11:39:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Наврӯзро бузургони ислом ҷашн гирифтаанд

Вақтҳои ахир дар кишвари мо бархе аз уламои дин, махсусан аз ҷумлаи он ҷавонҳое, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсили динӣ кардаанд, таҷлили ҷашни Наврӯзро муғойир бо талаботи дини мубини Ислом медонанд ва ҳатто таблиғ мекунанд, ки аз таҷлили он ҷилавгирӣ ба амал ояд.

ustod nuri 12458989Вале дар ҳамин ҳол насли калонсоли бошандагони Ватани азизамон шоҳиди он буданд, ки маъруфтарин уламои дин чанд сол қабл дар баробари аҳли зиёи кишвар аз ҷумлаи мубаллиғини ҷашнгирии  ин Иди қадимаи ниёгон будаанд. Мо дар ин ҷо  мухтасари паёми наврӯзии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ раиси Комиссияи Оштии Миллӣ, яке аз олимони маъруфи дини мубини исломро, ки  ба мардуми  шарифи Тоҷикистон дар Наврӯзи соли 2000-ум ирсол карда буд, меорем.

"Биисмикааллоҳума.

Ё муқаллибал қулуби валабсор ва ё мудаббирал лайли ваннаҳор ва ё муҳаввилал ҳавли вал аҳвол, ҳавил ҳолано ило аҳсанил ҳол.

Эй Худои гардонандаи чашму дилҳо,

Ва эй Худои тадбиркунандаи шабу рӯзҳо,

Ва эй Худои чархонандаи сол ва ҳолҳо,

Бичархон ҳоли моро ба сӯи беҳтарин ҳолҳо…

Мусалмонони тоҷик дар гузашта мунтазири дақоиқи интиҳоии соли кӯҳна ва фарорасии соли нав шуда, ҳамзамон бо ҳулули соли нав ин дуоро мехонданд. Воқеан, ҳар касе, ки дар он дақоиқ бо дили пок, бадани пок ва хулуси ният ин дуоро бихонад, Худованд дар тамоми умури зиндагиаш ӯро муваффақ гардонида, ҳамеша корҳояш хуб мешаванд…

Наврӯз, дар ҳақиқат дар Ислом ҷойгоҳи хоса надорад. Ин дар асл иди форсизабонон аст, ки аз номаш низ маълум аст. Наврӯз - рӯзи нав аз соли нав. Воқеан агар мо аз ҳодисаҳои таърихӣ сарфи назар кунем, рӯзеро, ки тоҷикон ҷашн мегиранд, дар ҳақиқат, аз ҳама ҷиҳат ба рӯзи нав ва соли нав дуруст меояд. Зеро ҳама чиз дар табиат нав мешавад, сабзаи нав, барги нав, ҳашарот, ҳайвонот аз нав ба зиндагӣ шуруъ мекунанд ва дар давоми фаслҳои сол рушд мекунанд, мепазанд, мерасанд ва оҳиста - оҳиста кӯҳна мешаванд. Яъне исм бо маъно мувофиқат мекунад.

Аммо дар дигар солшумориҳо исм бо маъно ва воқеият баробар намеояд. Агарчи Наврӯз иди исломӣ нест, вале бузургони Ислом ба он рангу бӯи исломӣ дода, онро истиқбол кардаанд ва ҷашн гирифтаанд. Ниёгони мо низ бо он, ки шахсиятҳои бузурги исломӣ буданд, дар эҷодиёти худ аз он ба некӣ ёд кардаанд. Ва онро ҳамчун иди миллӣ шинохта бо мардум якҷоя дар он рӯзҳо хурсандӣ намудаанд.

Ҳатто уламои исломӣ аз Қуръони Карим ҳафт саломро гирифта дар коғазе менавиштанд ва аз Худованди Таборак ва Таъоло саломатӣ мехостанд. Ва онро чун тумор дар хона ё ашхос бо худ нигоҳ медоштанд.    

Суфраи "Ҳафтсин", ки ба ин муносибат андохта мешавад ва дар он ҳафт навъ ашёе, ки ба зиндагии иқтисодии инсон тааллуҳ дорад ва ба ҳарфи син сар мешавад, ҷамъ оварда мешавад. Аз як тараф ин як фазои идонаро эҷод мекунад ва аз тарафи дигар рамзи сарсабзии ҳаёт ва серию пурӣ дар соли ҷадид мебошад.

Мардум ва махсусан, кишорварзон, пул ҷамъ карда ба сари киштзор ва боғу токзорҳои худ рафта маърака меороянд ва навъҳои гуногуни хӯрок мепазанд ва ҷашнҳои гуногун меороянд. Ва аз ҳама муҳимаш он, ки ҳатман домуллоеро даъват намуда барои пурбаракат ва ҳамчунин барои тинҷӣ ва оромии мамлакаташон дуо мекунад.

Дар воқеъ, фурсати муносибест барои дуо. Ва худи дуо оини муносибест дар ин фурсат. Зеро бе лутфи Худои Таъоло донае аз хок неш намезанад ва шохи дарахте баргу гул намекунад. Ин Худованди бахшанда ва меҳрубон аст, ки шароити муносиб барои нашъунамои зироату дигар маҳсулот муҳайё месозад. Агар, Ӯ Таъоло, бихоҳад, ки биборад, он чунон меборад, ки ҳама зери об мемонад. Ва ҳеҷ касе, ҳеҷ қуввае наметавонад онро пешгирӣ намояд.

Ва агар бихоҳад, ки наборад ҳама аз хушксолӣ нобуд мешаванд ва касе натавонад, ки бориши кофӣ барои курраи замин муҳаё созад. Пас банда оҷиз аст, ҳатто агарчи монанди Япония пешрафта ва монанди Амрико қудратманд бошад. Барои пайдо шудани абр ва интиқоли оби ширин ба ҷойҳои мухталиф ва захираи он абр дар қуллаи кӯҳҳо кори зиёде анҷомдода мешавад, то мояи ҳаёти рӯи замин ба вуҷуд ояд. Яъне Худованд тамоми афлокро ба кор меандозад, то махлуқоташ рушд ва нумӯ кунанд.

Абру боду моҳу хуршед фалак даркоранд,

То ту нони ба каф орию ба ғафлат махӯрӣ.

Ҳама аз баҳри ту саргаштаю фармонбардор,

Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

Воқеан бе инсофист, ки дар баробари он лутфе, ки Офаридгор ба мо мекунад, мо фармони ӯро иҷро накунем. Ин идро ҳамчунин иди миллӣ, иди сари сол, иди деҳқон ва иди кишоварз таллаққӣ кунанд, умед аст ҳеҷ гуна ба эмони банда зараре нахоҳад расид.

Зеро Ҳазрати Расул (с) идҳои миллиро муҷоз медонист. Як ривояте ба ёдам ҳаст, ки рӯзе Ҳазрати Абӯбакр (р) ба дидори духтари хеш Оиша (р) ба хонаи Расули Акрам (с) рафта буданд.Чун вориди ҳавлӣ шуд, дид, ки як села духтаракон ҳамроҳ бо Ҳазрати Оиша (р) доира мезананд, сурудхонӣ ва хурсандӣ мекунанд. Ҳазрати Абӯбакр (р) онҳоро манъ кард. Ҳазрати Расуллулоҳ (с) хоб буданд, сар аз зери ридо берун карда фармуданд: "Эй Абӯбакр, бигзор хурсандӣ кунанд, имрӯз рӯзи иди миллии ҳамин қавм аст".

Ҳамватанони азиз! Ман ҳам бо пайравӣ аз сарвари коинот (с) ҳамаи шуморо ба муносибати ин иди миллӣ, иди баҳор, иди файзу баракат, иди сулҳу ваҳдат табрик намуда, дуо мекунам, ҳамеша зиндагиатон чун баҳорон зебову пурбор ва дар дунё ва охират Худо ёратон бошад.

Аллоҳума ҳоввил аҳволано ило аҳсанил ҳол.

Наврӯзи Шодӣ, барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi