12:08:25 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Дар Театри ҷавонон ҳама хӯҷаин"

Номаи бидуни таҳрир

Мо, Нозимов Раҳмиддин ва Комилов Бунёд хатмкунандагони шуъбаи актёрии Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода мебошем. Чи қадар мехостем ҳунарманди театр шавем. 5-сол бо хурсандӣ Донишкадаро хонда ба итмом расондем. Аҳли оила ва ҳама хешу таборҳоямон хурсанд буданд, ки мо соҳиби маълумоти олӣ, соҳиби касбу кори дӯстдоштаи худ мегардем. Вале имрӯз афсӯс мехурем, ки 5-соли умрамон барбод рафт.

teatri-javonon-010201Он вақт намедонистем, ки ҳунармандон, актёрҳои асил чи дарду азобе доранд! Хулоса тули чанд солу моҳ дар Театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов кор кардем. Вале аз сабаби вазъияти ноҷӯри театр ва маоши кам, баъди хонадор шудан ва ё вазнинии шароити зиндагӣ маҷбур кишвари Русия ба муҳоҷират рафтем.

Баъди як сол мехостем ба ҷои кори аввалаамон баргардем. Аммо дар театр ҳама чиз дигаргун шуда буд. Театр ба ном Театри ҷавонон аст, чунки дар он ҳамагӣ 7-8 ҷавони ҳунарманд кор мекунанду бас. Дигар ҳамаи ҳунарпешаҳо сини боло ё нафақахуранд. Мо зид нестем, чанде баъд насиб бошад мо ҳам пир мешавем, аммо модоме, ки Театри ҷавонон ном дорад, пас чаро аксари гурӯҳро ҷавонон ташкил накунанд? Агар мо ҷавонон дар Театри ҷавонон кор наёбем, пас куҷо равем...?! Ҷавононро ки бояд бо ҷои кор таъмин кунад? Баъди хатми донишкада бо чи азобе чанд нафари мо дар театр соҳиби кор шудем.

Дере нагузашта як - як бо ҳар баҳонае моро аз кор пеш мекарданд. Баъзеи мо дар 80% намоишҳои театр банд будем ва аз ҳама муҳимаш нав роҳи корро ёд гирифта будем. Мо 4 моҳ аст паси дари идораи директори театр ростем, ки моро ба кор қабул кунад. Аммо баҳонаи директор тайёр - ҷойи холӣ надорем, штати корӣ нест...! Пас чаро дар Театри ҷавонон мо ҷавонҳо бояд бе ҷою бекор монем...?! Охир мо 5-сол барои дар театр кор кардан хондем! Ҳоли он ҷавонҳое, ки ҳар сол шуъбаи ҳунарпешаи театрии Донишкадаро хатм мекунанд чӣ мешавад...? Ки ба тақдири талхи мову онҳо ҷавобгар аст...?! Ҳоло бошад дар ин театр ҳама хӯҷаин. 

Вале "хӯҷаин" вазифаи кориашро намедонад. Намедонад дар театр бо кадом услуб кор кунад! Кош фарқи байни ҷавони боистеъдод ва ғайри истеъдодро мерафт! Дар Театри ҷавонон аз рӯи штати корӣ 33 нафар ҳунарманд мебошанд. Вале як назар кунед, чанд нафари онҳо ҷавон ҳастанд! Баъзе ҳунармандонро фақат дар як ҳафта як бор, рӯзи сешанбе ки ҷамъомади коллектив мебошад дар театр мебинӣ! Баъди ин муносибат менолем, ки мардум ба театр намеоянд?!

Аз барои Худо инсоф кунед, баъзеашон мо ҷавононро чашми дидан надоранд. Пас чаро номи театрро  "Ҷавонон" гузоштанд? Чаро мо чанд нафар ҷавонон тӯли чанд моҳ мешавад, ки барои кор ба директори театр муроҷиат мекунем, ва муроҷиати мо бе натиҷа мемонад? Бадбахтона, намедонем сабаб дар чист? Саргардонию бекорӣ ба диламон зад. Ҳоло мо маҷбурем боз ба ғуломӣ ба кишвари Русия баргардем. Ҳайфи 5-соли хондаамон...! Намедонем роҳбари театр аз мо чӣ мехоста бошад. Мо ҷавонон, ки ояндаи миллат, ободкунандаю созандаи баъдии ин сарзаминем, пас чи кор бояд кунем...?!

Кӣ ба мо ҷавоб мегӯяд...?!!!

Аз редаксияи азиз хоҳиш мекунем ин муроҷиати моро чоп кунед. Шояд касе ба доди мо мерасад....!!!

Бо эҳтиром Нозимов Раҳмиддин, Комилов Бунёд собиқ ҳунарпешаи Театри ҷавонон.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi