19:01:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

«Шӯхиҳои Аловуддин» Ваганович


Андешаҳо баъди фестивали “Парасту”

Муаллиф ин мақолаи худро ба идораи ҳафтаномаи мо ҳамагӣ чор рӯз пеш овард ва гуфт, ки онро охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ навишта ба яке аз ҳафтаномаҳо (мо аз овардани номи ҳафтанома худдорӣ мекунем) барои чоп супурда будааст. Аммо бо гузашти беш аз панҷ моҳ онро нашрия чоп накардааст. Чун сухан дар ин мақола дар бораи беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардонаи фестивали «Парасту-2013» Аловуддин Давлатов меравад, ки ба қарибӣ унвони баланди «Артисти халқии Тоҷикистон»-ро низ  сазовор шуд, мо бо вуҷуди гузаштани муддати тӯлонӣ аз анҷоми фестивал ва аз таълифи мақола, лозим донистем, ки онро бе тағйир чоп кунем.Ва Аловуддин Давлатов, яке аз беҳтарин ҳунармандони театри муосири тоҷикро, бо ин унвони баланд табрик гуфта, барояш комёбиҳои аз ин бештари эҷодиро таманно мекунем.

 Аҳли эҷоди «Рӯзгор» 

1-alovuddin 45566Ҳаҷвнигори музофотии пойтахт-Аловуддин Давлатовро кӣ намешиносад? Мо ба он хотир ӯро ҳунарманди музофотии пойтахт номидем, ки дар ҳақиқат ҳам Аловуддин қариб ҳар саҳару шом пеши назари мост (дар ТВ бештар ӯро нишон медиҳанд? дар чорабиниҳои муҳими пойтахт низ ӯро бештар мебинем). Ин на ба ҳар ҳунарманди дар пойтахт фаъолияткунанда муяссар гардидааст.Аз ин рӯ ҳама ба ӯ бо назари нек менигаранд ва табъашон шод мешавад.

Ана ман ҳам аз дидани ӯ дар Театри академикӣ-давлатии опера ва балет (шоми пӯшидашавии фестивали "Парасту") он қадар қаноатманд шудам, ки ҷуръат пайдо карда наздаш омадам, барои "хирагӣ" узр хостам (ӯ инро беҳтарин" хирагӣ" номид) ва ҳамагӣ ба як саволи худ ҷавоб гирифтам (театр ҷои сӯҳбат набуд):" Аловуддин Ваганович чӣ нақша дорад?"

 -"Мехоҳам филме ба навор бигирам".

Нисбати "Ваганович" Аловуддин ягон эрод нагирифт ва чизе ҳам нагуфт. Рости гап, ин хоҳиши шахсии ман буд, ки ӯро Ваганович (ишора ба ҳаҷвнигори шуҳратёри Россия Петросян Евгений Ваганович). номидам. Дар давоми қариб 20 соли зиндагӣ дар Россия ман ин ҳаҷвнигори асилро аз тариқи телевизиони Россия мунтазам тамошо мекардам. Албатта фатҳ кардани қуллае бо номи Петросян хеле душвор аст. Вале ҳамчун тамошобин ман ҳуқуқи маънавии орзу кардани онро, ки Аловуддин дар оянда чун Петросян дар Россия ё чун Убайдулло Раҷабов дар Тоҷикистон шуҳратёр шавад, дорам.

Чаро ман ӯро аз дигар ҳаҷвнигороне (аз ҳаҷвнигорони солҳои истиқлолият), ки имрӯз дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд, ҷудо кардам? "Саволи аҷоиб!" -тавре худи Аловуддин аз забони қаҳрамонаш мегӯяд: Биёед, аввал ба саволи "Шухӣ чист?" ҷавоб гӯем. Шӯхӣ чизест, ки мо ба он аз обу хӯрока дида бештар аҳамият медиҳем, зеро бе он зиндагӣ душвор аст. Ҳатто ҳайвон шухиро мефаҳмад ва мепарастад. Аз он рӯзе, ки одам ба атроф бо чашми ақл нигаристанро ёд гирифт, шӯхӣ мекунад.

Аз он давра то имрӯз албатта шухӣ тамоман дигар шудааст.Дар Рими қадим масалан гладиаторҳо дар майдонҳои бошукуҳ якдигарро мекуштанду тамошобинон бо кафкубӣ механдиданд ва хушҳолӣ мекарданд.Имрӯз мо ба чӣ механдем? Ин албатта ба ақлу заковат ва дараҷаи маданиятнокии мо вобаста аст.

Агар ханда ба мо танҳо ба хотири хандидан лозим бошад ин хандаи физиологист, вале агар аз ханда кайфияти эстетикӣ бурданӣ бошем хеле муҳим барои мо он аст, ки ҳунарманд чиро пешниҳод мекунад ва чи гуна."Шӯхиҳои Аловуддин" ба мо маҳз кайфияти эстетикӣ мебахшад ва забони ҳунарманд, мавзӯи шӯхӣ, услуби бозӣ, канораҷӯии актёр аз суханҳои гӯшхарош, маданияти баланди касбии актёр ба ин бешубҳа мусоидат мекунанд.

Аловуддин қаҳрамонҳоеро дониста пешниҳод мекунад, ки ба мардум аз наздик шиносанд. Як қоидаи шухӣ маҳз ҳамин аст. Ва проблемаҳое, ки тавассути ин образҳо ба миён гузошта мешаванд, ӯро кайҳо боз ором намегузоранд. Ӯ сари ин проблемаҳо хеле гиристааст, вагарна бозиаш дилчаспу дилнишин намебаромад ва тамошобинон намехандиданд...

Дигар ҳунармандон низ ин проблемаҳоро бо тариқи худ пешкаш мекунанд, вале азбаски омили асосии муаянкунандаи шӯхии асил ин хандаи тамошобин аст, ӯ байни мардум бештар шуҳратёр гаштааст. Акнун сари он меандешем, ки бо чӣ Аловуддин тавре дар урфият мегуянд, дили моро ёфтааст. Ӯ майдонеро ки дар он ҳунарнамоӣ мекунад,хеле хуб медонад (ба маънои он ки ин ҷо киҳо ҳунарнамоӣ мекунанд ва чӣ гуна).

Ин як, на танҳо истеъдоди худодод дорад, (истеъдод ними кор аст, нимаи дигари обрӯи ҳунарманд аз меҳнат аст), балки ҳунарманди навовар аст -ин ду.Салоҳияти баланди касбӣ дорад, ҳатулкор нест, қаҳрамонашро зинда меофарад ва тавре мегӯянд ба "пӯсти қаҳрамон"-аш устокорона медарояд. Қаҳрамонҳои ӯро тамошобин на аз тарзи либоспӯшӣ ва гримм, балки аз рӯи характер ба зудӣ мешиносанд Тамошобин дар симои ин қаҳрамон худ, ҳамсоя ё ҳамкори хешро мешиносад ва барои он ҳунармандро дӯст медорад, ки симои ҳамсоя, рафиқ ё худи тамошобинро ба ӯ калон карда нишон медиҳад.

2-alovuddin 45566Театрро оина гуфтан кам аст, агар оина бошад ҳам оинаи муқаррарӣ нест, балки оинаест ки ҳама чизро аз будаш зиёд калон карда нишон медиҳад ( мисли микроскоп). Ин қаҳрамонҳоро тамошобин (ё худро дар оина) ҳаррӯз мебинад, вале баъди тамошои "Шӯхиҳои Аловуддин" мо ба худ ё ба ҳамсояи худ бомеҳртар, кунҷковонатар, бо чашми тадқиқ менигарем. Ҳар қадар мо паҳлуҳои нави характерҳоямонро зиёдтар ошкор намоем, ҳамон қадар ба ҳунарманд зиёдтар меҳр мебандем. Ин нишонаи он аст, ки "Шӯхиҳои Аловуддин" дар асоси қонуниятҳои ҳаҷв сохта шудаанд.Ҷавҳари ҳаҷв чист?

Паҳлуи ҳам гузоштан, ба ҳамдигар мувофиқ кардани он чизҳое, ки бо ҳамдигар мувофиқ нестанд. Масалан дар саҳнаи "Очаи Азизҷон", ному насаби "кампир"-и қаҳрамони Аловуддин бо ибораи такроршавандаи "очаи Азизҷон", ё хайр кардан аз ҳисоби "ҳақ"-и муҳтоҷон, пул дароз кардани нозири БДА ба ронанда ва ғ.

Агар ба қаҳрамонҳои "Шӯхиҳои Аловуддин" чуқуртар назар кунем, ин чеҳраҳо ҳар яке дар алоҳидагӣ объекти танқиди иҷтимоиянд. Масалан зане, ки бо ду фарзандаш қасам мехурад, ки то шиносоӣ бо шавҳараш бо марде вонахӯрдааст, ё ронандае ки пайваста "ё пирум", "ё пирум" мегӯяд. Ин ишора ба проблемаҳои дар ҳаёт ҷой дошта аз қабили соддалавҳӣ, бемантиқии рафторҳои мо, дуруғу фасод ва ғайра ва ҳоказо мебошад.

Қариб ҳар як шӯхии Аловуддин саволеро мемонад, ки ними ҷавобро ба он худи ҳунарманд ба тамошобин бо бозии олиҷаноби худ пешниҳод мекунад. Аз ин ҳисоб "Шӯхиҳои Аловуддин" театри андеша ва ҳиссиётро мемонад. Аз ҳар як шӯхии ҳунарманд мо хулосаҳои нав ба нав мебарорем. Масалан, дар саҳнаи "Вохӯрӣ" ("Мӯсафед шастҳои пешинаат нест, пеш вақтҳо меҳрубонтар будӣ") ҳунарманд ба он ишора мекунад, ки нисбати якдигар одамон бояд ҳамеша ғамхор бошанд, ки дар зиндагӣ кариб дида намешавад.

Ё дар саҳнае, ки профессори рус ба бошандагони маҳалла чизеро фаҳмонда истодаасту касе маънии суханҳои ӯро намефаҳмад ва қаҳрамони Аловуддин, ки шахси худогоҳи деҳа шумурда мешавад, дар миёни суҳбат омада вазъиятро ба ҳозирон чунин шарҳ медиҳад: "Урусиро аз аввалаш ки набошӣ, охирашро намефаҳмӣ."

Ин ишораи ҳунарманд ба баҳонаҷӯиест, ки дар хуни мо имрӯз ҷой гирифтаасту сабаби нобарориҳои мо қариб дар ҳамаи соҳаҳо ба шумор меравад. Киноя аз роҳбароне, мебошад, ки ба ботлоқи дуруғу фасод фурӯ рафтаанд. Ин даъвати актёр ба амал кардан аст, на баҳонаҷӯӣ. Дар ҳақиқат, ҳам мо имрӯз дар атрофи худ фиребгарӣ, қаллобӣ, порахӯрӣ, истисмори молӣ ва ғайраро мебинему даст афшонда "замона ҳамин тавр" гуфта баҳонаҷуӣ мекунем. Аловуддин қарзи шаҳрвандии худ мешуморад, ки тамошобинашро тавре хандонад, ки баъди ханда ӯ ба андеша равад.

Рисолати худро ҳамчун ҳунарманд ӯ дар ҳамин мебинад.Силоҳи ҷангии Аловуддин ханда-шӯхӣ аст, ки бо он муқобили ноадолатиҳо меҷангад. Имруз шӯхӣ- ҳаҷв яке аз роҳҳои аз мушкилиҳои зиндагӣ даме осудан, дар канор будани одамон аст. Аз ин лиҳоз "Шӯхиҳои Аловуддин" доруест ба захмҳо, таскинест саривақтӣ. Навоварии Аловуддин дар чист? Ӯ анъанаҳои навоваронаи хуби дар санъати театрии тоҷик суратгирифтаро инкишоф медиҳад ва ба он бо назари нав менигарад.

Ӯ Убайдулло Раҷаби солҳои 80-ум аст, ки дар монологҳои ҳаҷвии худ чеҳраи якчанд қаҳрамонро дар як номераи худ ба тамошобинон пешкаш менамуд. Аловуддин имрӯз дар ин ҷода бо пайраҳаи худ меравад. Ӯ" одам-оркестр" (яъне Ало Алоеве, ки дар як вақт бо чанд доира менавохт) аст. Агар ТВ-ро калонтарин саҳнаи ҷумҳурӣ номем, ӯ ин саҳнаро мисли У.Раҷабов оқилона, бамаврид ва моҳирона истифода мекунад (на барои шуҳратталабӣ, ки тақозои вақт аст).

3-alovuddin 45566Марҳум Маҳмудҷон Воҳидов  бо театри як актёр шуҳратёр буд. Ҳамин тавр Аловуддин Давлатов бо "Шӯхиҳои Аловуддин" шуҳратёр аст. Бурди "Шӯхиҳои Аловуддин" дар он аст, ки сирф чеҳраҳои халқиро ба ҳам овардааст. Қаҳрамонҳо ба замми типпикӣ буданашон ба онҳо характери индивидуалӣ низ бахшида шудааст. Аз ин рӯ онҳо бо ҳамдигар монандие надоранду хотирнишинанд. Барои баҳо додан ба "Шӯхиҳои Аловуддин" онро бояд бо дигар шухӣҳо-саҳнаҳои ТВ муқоиса намуд (на барои сафед ё сиёҳ кардан, балки ба хотири дарки фарқияти онҳо дар навишт ва пешниҳод).

Агар хонандаи муҳтарам аҳамият дода бошад, бисёр қаҳрамонони ҳаҷвияҳои ТВ ба якдигар монанданд: бо як услуб гап мезананд, характери индивидуалиашон равшан нест, анҷоми ҳаҷвияҳо на ҳама вақт нишонрас мебарояд, диалоги қаҳрамонҳо кашол меёбад ва ғ.

Дар "Шӯхиҳои Аловуддин" ҳар як қаҳрамон чеҳраи мушаххас аст, ки онро тамошобин бо дигар қаҳрамонҳо аралаш карда наметавонад. Вазъиятҳои ғалатӣ, хандаовар ва ғайриоддиро Аловуддин чуноне лозим аст ба таври махсус пешниҳод мекунад, ки он аз характери қаҳрамон бармеояд. (Ин ҳам яке аз талаботҳои асосии ҳаҷву шӯхист.) Анҷоми бомуваффақият бошад қимати шӯхии ҳунармандро дучанд мекунад.

Масалан, дар саҳначаҳои "Суруд-5", "Вохӯрӣ","Ҷентелмен" ва ғайра омезиши композитсияи оригиналӣ бо анҷоми бобарор муваффақияти саҳначаро хеле хуб таъмин менамояд, ки на дар ҳамаи саҳначаҳои ҳаҷвӣ дар ТВ дида мешавад. Агар ба забони қаҳрамонҳо диққат диҳем ҳар як сухани онҳо ифодакунандаи характер ва ҷаҳони ботинии қаҳрамон буда, беҳуда ба забон оварда намешавад.

Қаҳрамон ҷиддист, хандаро худи тамошобин аз зуҳуроти характери персонаж дармеёбад ва ба ҳоли у механдад.Дар саҳнаи муколамаи чӯпон бо лектор диалоги қаҳрамонҳо хеле ҷидди сурат мегирад.Ҳам чӯпон ва ҳам лектор фикри шахсии худро оиди саволи "МЕдонумаш чисту намедонумаш чист" хеле ҷиддӣ ба забон меоранд, тамошобин танҳо ба тарзи фикрронии онҳо механдад.

Одам ки худ маҷмӯи мухолифатҳост, аксар вақт нияти саранҷом додани як корро кунад ҳам, дар амал метавонад кори дигарро ба иҷро расонад. Дар саҳнаи "Суруд-5" мақсади бобо санҷиши дониши набера ва расонидани ёрӣ ба ӯст. Дар асл аз суруд 5 гирифтани набераашро дар рузнома дида беихтиёр солҳои бачагии худро пеши назар оварда ба даст рубобашро мегираду ба сароидан огоз мекунад.

Ин анҷоми ғайриоддӣ ва хеле хандаовар аст, ки бобо набераашро ба ҷои хондан баръакси хоҳиши худ беихтиёр ба сурудан талқин мекунад. Бояд гуфт, ки ин аввали кор аст. Барои Аловуддин, умуман ҳаҷвнигорон кор хеле зиёд аст..Дар рӯзҳои мо барои ҳунармандон як чиз мӯд шудааст.(Ман инро аз забони драматургони касбӣ низ шунидаам). Такя ба латифа, анекдот ва сухани хотимавӣ ("намак").-и латифа. Бо латифа кор кардан ҳеҷ бадие надорад, агар қонуниятҳои ҳаҷву шӯхӣ риоя шавад.

Режиссёр ё ҳунарманд латифаро интихоб мекунад худаш матн менависад ва актер мебозад. Коркарди адабии матн, сохти саҳнаи ҳаҷвӣ, забон ва ғайра ба плани дуюм рафта аз назар дур мемонад. Азбаски мақсад хандонидани тамошобин аст бисёр саҳнаҳо дар ТВ муваффақиятҳои яклаҳзаина пайдо мекунанд. Мисли "Шӯхиҳои Аловуддин" тез-тез намоиш дода намешаванд.

Аловуддин барои хандонидани тамошобин ҳаракат намекунад, (ба фикри банда ин кори бемантиқ аст). Ӯ чеҳраҳои мушаххас меофарад. Саҳнаҳоро худаш нанавишта балки аз муаллифон бо роҳи интихоб мегирад.Сари ҳар як қаҳрамон заҳмат мекашад.Паси ҳар чеҳраи офаридааш ҳунар, ҷаҳонбинӣ, муносибат ба вақту замон, шахсият, мушоҳидаҳои ҳаётии актёр баръало аён аст.

Як чизро қайд накарда наметавонам, ки Аловуддин аз таъсири манфии вақту замон дар канор аст. Пӯшида нест, ки мураккабии ҳаёти имрӯза метавонад сифатҳои ҳунармандро аз қабили гуногунрангии ҳиссиёт, аслияти дунёи дохилӣ, сарватҳои ботинӣ ва ғайраро хароб кунад. Вале хушбахтона, Аловуддин ин сифатҳоро на танҳо нигоҳ дошта метавонад, балки дар худ тақвият мебахшад.

Дар фестивали "Парасту" нисбати шахсияти Аловуддин суханҳои нек садо дод, ки мазмунашро тахмин ман ҳамин тавр фаҳмидам: ин моҳӣ арзанда аст, ки на танҳо дар "ҳавз"-и мо шино кунад, балки вақти он ҳам фаро расидааст ки онро ба дигар " баҳр"-ҳои кишварҳо сар диҳанд, то санъату миллати моро муаррифӣ карда тавонад.

Ба ақидаи банда (агар гап дар бораи асарҳои калонҳаҷм бошад) ин корро на бо "Лаку Пак" анҷом додан лозим, зеро материали драматургӣ дар сатҳи баланд эҷод нашудааст. Асоси онро сужаи маълуму машҳур ташкил кунад ҳам бозёфтҳои эҷодии муаллифон ба қадри кофӣ нест. Мебояд барои Аловуддин Давлатов барин ҳунармандон асарҳое навишта шаванд, ки дар қатори обуранги миллӣ, дорои бадеияти баланд, нигоҳи наву хоссаи муаллиф ба вақту замон бошанд.

Сафаралӣ Раҷаб, муаллими фанни кимиё

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi