06:08:46 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Маҷид Салим: «Баъзе рафтори ҷонварон барои инсонҳо бояд намунаи ибрат бошад»

Маҷид Салим соли 1960-ум таваллуд шуда, соли 1987 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва баъдтар факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи устод Айниро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатияшро дар рӯзномаи «Зафар»-и ноҳияи собиқ Москва, ҳоло Ҳамадонӣ оғоз карда, баъдан дар боғи ҳайвоноти Душанбе, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва чун мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. То имрӯз китобҳои Маҷид Салим «Гурги похӯрда», «Зоғеву доғе», «Панҷаи ҳасрат», «Чӯҷаи кабк», «Уқоб ва лошахӯр», “Мурғи даштӣ”, “Алибоҷ” ба дасти хонанда расидаанд. Маҷид Салим аз оғози фаъолият то имрӯз дар мавриди пайвастагии табиат бо инсон ва олами вуҳуш менависад. Маҷид Салим барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ ва дорандаи унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” аст.

1 majid-salim 485555-Шумо аз зумраи камшумортарин нависандагони мо ҳастед, ки аз оғоз то имрӯз комилан дар мавзуҳое аз олами вуҳуш ё худ умуман табиати атроф менависед. Чӣ чиз Шуморо ба дунёи ҳайвонот ин қадар ҷалб карда?

-Адабиёти тоҷик бисёр адабиёти бузург аст ва ман гумон мекунам, ки дар ин адабиёт чизи хуб ё мондагор навиштан бисёр душвор аст. Ман ҳар дафъае, ки барои навиштан қалам ба даст мегирам, аввал хеле дар ин бобат фикр мекунам, ки оё чизи менавиштаи ман барои адабиёт лозим ҳаст ё не. Аммо ба ҳар сурат ман шеъри аввалини худро дар даврони мактабхонӣ, вақте синфи сеюм мехондам, навишта будам, ки оғозаш ин тавр буд:

Кабки хушгуфтори ман,

Мурғи беозори ман...

Ман аз хурдӣ ба олами ҳайвонот таваҷҷуҳ доштам, ин оламро дӯст медоштам. Ҳамеша рафторҳои ҳайвонотро мушоҳида мекардам. Аз ин рӯ аз даврони мактабхонӣ орзу доштам, ки дар факултаи биологияи ягон донишгоҳ таҳсиламро идома диҳам. Аммо падари муаллимам маҷбур карданд, ки баъди таҳсил ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи Кӯлоб супорам. Ман сухани падарамро ду накардам, аммо завқи омӯхтани олами ҳайвонот ҳамон дар қалбам ҷӯш мезад. Баъд хамин завқ маро овард ба факултаи биологияи донишгоҳи омӯзгорӣ. Ба андешаи банда инсон бояд фаромӯш накунад, ки дар табиат худаш танҳо нест. Ман олами вуҳушро дӯст медорам, шояд ҳамин муҳаббат аст, ки маро маҷбур мекунад, ҳамеша дар бораи ҳайвоноту паррандаҳо нависам.

-Шумо аввалан факултаи суханшиносиро дар Кӯлоб, баъдан факултаи биологияро дар Донишгоҳи омӯзгорӣ хатм кардед. Шуморо меҳри адабиёт ва дар бораи тайру ваҳш навиштан ба ин факулта овард ё мехостед ҳамту ҳайвоншинос ё худ биолог бошед?

-На, ман танҳо барои навиштан аз ҳаёти вуҳуш ба факултаи биология шомил шудам. Завқи ман ҳам аз хурдӣ ба табиат ҳамчун эҷодкор буд. Зеро мехостам, масалан дар бораи кабки худам, ки мо дар хурдӣ дар хона доштем, рафтору хислат ва зиндагии он чизи ҷолибе нависам. Аммо хуб медонистам, ки барои дар мавзӯе асари бадеӣ навиштан бояд он мавзуъро хуб донӣ, ба жарфои он фурӯ рафта бошӣ. Баъди хатми факултаи биология ҳам чанд муддат дар боғи вуҳуши Душанбе кор кардам.

Ин ҳам танҳо ба он хотир буд, ки бештару беҳтар ба олами ҳайвонот ворид шуда бошам. Дар дунё бисёранд нависандагоне, ки ҳаёти худро танҳо барои навиштани ҳаёти ҷонварон бахшидаанд амсоли Сетон Томпсон ва Ҷеймс Оливер. Томпсон китобе дорад бо номи «Ҳайвонот дар ҳаёти ман», ки дар олами адаб бисёр машҳур аст. Ҳамчунин нависандагони оламшумуле чун Чингиз Айтматов ва Ҷек Лондон ҳам дар бораи олами ҷонварон асарҳои ҷолиб навиштаанд.

-Шумо аз Ҷек Лондон ёд овардед. Ин нависандаи бузург дар бисёр новеллаҳояш ҳайвонҳоро аз бархе инсонҳо афзалтар медонад. Дар осори Маҷид Салим ҳам ҷойе шуда, ки як ҳайвон барои инсонҳо чун намунаи тарбият нишон дода шавад?

-Ин чиз дар осори аксар адибони бузурги дунё дида мешавад, зеро воқеан баъзе рафтори ҷонварони «беақл» бояд барои инсонҳо намунаи ибрат бошад. Масалан саг ё гург дар адабиёти тамсилии мо ё умуман адабиёти олам хеле зиёд ба чашм мерасад. Аввалин ҳикояи адабиёти муосири тоҷик дар бораи садоқати саг ҳамон «Хайбар»-и устод Айнӣ аст. Ман мегӯям, ки садоқат ва вафодории ҳайвонҳо хеле баланд аст. Масалан, зиндагии делфинҳо дар об хеле шабоҳат дорад ба ҳаёти инсонҳо, ҳатто ишқварзияшон. Боз мегӯям, ки мо инсонҳо ҳам як ҷузъи табиат ҳастем. Ман то ҳастам ин мавзуъро идома медиҳам.

-Барои як хонанда хондани қиссае, ки аз ҳаёти ҳайвонҳо ҳаст, чӣ медиҳад?

-Ба наздикӣ қиссае навиштам бо номи «Хирс». Қаҳрамони ин қисса ҳамон мӯйсафеде ҳаст, ки бо хирсаш дар кӯчаҳои Душанбешаҳр мегашт. Ман дар ин қисса нишон додам, ки чӣ гуна хирс байни мардум рақс мекард, гуштӣ мегирифт, бозӣ мекард, то ба ҳамин васила мӯйсафед қути лоямуте барои гузаронидани рӯзгораш дарёбад. Ҳамчунин муносибати ммйсафеду хирс дар танҳоӣ, ғамхориҳои онҳо нисбати ҳамдигар ба риштаи тасвир омадаанд, ки ҳар хонандаро гумон мекунам ба ваҷд меоварад.

Ҳадафи қисса ҳамин аст, ки бубинед, ҳамон хирс баъди аз ҷангал ба шаҳр омаданаш ҳам рӯзашро аз меҳнати худаш мегузаронид. Яъне агар образнок карда гӯем, дар дини ӯ ҳаром буд муфтхӯр будан. Ман нишон додаам, ки ҳамин хирс бо вуҷуди он ки ҳайвон асту боз дар ҷангал не дар шаҳр ба сар мебарад, дар зиндагӣ талош дорад. Талош дорад, ки зинда монад. Аммо дар байни инсонҳо ҳастанд, нафароне, ки меҳнатро барои худ нанг медонанд, ҳамеша аз пайи он ҳастанд, ки чӣ гуна аз як ҷо луқмаи бедарди миён дарёбанд. Аз ин нигоҳ осоре, ки аз ҳаёти ҳайвонот навишта мешаванд, омӯзандаанд. Баъди хондани онҳо хонанда даст рӯйи каф мегузораду меандешад, ки ҳайвон бо вуҷуди оне ки ақлу забон надорад, ин гуна рафтор мекунад, чаро ман ҳатто аз ӯ поёнтар бошам?

-Аз нигоҳи Шумо чӣ фарқест байни олами ҳайвонот ва олами инсон?

2 majid-salim 485555- Бе ягон шакку шубҳа инсон бузургтар аз кулли мавҷудоти олам аст, чун ӯ халифаи Яздон дар замин аст, аммо дигар мавҷудотро набояд нодида гирифт. Ман дар бораи ҳайвонот менависам ва баъзе аз дӯстонам гоҳо ба ман мегӯянд, ки Шумо ҳайвонҳоро ба инсонҳо тарҷеҳ медиҳед. Ман мегӯям на, аммо дар ҳаёти вуҳуш ҳам чизҳое ҳаст, ки барои инсонҳои мутамаддин бояд мӯҷиби пайравӣ бошад. Масалан бубинед, ҳайвонҳо ҳисси интиқом надоранд. Инсон агар як инсонро бад бинад, то мурданаш ин ҳис дар ӯ боқӣ мемонад. Ё ҳайвонҳо ҳастанд, ки некии инсонҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

-Чингиз Айтаматов, ки Шумо дар боло аз ӯ ном гирифтед, дар бархе осораш тақдири як ҷонварро бо тақдири инсоне мушобеҳ тасвир мекунад. Аз нигоҳи Шумо ҳам оё тақдири инсонҳову ҳайвонот умумияте дорад? Дар осори Шумо ҳам ҳамин гуна андешаҳо ҳастанд?

-Албатта тақдирҳо монандӣ доранд, аммо бо суратҳои гуногун. Масалан ман ҳикояе дорам бо номи «Қафас». Дар он тақдири кабки қафасро бо тақдири мӯйсафеди нафақхӯр монанд кардаам. Агар хубтар мушоҳида кунӣ, зиндаги мову ҳайвонот чизҳои умумии зиёде дорад. Аммо мо дар бисёр ҳолат ба ҳаёти маҷудоти дигар бетаваҷҷуҳем.

-Барои навиштани асаре аз дунёи вуҳуш гумон мекунам ба замми нависанда будану дониши биологӣ доштан боз бояд мушоҳидаву омӯзишҳои зиёд дошта бошӣ. Масалан барои шиносоии бештар пайдо кардан бо тарзи рафтору ҳаёти ҳайвонот, барои дарёфти мавзуъҳои тоза Шумо шояд сафар мекунед ба минтақаҳои кишвар ё…

-Ман ҳар моҳ як маротиба «Бешаи палангон», як бор ба дараи Ромит ё Чилучорчашма, Искандаркӯл, Сари Хосор меравам. Ман медонам, ки дар кадом гӯшаи Тоҷикистон кадом ҳайвон ё парранда ба сар мебарад. Ман ба табиат меравам ва худам ҳаёту рафтори ҷонваронро мушоҳида мекунам. Масалан, ман чанде пеш дар Бешаи палангон ва назди дарё шабона тарзи ҳаракат, рафтори шағолҳо, кафторҳо ва гургҳову бозгашти гавазнҳои холдорро мушоҳида кардам. Ҳамин гуна ман ба мамнуъгоҳҳову бешазорҳо меравам барои дарёфти мавзӯи тоза. Ва ҳамчунин моҳе ду маротиба дар Шабакаи аввал барномаи “Асрори табиат”-ро омода мекунам. Охир олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бою рангин аст ва Тоҷикистон дар ин бахш дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои намоёнро ишғол мекунад.

-Осоре, ки дар бораи ҳаёти вуҳуш навишта мешавад, дар Тоҷикистон хонанда дорад?

- Гумон мекунам ин чиз барои нависанда он қадар муҳим нест, агарчӣ ҳама мехоҳад, ки китобашро мардум хонанд. Аммо касе намехонад гуфта аз нависандагӣ даст ҳам кашида намешавад. Нависандагӣ дард аст, маҷбурӣ, ки нависӣ

-Шумо имрӯз масъули бахши Хазинаи адабиёт дар Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон ҳастед. Фаъолияти ин бахш имрӯз чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Хазинаи адабиёт дар замони Шӯравӣ бо номи «Литфонд» машҳур буд. Ин ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар назди Иттифоқи нависандагон фаъолият мебарад. Замони Шӯравӣ Хазинаи адабиёт ба нависандагони камбизоату солхӯрда кӯмак мекард, китобҳояшонро нашр менамуд, ба онҳо барои истироҳат дар осоишгоҳҳо роҳхат дастрас мекард…

-Имрӯз чӣ?

-Дар чанд соли охир ҳам Хазинаи адабиёти Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Мирзоев тавонист, нависандагони пиронсоле чун Бобо Ҳоҷӣ, Холмурод Шарифов, Масъуд Муллоҷонов, Александр Яблоков, Наимҷон Назирӣ, Муҳиддин Хоҷазод ва дигаронро дастгирӣ намояд, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирад. Маблағи ин амалҳои хайр аз ҳисоби нафаронест, ки ба мо хайрия ё кӯмак мекунанд. Бештари маврид худи Эмомалӣ Мирзоев амалҳои хайри Хазинаи адабиётро дастгирӣ мекунад ва Иттифоқи нависандагон.

-Хуб устод, дар кӯлбор чӣ чизҳои тозае барои хонандагон доред?

-Романи ман бо номи «Дарёнавард » бояд то охири ҳамин сол дар Хуҷанд мунташир шавад. Ин романест атрофи қаҳрамониҳои Темурмалики Хуҷандӣ. Аммо ман онро ҳамчун асари таърихӣ нанавишта, балки муносибати Темурмаликро бо дарё нишон додаам. Яъне Темурмалик беҳуда аксар ҷангҳои худро дар дарё намегузаронд. Темурмалки ба дарё меҳри беандоза дошт. Хуллас дар ин роман муносибати Темурмалик ба табиати гирду атроф нишон дода шудааст.

-Сипос барои суҳбати самимӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi