07:34:34 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Намунаҳо аз ашъори Соима Саидова

Дил ба дидорат гирифторам, Худо

soima-saidova-556556Дил ба дидорат гирифторам , Худо

Ғайри ту дигар кй ҳам дорам, Худо?

Холиқу Раззоқи рӯзиам Туйӣ,

Бар дари нокас набигзорам, Худо.

Аз Ту ҳар пешомади пешонаро,

Ин қадар ҳам дӯст медорам, Худо.

Ишқ фармудӣ, кунун девонаам,

Бар салимақлон намефорам, Худо

То қиёмат тоқатам тоқ аст, тоқ.

Нури Худ бинмой як борам, Худо

Ғуссаву озорҳои ишқро,

Аз дукони ғам харидорам, Худо.

Ҳарфи танҳоиву ман бегонаем,

Эй ҳамеша ҳамдаму ёрам Худо.

Ҷилваҳои ҷамоли Аллоҳ

Ақл дар баҳри ҳастӣ саббоҳ аст,

Ҷисми мо ҳам камини арвоҳ аст.

Ҳусни сабзи баҳори зинданафас

Ҷилваҳои ҷамоли Аллоҳ аст

Неъмати беш нест эътибори вуҷуд,

Ҳар кӣ шукрона оварад шоҳ аст.

Гушнаи орзуяму ба назар,

Кулчақанди панирии моҳ аст.

Нашикан қоматат зи санги ғурур,

Сарбаландии гандум аз коҳ аст.

Худшиносӣ - Худошиносии мост,

Вой бар ҳоли ҷони гумроҳ аст.

Духтар намоз мехонд

 «Ҳолате хуштар аз он надидам, ки муслимае сар ба саҷда ниҳода буд». (А.С. Пушкин)

namozkhon 45784512Гул дарси ноз мехонд.

Маънӣ маҷоз мехонд.

Аз ҳар лиҳоз мехонд.

Субҳе, ки роз мехонд,

Духтар намоз мехонд.

Як субҳи покзода,

Нурии хокзода,

Дасташ ба бар ниҳода,

Ӯ бе авоз мехонд,

Духтар намоз мехонд.

Ин ҷинси хушсиришта,

Дар сираташ фаришта,

Бар ҷонамоз шишта,

Хушрӯю соз мехонд,

Духтар намоз мехонд.

Қалбаш паймбари ишқ.

Рӯяш мунаввари ишқ,

Рӯ сӯи раҳбари ишқ,

Бо дасти боз мехонд,

Духтар намоз мехонд.

Шукрона аз наҳораш,

Аз баҳри эътибораш,

Бар Офаридгораш,

Ҳарфи ниёз мехонд,

Духтар намоз мехонд.

Аз нафс раҳо гардад дил, ёри Худованд аст

Аз нафс раҳо гардад дил, ёри Худованд аст,

Овози тапиданҳо-ш такрори Худованд аст.

З-ин дард раҳойӣ нест, фармони ҷудойи нест.

Ин ошиқи побаста бемори Худованд аст.

Номи Ту ба лаб дорам, меҳри Ту талаб дорам,

Озори дили муъмин - озори Худованд аст.

Эй чунучаробозе, асрори ҷаҳон розе,

Дониста чй месозй? Ин кори Худованд аст.

Бар нек накӯ рафтор, бадро ба Худо биспор,

Ғамхор Худованд аст, Ҷаббор Худованд аст.

Ман руҳи табу тобам, дар ҷисми Шифо хобам.

Ҳамроз намеёбам, дил зори Худованд аст.

Роз рози пинҳонӣ, Ишқ ишқи Раббонӣ

Роз рози пинҳонӣ, Ишқ ишқи Раббонӣ,

Беҳтарин улум аст ин аз дуруди кайҳонӣ.

Нолаю шабехун шав, хешро кану хун шав.

Аз ҳудуд берун шав, қалб қалби зиндонӣ.

Эй баҳори як пушта. лолаат хуноғӯшта,

Ман баҳори дил кушта, доғи мост яксонӣ.

Чун сиришки озорам, то ҳанӯз меборам,

Ин дили гунаҳкорам манбаи пушаймонӣ

Тухми ишқ мекорам, оби ашк медорам,

Ин нумуи бисёрам з-офтоби Раҳмонӣ.

Пеши ту ба зонуям, як нигоҳ кун сӯям,

Дигар аз чй ҳам гӯям? Беҳ зи ман ту медонӣ.

Девона шав аз ишқи Ӯ

Девона шав аз ишқи Ӯ, соҳибфаросат мекунад,

Бо як назар аз зумраи ашхоси хосат мекунад.

Бинотарини ҳоли дил, пинҳон намонад фоли дил.

Биншаста рӯйи тахти нур мижгон сиёсат мекунад.

Хоҳӣ бубинӣ рӯи Ӯ, хуррам шави аз буйи Ӯ,

Пешона бар хокаш гузор,  дил дар тамосат мекунад.

Бигзаштаӣ, нагзаштаӣ, даҳр имтиҳон асту халос.

Хоҳӣ-нахоҳӣ меравӣ, кай илтимосат мекунад?

Мепурс баҳри ҷустуҷӯ, ту кистиву кист Ӯ?

Оинаро, ки рӯ ба рӯ акс инъикосат мекунад.

Имон баҳори обрӯ, тақво гулистони нумӯ,

Шукри каромоташ бигӯ, ғарқи нафосат мекунад.

Бо дил бупайванд эй Шифо, в-аз орзуи тан раҳо,

Не хок, не кирми лаҳад, арзи сипосат мекунад.

Гуфтӣ биё. ман омадам, эй ошно, салом

Гуфтӣ биё. ман омадам, эй ошно, салом.

Арзандаи паёму дуруду дуо, салом

Ман омадам.ки ҳарду зи як дил садо кунем,

Ё Раббал-оламин, ё Ҳақ, ё Салом

Гум шуд ҳисоби сиву се, сар чарх зад зи ишқ.

Бо рози дил барои Ту милионхо салом.

Дарёфтам.ки кистам, як зарра устам,

Аз интиҳо раҳо шудам, бар ибтидо салом.

Ман ҷони худ фурӯхта. дарди ту мехарам.

Бар дарддода гӯй зи номи Шифо салом.

Нигори ман ба тамошои боғ меояд

Нигори ман ба тамошои боғ меояд.

Барои лолаи дилҳои доғ меояд.

Баҳори ҳусни дуо аз дуруди Раҳмонист.

Ба ёди накҳати Ёсин димоғ меояд.

Вуҷуд масту хумории оби раҳмати Ҳақ,

Ки бо баҳонаи бода аёғ меояд.

Ба ҷуз Худо зи касе бахти хушбаҳор мапурс.

Ки ҷои булбули шӯрида зоғ меояд.

Агар зи сӯзи фироқаш тамом даргирам.

Ба торхонаи дунё чароғ меояд.

Даруни дарди муҳаббат нуҳуфт гӯедаш,

Бар он касе, ки Шифоро сурог меояд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi