19:16:14 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Садоямро мабанд» - Таронае барои Гугуш

«Садоямро мабанд», ин таронае барои Гугуш, овозхони саршиноси эронӣ аст, ки аз тарафи шоираи ҷавони тоҷик эҷод шудааст.

02.shoirai-rahimjon-44Ин тарона бар пояи шеъру оҳанги Шоираи Раҳимҷон, таронанавис ва хабарнигори тоҷик ва яке аз мухлисони ашадии Гугуш эҷод шудааст. Шоира ин таронаашро махсус барои Гугуш навиштааст ва ба ӯ тақдим кардааст. Шоираи Раҳимҷон, имрӯз бо таронаву оҳангҳояш дар миёни ҳунармандони маъруфи кишвар шинохта шудааст ва шеъру таронаҳояш харидорони зиёде дорад. Бештар аз 100 оҳангу таронаҳои эҷодкардаи Шоираи Раҳимҷонро ситораҳои мусиқии замонавии тоҷик сароидаанд.

Хабарнигори мо бо Шоираи Раҳимҷон сӯҳбати ихтисосие анҷом дода ва нахуст аз Шоира пурсида шуд, ки таронаи ҳадягии ӯ чӣ тавр ба дасти Гугуш расид?

Шоираи Раҳимҷон: "Воқеан барои навиштани як тарона ба хонум Гугуш ман солҳои зиёдро сипарӣ кардам. Аслан 7 соли қабл як тарона барои ин овозхони шинохта омода кардам ва намехостам онро ба каси дигаре пешниҳод кунам. Вақте Мансур дар ҷашни Наврӯзии соли гузашта ба Тоҷикистон омад, ман ин таронаро барояш пешниҳод кардам, то ба Гугуш бирасонад. Аммо ӯ хеле исрор кард, ки ин таронаро бояд Мансур бихонад. Ҳамин тавр ман хушбахтона боз як таронаи дигаре омода кардам бо номи "Садоямро мабанд". Ин тарона ба дасти Гугуш расид ва алъон дар арафаи омодагист. Тариқи интернет дар иртиботам бо хонум Гугуш ва он кас мегӯянд, ҳоло болои такмили овоз ба ин оҳанг кор мебаранд."

-Яъне ҳоло бо Гугуш ғоибона ошно шудаед ва ба таври виртуалӣ  ҳамкорӣ доред?

-Бале ин иртибот тоза ба ман даст дод ва ман аз ин хеле хушбахтам.

-Метавонем чанд мисраи таронаеро ки шумо навиштаед ва Гугуш бояд бисарояд ба мо қироат кунед?

-Ман бисёр мехоҳам тарона ҳоло махфӣ бошад ва зеҳни шунавандаи точик аз он кайфияти дигар бигирад. Воқеан ҳам интизорӣ кашидан барои тавлиди як тарона ширин аст.

-Чаро мехостед маҳз Гугуш таронаи шуморо зери оҳанг бисарояд?

-Хонум Гугуш ягон ҳунармандест, ки аз хурди зеҳни маро фаро гиирфтааст. Хеле зиёд дӯсташ медорам. Таронасарои орзӯҳои ман аст ва агар таваҷҷӯҳ карда бошед ман ҳатто рӯймоламро мисли ӯ мебандам. Бинобар ин мехостам таронаи маро ӯ иҷро кунад.

-Аз ҳунармандони хориҷӣ боз бо киҳо ҳамкорӣ доред?

-Ман танҳо бо овозхонони ватанӣ ҳамкории қавӣ дорам, аммо ба наздикӣ имкон ёфтам бо бархе аз овозхонҳои Эронӣ ҳам ҳамкорӣ кунам. Як оҳанг аз устод Бежани Муртазовӣ бароям пешниҳод шуд, то барои он оҳанг шеър нависам ва ин тарона ҳам дар арафаи омододашавист.

-Шеваи ҳамкории шумо бо овозхонҳо чӣ гуна аст, Шоира? Ҳар касе хоҳад метавонад аз шумо шеъру тарона дархост кунад ё худатон интихоб мекунед, ки шеъру таронаи шуморо кӣ бихонад?

01.shoirai-rahimjon-44-Интихоб албатта ғолибан аз ҷониби ман мешавад. Вақте шеъру оҳанг омода мешавад ман аллакай тассавур мекунам, ки  кадом овозхон метавонад он оҳангро хуб иҷро кунад. Вале аз ҷониби ҳунармандони ҷавону тозакор зиёд барои шеъру оҳанг ба ман муроҷиат мекунанд ва бо онҳо ростӣ ҳамкорӣ карданро дӯст медорад чун фикр мекунам, бо ҷавонони навкор сабзидан хуб аст, аммо албатта ҳамкорӣ бо овозхононӣ касбӣ ва маъруф бароям осонтар аст. Онҳо аз уҳдаи кор ба осонӣ мебароянд ва маро камтар азият медиҳанд.

-Кадом мавзӯъҳо аз сӯйи ҳунармандон серталабу серхариданд?

-Таронаҳо дар мавзӯи ишқ серхаридортарин таронаҳои ман аст ва ҷавонон ҳамчунин ҳоло таронаҳо дар васфи ватанро ҳам дӯст медоранд. Аммо худи ман вақтҳои ахир ба ин андешаам, ки аз доираи ишқ каме берун биравем ва тарона бояд сужа дошта бошанд. Ба ҳамин маънӣ ба наздикӣ чанд таронаи нав эҷод намудем, яке бо номи «Мард ҳам бояд каме гиря кунад» ва дигарӣ ҳам «Намозамро қазо кардам». Хулоса ба ҳамингуна мавзӯҳои ҷадидтар рӯ овардаем.

-Хуб, роҷеъ ба мавзӯҳои дигар, аз ҷумла мавзӯҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ё муҳоҷират ҳам шеъру таронаҳо менависед?

-Не намехоҳам, ин мавзӯҳо маро хаста мекунанд. Имрӯз бе ҳамин ҳам хабарҳо дар мавзӯи иҷтимоиву сиёсӣ зиёданд ва ин ҳам хаста мекунанд мардумро. Ман фикр мекунам вазифаи мо тафреҳ бахшидан ба мардум аст. Шояд таронаҳои мо тавонанд як каме мардумро аз ҳолати иҷтимоӣ ё сиёсӣ берун оранд.

-Ташаккур, Шоира, шуморо бо нашри маҷмааи дуввуми шеъру таронаҳоятон табрик мегӯем.

-Ташаккур, воқеан китоби дуввуми ман бо номи «Вопасин номаҳои дард» рӯйи чоп омад ва дар он аксаран шеъру таронаҳои тоза гирдоварӣ шудааст. Тасмим дорам шаби эҷодии худро баргузор кунам. Агар то он рӯз оҳанги хонум Гугуш ҳам омода шавад шояд он ҷо садо хоҳад дод ва ман воқеан аз ин хушҳол хоҳам шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi