоҳи омӯзгории пойтахт таълим гирифтанаш ташвиқ мекард, ки ҳатман баъди хатми Донишгоҳ таҳсилашро дар аспирантура идома бидиҳад. Он солҳо дар ноҳияи Нуробод  ҳамагӣ 5 нафар ва дар ноҳияи Ғарм 62 нафар маълумоти олӣ доштанду халос. Имрӯз дар ин навоҳӣ қариб, ки дар ҳар як хонавода то 5 нафар шахси маълумоти олидор мавҷуд аст. Муҳтарам Ҳотам дар арсаи илми забоншиносӣ ва таърихшиносӣ осоре офаридаанд, ки барои алоқамандони бахшҳои илми забоншносӣ ва таърихшиносӣ ва ҳатто этногрфия яке аз манбаъҳои муҳиманд.

7_hotam_65656565.jpg

Маҳмуд Шодиев, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт бештар дар бораи эҷодиёти Ҳотами Идӣ ҳамчун як адиб суханронӣ кард. Ӯ дар бораи муносибати соҳибҷашн бо шуаро, нависандагон ва олимони давр Гулрухсор, Қутбӣ Киром, Аҳрор Мухтор ва дигарон, мукотибаи байни онҳо, ки дар китоби болотар зикршудаи «Аз барои ёдгорӣ» дарҷ гардидаанд,  ибрози назар кард.

Дар идомаи маҳфил хонандагони мактаби миёнаи ба номи Ҳотами Идӣ аз ашъори ӯ ва фарзанди ӯ Муҳтарами Ҳотам шеърҳои онҳоро бо маҳорати хуб қироат карданд.

8_hotam_65656565.jpg

Сироҷиддин Икромов, Раиси Идораи савдои китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониаш аз ҷумла гуфт, ки Ҳотами Идӣ аз зумраи касоне ҳаст, ки дар қалби онҳо кинаву адоват ҷой надорад, забони онҳо барои озори касе намегардад, бузургхоҳӣ дар эшон дида намешавад, агарчи худ бузурганд, саъй мекунанд то кӯмакашонро аз кассе дареғ надоранд, дар ғаму шодии касон шарик бошанд, манфиати дигаронро аз манфиати худ авлотар медонанд, ҳасти худро барои вазифае, ки вогузорашон шудааст, мебахшанд, аз дидани муваффақияти як нафари дигар шод мешаванду онро бурди худ медонанд ва саъй мекунанд барои ободии диёри хеш саҳим бошанд. Сипас дар идома Сироҷиддин Икромов шеъри ба муаллим бахшидаи худро ба ҳозирин қироат кард.

9_hotam_65656565.jpg

Дар маҳфил овозхонҳои маъруфи кишвар Баҳодур Неъматов, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Дона Баҳромов, Ҳунарманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон, Давлат Ҷӯрабек, Ҳунарманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон, Гулназар ва ғайра таронаҳои бар ашъори соҳибҷашн эҷодкардаи худро пешкаши ҳозири карданд.

10_hotam_65656565.jpg

Дар охир Муҳтарам Ҳотам, фарзанди Ҳотами Идӣ, яке аз шоирон ва нависандагони маъруфи кишвар, сармуҳаррири нашриёти «Адиб» дар суханронии худ аз раҳбарияти ҳукумати ноҳия, вазорати маориф ва ҳозирин изҳори ташаккур кард. Ман аз суханрониҳои шумо дар ин маҳфили бузургдошти падар симои дигари ӯро барои худ кашф кардам. Он чизеро, ки ман дар борааш намедонистам, аз суханҳои шумо дарёфтам, гуфт дар хотима Муҳтарам Ҳотам.

Хабарнигори «Рӯзгор» аз сафар ба ноҳияи Рашт ва ширкат дар ҳамоиш чанд лаҳзаеро аксбардорӣ кардааст, ки аз ин унвонӣ онҳоро дарёфт хоҳед кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi