21:25:55 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-6

Илоҳо, эй бинандаи намозҳо, эй пазирандаи ниёзҳо, эй донандаи розҳо ва эй шунавандаи овозҳо, эй мутталеъ бар ҳақоиқ ва эй меҳрубон бар халоиқ, узрҳои мо бипазир, ки Ту ғанӣ ва мо фақир.

munojotnoma-6589651245Айбҳои мо магир, ки Ту қавӣ ва мо ҳақир. Агар бигирӣ бар мо, ҳуҷҷат надорем; ва агар бисӯзӣ, тоқат надорем. Аз банда хато ояду зиллат ва аз Ту ато ояду раҳмат.

Илоҳо, ба ҳаққи он, ки Туро ҳеҷ ҳоҷат нест, раҳмат кун бар он, ки ӯро ҳеҷ ҳуҷҷат.

Илоҳо, дар дили мо ҷуз тухми муҳаббат макор ва бар ин ҷонҳо ҷуз алтофу  марҳамат  мадор ва бар ин киштҳо ҷуз борони раҳмат мабор.

Илоҳо, Ту бар раҳмати Худ ва ман бар ҳоҷати хеш, Ту тавонгариву ман дарвеш.

Рубоӣ:

Ё Раб, зи карам ба ҳоли ман раҳмат кун,

Бар ин дили нотавони ман раҳмат кун.

Дар синаи дардманди ман раҳмат неҳ,

Бар дидаи ашкбори ман раҳмат кун.

Илоҳо, бар ҳар кӣ доғи муҳаббати Худ ниҳодӣ, хирмани вуҷудашро ба боди нестӣ дар додӣ.

Илоҳо, ҳамаи оташи муҳаббати Ту сард аст ва ҳамаи неъматҳо бе лутфи Ту дард аст.

Илоҳо, мухлисон бар муҳаббати Ту менозанд ва ошиқон ба сӯйи Ту метозанд. Кори эшон Ту бисоз, ки дигарон насозанд. Эшонро  Ту навоз, ки дигарон нанавозанд.

Илоҳо, муҳаббати Ту гуле аст ва бало хори он; он кадом дил аст, ки нест гирифтори он.

Илоҳо, аз ҳар ду ҷаҳон муҳаббати Ту гузидам ва ҷомаи бало буридам ва ва пардаи офият даридам.

Рубоӣ:

Ё Раб, зи шароби ишқ сармастам кун,

Дар ишқи Худат нест куну ҳастам кун.

Аз ҳар чӣ зи ишқи Худ тиҳидастам кун,

Якбора ба банди ишқ побастам кун.

Илоҳо, чун дар Ту нигарам, аз ҷумлаи тоҷдоронаму тоҷ бар сар; ва чун дар худ нигарам, аз ҷумлаи хоксоронаму хок бар сар.

Ansari 856545485Илоҳо, маро дил ба баҳри Ту даркор аст, в-агарна маро бо дил чӣ кор аст? Охир чароғи мурдаро чӣ миқдор аст?

Илоҳо, агар мастам ва агар девонам, аз муқимони ин остонаам, ошноӣ бо Худ деҳ, ки аз коинот бегонаам.

Илоҳо, то бо Ту ошно шудам, аз халқ ҷудо шудам, дар ду ҷаҳон шайдо шудам, ниҳон будам ва пайдо шудам.

Рубоӣ:

Не аз Ту ҳаёти ҷовидон мехоҳам,

Не айшу танаъуми ҷаҳон мехоҳам.

Не коми дилу роҳати ҷон мехоҳам,

Ҳар чиз ризои Туст, он мехаҳам.

Илоҳо, дар сар хумори Ту дорем, дар дил асрори Ту дорем ва ба забон ашъори Ту дорем. Агар гӯем, санои Ту гӯем ва агар ҷӯем, ризои Ту ҷӯем.

Илоҳо, бар аҷзи худ огоҳам ва бар бечорагии худ гувоҳам хост хости Ту аст, ман чӣ хоҳам?

Рубоӣ:

Гар дард диҳад ба мову гар роҳат дӯст,

Аз дӯст ҳар он чиз, ки ояд накӯст.

Моро набошад назар ба хубиву бадӣ,

Мақсуд ризои Ӯву хушнудии  Ӯст.

Илоҳо, ба рӯзгор омадам бандавор, бо лаби пуртавбаву забони пуристиғфор. Хоҳӣ ба карам азиз дор, хоҳӣ хор, ки хиҷиламу шармсор. Ту Худовандиву соҳиби ихтиёр.

Илоҳо, агар хомам, пухтаам кун ва агар пухтаам, сӯхтаам кун.

Илоҳо, аз куштаи Ту хун наояд ва аз сӯхтаи Ту дуд. Куштаи Ту ба куштан шод аст ва сӯхтаи Ту  ба сӯхтан хушнуд.

Рубоӣ:

Пайваста дилам дам аз ризои Ту занад,

Ҷон дар тани ман нафас барои Ту занад.

Гар бар сари хоки ман гиёҳе рӯяд,

Аз ҳар барге бӯйи вафои Ту занад.

Илоҳо, бар ҳурмати зоте, ки Ту онӣ, ба ҳурмати сифоте, ки чунонӣ ва ба ҳурмати номе, ки Ту донӣ, ба фарёд рас, ки метавонӣ.

Илоҳо, макуш ин чароғи афрӯхтаро ва масӯз ин дили сӯхтаро ва мадар ин пардаи дӯхтаро ва  марон ин бандаи навомӯхтаро.

Илоҳо, агар тан муҷрим аст, дил мутеъ аст ва агар банда бадкор аст, карами  Ту шафеъ аст.

Рубоӣ:

Бодо карами Ту бар ҳама  поянда,

Эҳсони Ту сӯйи бандагон оянда.

Бар бандаи Худ гуноҳро сахт магир,

Эй Довари Бахшандаи Бахшоянда.

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi