04:35:55 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-3

(давомаш)

3.munojotnoma-854785Илоҳо, рӯзгоре Туро меҷустам, худро меёфтам, акнун худро меҷӯяму Туро меёбам.

Илоҳо, то аз меҳри Ту асар омад, дигар меҳри мо ба сар омад.

Илоҳо, эй меҳрубони фарёдрас, азиз он кас, ки бо ӯ як нафас; нафасе, ки онро ҳиҷоб н-ояд аз пас.

Илоҳо, гаҳе ба худ нигарам, гӯям: «аз ман зортар кист»? Гаҳе ба Ту нигарам, гӯям: «аз ман бузургвортар кист»?

Илоҳо, эй сазои карам, эй навозандаи олам, на бо васли Ту андӯҳ асту на бо ёди Ту ғам.

Илоҳо, адои шукри Туро ҳеҷ забон нест ва дарёи фазли Туро ҳеҷ карон нест ва сирри ҳақиқати Ту бар ҳеҷ кас аён нест, ҳидоят кун бар мо роҳе, ки беҳтар аз он нест.

Рубоӣ:

Ё Раб, зи раҳи рост нишоне хоҳам,

Аз  бодаи обу хок ҷоне хоҳам.

Аз  неъмати Худ чу баҳрамандам кардӣ,

Дар  шукургузорият забоне хоҳам.

Илоҳо, мо аз ғофилонем, на аз кофиронем; нигоҳ дор, то парешон нашавем ва дар роҳ ор, то саргардон нашавем.

Илоҳо, писандидагон  Туро ба Ту ҷустанд ва пайвастанд, нописандидагон Туро ба худ ҷустанд ва бигусехтанд. На ӯ, ки пайваст, ба шукр расид, на ӯ, ки гусаст, ба узр расид.

Илоҳо, ин ҳама навозиш аз Т у баҳраи мост,  ки дар ҳар нафас  чандин сӯз ва нур ғояти Ту пайдост. Чун Ту мавлоӣ  кирост? Ва Чун Ту дӯст куҷост?

Илоҳо, худ кардам ва худ харидам, оташ бар худ худ афрӯзонидам, аз дӯстӣ овоз додам, дилу ҷонро фаро ноз додам, акнун, ки дар ғарқобам, дастам гир, ки гарм афтодам.

Рубоӣ:

Ҳар  рӯз ман аз рӯзи пасин ёд кунам,

Бар дарди гунаҳ ҳазор фарёд кунам.

Аз  тарси гуноҳи худ шавам ғамгин боз,

Аз  раҳмати Ӯ хотири худ шод кунам.

Илоҳо, чӣ ёд кунам, ки худ ҳама ёдам, ман хирмани нишони худ фаро бод додам. Ёд кардан касб аст ва фаромӯш накардан зиндагонӣ, варои ду гетӣ ва касб аст, чунонки донӣ.

Илоҳо, чанде ба касби Ту ёд варзидам, боз  якчанде ба ёди худ Туро нозидам; акнун, ки ёд бишнохтам, хомӯш гардидам. Чун ман кист, ки ин мартабатро бисазидам? Фарёд аз ёди баандоза ва дидори баҳангом ва аз ошноии банишон ва дӯстии бапайғом.

Илоҳо, кор он кас кунад, ки тавонад, ато он кас кунад, ки дорад, пас банда чӣ тавонад ва чӣ дорад?

Илоҳо, Ту дӯхтӣ, ман дарпӯшидам ва он чӣ дар ҷом рехтӣ, нӯшидам; ҳеҷ наёмад аз он чӣ кӯшидам.

Илоҳо, чун Ту тавоноӣ, киро тавон аст, дар санои Ту киро забон аст ва бе меҳри Ту киро сару ҷон аст?

Илоҳо, ба шинохти Ту зиндагонем, ба нусрати Ту шодонем, ба каромати Ту нозонем ва ба иззати Ту азизонем.

Илоҳо, мо ба Ту зиндаем, ҳаргиз кай мирем, мо, ки ба Ту шодмонем, кай андӯҳгин шавем, мо, ки ба Ту нозонем чун бе Ту ба сар оем, мо, ки ба Ту азизем, ҳаргиз чун залил шавем?

Илоҳо, чӣ  ғам дорад, он ки Туро дорад ва киро шояд, ки Туро наситояд. Озод он нафас, ки бо ёди ту ёзон ва обод он дил, ки ба меҳри Ту нозон ва шод он кас, ки бо Ту дар паймон аст.

Рубоӣ:

Моро сару савдои каси дигар нест,

Дар ишқи Ту парвои каси дигар нест.

Ҷуз Ту дигаре ҷой нагирад дар дил,

Дил ҷойи Ту шуд, ҷойи каси дигар нест.

Давом дорад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi