20:45:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-9

Илоҳо,  эй Муҳаймин (эминкунанда, нигаҳбон)-и акрам, эй муҳтаҷиб (пинҳоншуда)-и муаззам, эй мутаҷалли (ошкоршаванда)-и ба карам, эй қассом (қисматкунанда)-и пеш аз Лавҳу Қалам, бод рӯзе, ки бозраҳам аз заҳмати Ҳаввову Одам, озод шавам аз банди вуҷуду адам, аз дил берун кунам ин ҳасрату надам (пушаймонӣ) ва бо дӯст биосоям як дам.

meneyatori-12457878Илоҳо, эй наздиктар ба мо аз мо, меҳрубонтар ба мо аз мо, навозандаи мо бе мо, ба карами Хеш, на ба сазои мо. Ҳар чӣ кардем, товон бар мо, ҳар чӣ Ту кардӣ, боқӣ бар мо, ҳар чӣ кардӣ, ба ҷойи мо, ба Худ кардӣ, на сазои мо.

Илоҳо, эй ҳуҷҷатро ёд ва унсро ёдгор, Худ ҳозирӣ,  моро ҷустан чӣ кор?

Илоҳо, ҳар касеро умеде ва умеди раҳӣ дидор. Раҳиро бе дидор на ба музд ниёз аст, на ба биҳишт кор.

Илоҳо, эй меҳрубони фарёдрас. Азиз он кас, ки бо Туст як нафас. Эй ёфтаву ёфтанӣ, аз мурид чӣ нишон диҳанд, ҷуз бехештанӣ. Ҳамаи халқро меҳнат аз дурӣ асту муридро аз наздикӣ, ҳамаро ташнагӣ аз ноёфти об асту муридро аз серобӣ.

Илоҳо, ёфта меҷӯям, бо дидавар мегӯям. Чӣ ҷӯям, ки дорам, кӣ бинам? Чӣ гӯям? Шефтаи ин ҷустуҷӯям, гирифтори ин гуфтугӯям.

Байт:

То ҷон дорам, ғами Туро ғамхорам,

Бе ҷон ғами ишқи Ту ба кас наспорам.

Илоҳо, Ту мавҷуди орифонӣ, орзуи дили муштоқонӣ, ёдовари забони маддоҳонӣ; чунат нахонам, ки ниюшанда (шунаванда)-и овози аъёнӣ; чунат наситоям, ки шодкунандаи дили бандагонӣ, чунат надонам, ки зайн (зеб)-и ҷаҳонӣ; чунат дӯст надорам, ки айши ҷонӣ.

Рубоӣ:

Ё Раб, зи шароби ишқ сармастам кун,

Дар ишқи Худат нест куну ҳастам кун.

Аз ҳар чӣ зи ишқи Худ тиҳидастам кун,

Якбора ба банди ишқ побастам кун.

Илоҳо, то бандаро хондӣ, банда дар миёни мардум танҳост ва то гуфтӣ, биё, ҳафт андоми ӯ шунавост. Аз одам чӣ ояд, қадри ӯ пайдост. Киса тиҳиву бодпаймост. Ин кор пеш аз Одаму Ҳаввост ва ато беш аз хавфу раҷост, аммо одамӣ ба сабаби дидан мубталост. Баноз касест, ки аз сабаби дидан раҳост ва бо худ ба ҷафост.

Рубоӣ:

Эй дӯст, ба ҷумлагӣ туро гаштам ман,

Ҳаққо, ки дар ин сухан на зарқ асту на фан.

Гар ту зи худии худ бурун ҷастӣ пок,

Шояд, санамо, ба ҷойи ту ҳастам ман.

Илоҳо, агар касе Туро ба талаб ёфт, ман худ талаб аз Ту ёфтам, агар касе Туро ба ҷустан ёфт, ман ба гурехтан ёфтам. Худовандо, чун вуҷуди Ту пеш аз талаб ва толиб аст, толиб аз он ҷиҳат дар талаб аст, ки беқарорӣ бар ӯ ғолиб аст. Аҷаб он аст, ки ёфт нақд шуд ва талаб барнахост, ҳақ дидавар шуд ва пардаи иззат баҷост.

Илоҳо, чӣ шавад, ки диламро бикушоӣ ва аз Худ марҳаме бар ҷонам ниҳӣ. Ман суд чун ҷӯям, ки ду дастам аз моя тиҳӣ. Нигар, ки ба фазли Худ афканӣ маро дар рӯзи беҳӣ.

Илоҳо, насиме аз боғи дӯстӣ дамид, дилро фидо кардем. Бӯе аз хазинаи дӯстӣ ёфтем, ба подшоҳӣ бар сари олам нидо кардем. Барқе аз машриқи ҳақиқат тофт, обу гил кам ангоштем.

Илоҳо, ҳар шодие, ки бе Ту аст, андуҳ аст. Ҳар манзиле, ки на дар роҳи Ту аст, зиндон аст. Ҳар дил, ки на дар талаби Туст, вайрон аст. Як нафас бо Ту ба ду гетӣ арзон аст. Як дидор аз Ту ба ҳазор ҷон ройгон аст.

Байт:

То дилам фитнаи ҷамоли ту шуд,

Бандаи ҳусни Зулҷалоли Ту шуд.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi