10:39:13 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ – III

Таҳияи Саидмурод Шарифов, "Рӯзгор"

Саҳл бинни Абдуллоҳи Тустарӣ

Ва Саҳл бинни Абдуллоҳи Тустарӣ гуфт: усули мо шаш чиз аст: тамассук ба китоби Худой; ва иқтидо ба суннати Расул (с); ва ҳалол хӯрдан ва боздоштани даст аз ранҷонидани халқ ва агар чи туро биранҷонанд; ва дур будан аз маноҳӣ (наҳй кардашуда) ва таъҷил кардан ба гузоридани ҳуқуқ.

***

pandu-andarz-4655Ва гуфт: бузургтарин мақомот он аст, ки хуйи бади хеш ба хуйи нек бадал кунӣ.

***

Ва гуфт: одамиёнро ду чиз ҳалок гардонад; талаби изз ва хавфи дарвешӣ.

***

Ва гуфт: Ҳеҷ маъсият азимтар аз ҷаҳл нест.

***

Ва гуфт: панҷ чиз аз гавҳари нафс (рӯҳ, ҷон) аст: дарвеше, ки тавонгарӣ намояд; ва гуруснае ки серӣ намояд; ва андӯҳгине, ки шодӣ намояд; ва марде, ки вайро бо касе душманӣ бошад ва дӯстӣ намояд ва марде, ки ба шаб намоз кунад ва ба рӯз рӯза дорад ва қувват намояд аз худ.

***

Ва гуфт: бӯи сидқ наёбад ҳар кӣ мудоҳанат (чоплусӣ, дурӯягӣ) кунад ғайри худро ва мудоҳанат бо худ риё бувад.

***

Ва гуфт: Худойро дар ҳар рӯзе ва ҳар соате ва ҳар шабе атоҳост ва бузургтаринаш он аст, ки зикри хеш туро илҳом кунад.

***

Ва гуфт: ҳеҷ рӯз нагзарад, ки на Ҳақ таъоло нидо кунад, ки бандаи ман, инсоф намедиҳӣ, туро ёд мекунам ва ту Маро фаромуш мекунӣ, туро ба худ мехонам ва ту ба даргоҳи касе дигар меравӣ ва Ман балоҳоро аз ту боз медорам ва ту бар гуноҳ мӯътакиф мебошӣ. Ё фарзанди одам, фардо, ки ба қиёмат ҳозир ойӣ, чӣ узр хоҳӣ гуфт?

***

Ва гуфт: сӯфӣ он бувад, ки софӣ шавад аз кадир (тира, хира) ва пур шавад аз фикр ва дар қурби Худой мунқатеъ шавад аз башар ва яксон шавад дар чашми ӯ хоку зар.

***

Ва гуфт: хавф нар аст ва риҷо мода ва фарзанди ҳарду имон аст.

Маъруфи Кархӣ

Ва Маъруфи Кархӣ гуфт: аломати авлиёи Худой се чиз аст: андешаи эшон аз Худой бувад; ва қарори эшон бо Худой бувад ва шуғли эшон дар Худой бувад.

***

Ва гуфт: талаби биҳишт бе амал гуноҳ аст ва интизори шафоат бе нигоҳ доштани суннат навъест аз ғурур ва умед доштани раҳмат дар нофармонбардорӣ ҷаҳл аст ва ҳамоқат.

Сарии Сақатӣ

Ва Сарии Сақатӣ гуфт: ҳар рӯзе чанд карат дар ойинае бингарам, аз бими он ки набояд, ки аз шумии гуноҳ рӯям сиёҳ шуда бошад.

***

Ва гуфт: ҳар маъсият, ки аз сабаби шаҳват бувад, умед тавон дошт ба омурзиши он ва ҳар маъсият, ки он ба сабаби кибр бувад, умед натвон дошт ба омурзиши он. Зеро ки маъсияти иблис аз кибр буд ва зиллати (лағзиш, хато) одам аз шаҳват.

***

Ва гуфт: адаб тарҷумони дил аст.

***

Ва гуфт: фаҳмкунандатарин халқ он бувад, ки фаҳм кунад асрори Қуръон тадаббур (андеша, тафаккур) кунад дар он асрор.

 

***

Ҳам ӯ гуфт: ориф он аст, ки хӯрдани вай хӯрдани беморон бувад ва хуфтани вай хуфтани моргазидагон бувад ва айши вай айши ғарқашудагон бувад.

***

Ва гуфт: дар баъзе кутуби мунзал (нозилшуда) навиштааст, Худованд фармуд: эй бандаи Ман! Чун зикри Ман бар ту ғолиб шавад, Ман ошиқи ту шавам. Ва ишқ ин ҷо ба маънии муҳаббат бувад.

***

Нақл аст, ки Сарии Сақатӣ як рӯз дар сабр сухан мегуфт. Каждуме чанд бор ӯро захм зад. Охир гуфтанд: чаро ӯро дафъ накардӣ? Гуфт: шарм доштам, чун дар сабр сухан мегуфтам.

***

Ҳам ӯ гуфт: агар на он астӣ, ки Ту фармудайӣ, ки Маро ёд кун ба забон, вагарна  ёд накардаме. Яъне, ту дар забон нағунҷӣ ва забоне, ки ба лаҳв олуда аст, ба зикри Ту чӣ гуна гушода гардонам?

Фатҳи Мавсилӣ

Ва Фатҳи Мавсилӣ гуфт: аҳли маърифат он қавманд, ки чун сухан гӯянд, аз Худой гӯянд ва чун амал кунанд, барои Худой кунанд ва чун талаб кунанд, аз Худой талаб кунанд.

Аҳмади Ҳаворӣ

Ва Аҳмади Ҳаворӣ гуфт: фозилтарин гиристан гиристани банда бувад дар фавт шудани авқоте, ки на бар ваҷҳ буда бошад.

 

Аҳмади Хазравия

Ва Аҳмади Хазравия гуфт: ҳақиқати маърифат он аст, ки дӯст дорӣ Ӯро ба дил ва ёд кунӣ Ӯро ба забон ва ҳиммат бурида гардонӣ аз ҳар чи ғайри Ӯст.

Яҳёи Маъоз

Ва Яҳёи Маъоз гуфт: ҳар кӣ шод шавад ба хидмати Худой азза ва ҷалл ҷумлаи ашё ба хидмати ӯ шод шавад ва ҳар киро чашм равшан бувад ба Худой, ҷумлаи ашё ба назар кардан дар ӯ равшан шавад.

Ва гуфт: дур бош аз суҳбати се қавм: яке уламои ғофил, дуввум, қуррои мудоҳин (фиребгар), саввум, мутасаввуфи ҷоҳил.

***

Ва гуфт: мард ҳаким набувад, то ҷамъ набувад дар ӯ се хислат: яке он ки ба чашми насиҳат дар тавонгарон нигарад, на ба чашми ҳасад, дуввум, он ки ба чашми шафқат дар занон нигарад, на ба чашми  шаҳват, саввум он ки ба чашми тавозӯъ дар дарвешон нигарад, на ба чашми такаббур.

***

Ва гуфт: ҳар кӣ Худойро дӯст дорад, нафсро душман дорад.

***

Ва гуфт: аҷаб дорам аз касе, ки  парҳез кунад аз таъом аз бими беморӣ, пас чаро парҳез накунад аз гуноҳ аз бими уқубат?

***

Ва гуфт: карами Худой дар офаридани дӯзах зоҳиртар аст аз он ки дар офаридани биҳишт. Аз баҳри он ки ҳарчанд биҳишт ваъда кардааст, агар бими дӯзах набудӣ, як тан ба тоъат набошаде.

***

Ва гуфт: дунё хамри шайтон аст. Ҳар ки аз он маст шуд, ҳар чиз ба хуш бознаояд, магар дар миёни лашкари Худой-рӯзи қиёмат, дар надомат ва хусрон (зарар, зиён).

***

Ва гуфт: эй Худовандони илму эътиқод! Қасрҳотон қайсарӣ аст ва хонаҳотон кисравӣ аст ва иморатҳотон шаддодӣ аст ва кибратон ъодӣ аст. Ин ҳамаашон ҳеҷ аҳмадӣ нест.

***

Ва гуфт: имон се чиз аст: хавф ва риҷо ва муҳаббат. Ва дар зимни хавф тарки гуноҳ, то аз оташ наҷот ёбӣ ва дар зимни риҷо дар тоъат хавз (чуқур андешидан) кардан аст, то биҳишт ёбӣ ва дар зимни муҳаббат эҳтимоли макруҳот кардан аст, то ризои Ҳақ ба ҳосил ояд.

***

Ва гуфт:  ориф он бувад, ки ҳеҷ дӯсттар аз зикри Худой надорад.

Ва гуфт: тавҳид нур аст ва ширк нор аст. Нури тавҳид ҷумла сайиоти (кори бад, гуноҳ) муваҳҳидонро бисузонад ва нори ширк ҷумла ҳасаноти мушриконро хокистар гардонад.

***

Ва гуфт: зуҳд се ҳарф аст: "зо" ва "ҳо" ва "дол". Аммо "зо" тарки зинат аст ва "ҳо" тарки ҳаво ва "дол" тарки дунё.

Абуҳафси Ҳаддод

Ва (Абуҳафси Ҳаддод) гуфт: ҳар ки донад, ки ӯро бархоҳанд ангехт ва ҳисобаш хоҳанд кард ва аз маъосӣ иҷтиноб нанамояд, яқин аст аз сирри худ хабар медиҳад, ки ман имон надорам ба баъс (қиёмат) ва ҳисоб.

***

Ва гуфт: тасаввуф ҳама адаб аст.

Мансури Аммор

Нақл аст, ки Ҳорунаррашид ӯро (Мансури Аммор дар назар аст) гуфт: аз ту саволе кунам ва се рӯз мӯҳлат диҳам дар ҷавоби он. Гуфт: бигӯй.  Гуфт: олимтарин халқ кист ва ҷоҳилтарин халқ кист?

Мансур бархост ва берун омад. Пас, ҳам аз роҳ бозгашту гуфт: ё амиралмӯъминин, ҷавоб бишнав! Олимтарин халқ мутеъи тарснок аст ва ҷоҳилтарин халқ осии эмин аст.

Абдуллоҳи Хубайқ

Ва Абдуллоҳи Хубайқ гуфт: нофеътарин хавфҳо он бувад, ки андӯҳи туро доим кунад бар он чи фавт шудааст туро аз умр дар ғафлат ва фикратро лозими ту гардонад дар бақияти умри ту.

***

Ва гуфт: нофеътарин хавфҳо он бувад, ки туро аз маъсият боздорад.

***

Ва гуфт: риҷо се гуна аст: марде бувад, ки некӣ кунад ва умед дорад, ки қабул кунад; ва яке бувад зиштӣ кунад ва тавба кунад ва умед дорад, ки биёмурзанд; ва яке риҷои козиб бувад, ки пайваста гуноҳ мекунад ва умед медорад, ки Худой ӯро биёмурзад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi