18:59:41 07-уми Ноябри 2026 сол

Душанбе ва Ал-Кувайт ҳамкориҳоро дар бахши ҷавонон ва варзиш фаъол мекунанд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш Ториқ Ал-Ҷалоҳима мулоқот анҷом дод.

222-Image-2026-11-04-at-19.16.32Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон, меҳвари асосии ин гуфтугӯҳоро масъалаи амалӣ намудани созишномаҳои қаблӣ ва таҳкими робитаҳои насли ҷавони ду кишвар ташкил дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ нуктаҳои муҳими зерин баррасӣ ва таъкид шуданд:

- Ҷонибҳо раванди иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро (ки 3 ноябри соли 2024 имзо шуда буд) баррасӣ карда, имкониятҳои табдил додани ин ҳуҷҷат ба барномаҳо ва лоиҳаҳои амалии муштаракро зарур донистанд.

- Дар мулоқот аҳаммияти Форуми ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, махсус қайд шуд.

- Иштироки фаъоли ҳайати ҷавонони Кувайт дар ин ҳамоиши бузурги минтақавӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо ва наздикшавии мардуми ду кишвар қадами ҷиддӣ ва арзишманд арзёбӣ гардид.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ