10:51:20 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ - I

Таҳияи Саидмурод Шарифов, "Рӯзгор"

Фаридуддини Аттори Нишопурӣ (1145-1221) аз суханварони маъруфу машҳури адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Тазкиранависону муаррихон теъдоди таснифоти ӯро ба андозаи сураҳои Қуръон, яъне ба 114 номгӯй арзёбӣ кардаанд. Асарҳои манзуми ӯ 202 ҳазору 60 байтро ташкил медиҳанд. Асари мансури ӯ бошад танҳо аз китоби "Тазкират-ул-авлиё" иборат асту халос.

f.attar-4598Китоби мазкур яке аз беҳтарин асарҳои мансури мардуми форсу тоҷик дар тамоми давру замонҳо дониста шудааст. Дар "Тазкират-ул-авлиё" дар хусуси 97 сӯфии маълуму машҳур, лаҳзаҳои ҳаёт, сайру сулук, риёзат ва каромати онҳо маълумот дода шудааст. Агар ин асарро дар мавриди аҳли тасаввуф ва орифон на ин ки як баҳри беканор, балки уқёнуси бепоён ҳам гӯем, хато намекунем.

Ҳарчанд асари мазкур беш аз 800 сол пеш навишта шуда бошад ҳам, забонаш нисбатан содда фаҳмо ширин ва хеле гуворо мебошад. Китоб саршори суханони пандомезу ахлоқӣ буда, касро ба роҳи неку писандида раҳнамун месозад. Инак, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки чанде аз гуфторҳои панду ахлоқии ин китобро бидуни ягон дигаргунӣ пешкаши хонандагои ҳафтаномаи "Рӯзгор" гардонем.

Имом Ҷаъфари Содиқ

… Чун зоҳир мебинам, ки агар як сухан бар хилофи ту мегӯянд, дар хуни он кас саъй мекунӣ ва солҳо бад-он як сухан кина мегирӣ. Чун сухани ботилро дар нафси ту чандин асар аст, сухани Ҳақро ҳам асаре тавонад буд- ҳазор чандон,агар чи ту аз он хабар надорӣ. Чунон ки аз Имом Абдурраҳмони Аккоф (р) пурсиданд: "Касе, ки Қуръон мехонад ва намедонад, ки чӣ мехонад, онро ҳеҷ асаре бувад?

Гуфт: касе, ки дору мехӯрад, ва намедонад, ки чӣ мехӯрад асар мекунад, Қуръон чӣ гуна асар накунад? Балки басе асар кунад. Факайф (бо далели қавитар) чун донад, ки чӣ мехонад.

***

Аз вай (имом Содиқ) пурсиданд: дарвеши собир фозилтар ё тавонгари шокир? Гуфт: дарвеши собир, ки тавонгарро дил ба киса бувад ва дарвешро бо Худой.

Ҳасани Басрӣ

Нақл  аст, ки як бор ба ҷанозае рафт. Чун мурдаро дар гӯр ниҳоданд ва хок фӯру карда буданд, Ҳасани Басрӣ ба сари он хок биншаст ва чандоне бад-он хок фурӯ гирист, ки хок гил шуд. Пас гуфт: эй мардумон! Аввал ва охир лаҳад аст. Охири дунё гӯр аст ва аввали охират нигарӣ гӯр аст, ки "ал-қабру аввалу манзилин мин манозилал охират: "Чӣ менозед ба оламе, ки охират ин аст, яъне гӯр! Ва чун наметарсед аз оламе, ки аввалаш ин аст, яъне гӯр! Аввал ва охири шумо ин аст, эй аҳли ғафлат! Кори аввалу охир бисозед. То ҷамоате, ки ҳозир буданд, чандон бигиристанд, ки ҳама якранг шуданд.

***

Ва гуфт: гӯсфанд аз одамӣ огоҳтар аст, аз он ки бонги шӯбон ӯро аз чаро кардан боздорад ва одамиро сухани Худой аз муроди хеш боз намедорад.

***

(Аз Ҳасани Басрӣ) пурсиданд: ту беҳтари ё саг?

Гуфт: агар аз азоби Худой халос ёбам, ман беҳтар аз ӯ бошам ва илло ба иззат ва ҷалоли Худой, ки ӯ аз сад чун ман беҳтар аст.

***

Нақл аст, ки рӯзе (Ҳасан) ёрони худро гуфт: шумо монандаед ба асҳоби расул алайҳиссалом.

Эшон шодӣ намуданд. Ҳасан гуфт: ба рӯй, ба риш, на ба чизе дигар, ки агар шуморо бар он қавм чашм афтодӣ, ҳама дар чашми шумо девона намудандӣ ва агар эшонро бар сароири шумо иттилоъ афтодӣ, якеро аз шумо мусулмон нагуфтандӣ, ки эшон муқаддамон буданд. Бар асбони раҳвор рафтанд чун мурғи парранда ва боди вазанда ва мо бар харони пуштреш мондаем.

***

Ва гуфт: ҳамнишинӣ бо бадон кардан мардумро бадгумон кунад дар некон.

***

Ва гуфт: дар кафорати ғайбат истиғфор басанда аст, агарчи биҳилӣ (афви гуноҳ) нахоҳӣ.

***

Ва гуфт: ҳар кӣ Худойро шинохт, ӯро дӯст дорад ва ҳар кӣ дунёро шинохт, ӯро душман дорад.

Молики Динор

(Молики Динор) гуфт: надонам, ки он чи маънӣ аст он суханро, ки ҳар кӣ чиҳил рӯз гӯшт нахӯрад, ақли ӯ нуқсон гирад. Ва ман бист сол аст, ки гӯшт нахӯрдаам ва ақли ман ҳар рӯз зиёдат аст.

***

Ва гуфт: ҳар бародаре ва ёреву ҳамнишине, ки туро аз вай фоидаи динӣ набошад, сӯҳбати ӯро аз паси пушт андоз. 

Ва гуфт: парҳез аз ин саххора, яъне дунё, ки дилҳои уламо мусаххари хеш гардонидааст.

***

Ва гуфт: ҳар кӣ ҳадис кардан ба муноҷот бо Худойи азза ва ҷалла дусттар надорад аз ҳадиси махлуқон, илми вай андак аст ва дилаш нобино ва умраш зоеъ аст.

***

Ва гуфт: дар "Таврот" хондаам, ки Ҳақ таъоло мегӯяд: эй сиддиқон, танаъум (ба нозу неъмат парварда шудан) кунед дар дунё ба зикри ман, ки зикри ман дар дунё  неъмате азим аст ва дар охират ҷазойи (подош мукофот) ҷазил (бузург).

Фузайли Аёз

Ва (Фузайли Аёз) гуфт: асли зуҳд розӣ будан аст аз Ҳақ таъоло ба ҳар чи кунад ва сазовортарин халқ ба ризои Худои таъоло аҳли маърифатанд.

***

Ва гуфт: ҳақиқати таваккул он аст, ки ба ғайри Аллоҳ умед надорад ва аз ғайри Аллоҳ натарсад.

***

Ва гуфт: чун туро гӯянд, Худойро дӯст дорӣ, хомӯш бош, ки агар гӯйӣ на, кофир бошӣ ва агар гӯйӣ дорам, феъли ту ба феъли дӯстон намонад.

***

Ва гуфт: ҳар ки сутуреро лаънат кунад, сутур гӯяд "омин"! Аз ману ту ҳар кӣ ба Худой оситар аст, лаънат бар ӯ бод.

***

Ва гуфт: ду хислат аст, ки дилро фосид кунад: бисёр хуфтан ва бисёр хӯрдан.

***

Ва гуфт: Худойи азза ва ҷалла мегӯяд: эй фарзанди одам, агар ту маро ёд кунӣ, ман туро ёд кунам ва агар ту маро фаромӯш кунӣ, ман туро фаромӯш кунам ва он соъат, ки ту маро ёд нахоҳӣ кард, он бар туст, на аз туст. Акнун менигар, то чун мекунӣ.

Иброҳими Адҳам

Ва (Иброҳими Адҳам) гуфт: Ҳар кӣ дили худро ҳозир наёбад дар се мавзеъ, нишони он аст, ки дар бар ӯ бастаанд: яке дар вақти хондани Қуръон, дуюм, дар вақти зикр гуфтан, саввум, дар вақти намоз кардан (хондан).

***

Нақл аст, ки (Иброҳими Адҳам) дар рамазон ба рӯз гиёҳ даравидӣ ва он чи бидодандӣ, ба дарвешон додӣ ва ҳама шаб намоз кардӣ ва ҳеҷ нахуфтӣ. Гуфтанд: чаро хоб бар дидаи ту ошно нашавад?

Гуфт: зеро, ки як соат аз гиристан намеосоям, чун бад-ин сифат бошам, хоб маро чӣ гуна ҷоиз бувад?

***

Нақл аст, ки як рӯз ӯ ҳеҷ наёфт. Гуфт: Илоҳо, агарам ҳеҷ надиҳӣ, ба шукрона чаҳорсад ракаъат намоз зиёдаш кунам. Се чизи дигар ҳеҷ наёфт. Ҳамчунин чаҳорсад  ракаъат намоз кард, то шаби ҳафтумин расид, заъфе дар вай падид омад. Гуфт: Илоҳо! Бидиҳӣ, шояд дар ҳол ҷавоне биёмад. Гуфташ: ба қуте хоҷат ҳаст? Гуфт: ҳаст.

Ӯро ба хона бурд. Чун дар рӯйи ӯ нигарист, наърае бизад.

Гуфтанд: чӣ буд?

Гуфт: ман ғуломи туам ва ҳар чи дорам, аз они ту аст.

Гуфт: озодат кардам ва ҳарчи дар дасти ту аст, ба ту бахшидам. Маро дастурӣ деҳ то биравам.

Ва баъд аз ин гуфт: аҳд кардам, Илоҳо, ба ҷуз аз ту ҳеҷ нахоҳам, ки аз касе нон хостам, дунёро пеши ман овардӣ.

***

Нақл аст, ки чандин хаҷҷи пиёда бикард, аз чоҳи Замзам об бар накашид. Гуфт: зеро, ки далв ва расани он аз моли султон харида буданд.

Давом дорад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi