"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 26 июни соли 2026
26.06.2026 10:09
559
Дар натиҷаи ду заминларзаи пайдарпайи 7,2 ва 7,5 баллӣ, ки рӯзи 24 июн дар наздикии пойтахт Каракас рух доданд, то ҳол дасти кам 188 нафар ҷон доданд ва беш аз 1520 нафар захмӣ шуданд, 157 нафар низ бедарак ҳастанд.
“ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ” | 25 июни соли 2026
25.06.2026 13:47
424
Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) барномаи консертӣ тайёр кардааст. Дар ин консерт гурӯҳи "Дилдор", оркестри миллии "Шашмақом" ва овозхони халқии Тоҷикистон Абдулло Назриев ширкат мекунанд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 24 июни соли 2026
24.06.2026 10:23
391
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки Эрон ба бозрасии ҳастаӣ "то беинтиҳо" розӣ шудааст, дар ҳоле ки Теҳрон ин даъворо қатъиян рад мекунад. Дар музокироти Швейтсария, ки рӯзи душанбе ба охир расид...
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" - 23 июни соли 2026
23.06.2026 10:26
445
Намояндагони ИМА ва Чин имрӯз дар Женева гуфтушунидҳои наверо оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ ва тарифҳои гумрукӣ оғоз карданд. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳарду кишвар дар ду соли охир муносибатҳои иқтисодиашонро беҳтар кардаанд.
БА "ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" ХУШ ОМАДЕД!
22.06.2026 12:02
384
Дар замони муосир, иттилоот бо суръат паҳн мешавад. Ҳар рӯз садҳо ва ҳазорҳо хабар дар саросари ҷаҳон нашр мешаванд, ки хондани ҳамаи онҳо барои як одами оддӣ ғайриимкон аст. "ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" барои онҳое, ки вақт надоранд, вале мехоҳанд огоҳ бошанд.
Муаммои Зеленский: Бунбасти сиёсӣ, фишорҳои дохилӣ ва ояндаи номаълуми Украина
07.06.2026 00:35
503
Яке аз хабарҳои муҳими ҷаҳонӣ дар ҳафтаи гузашта ин буд, ки Президенти Украина Владимир Зеленский бо номаи расмӣ ба Президенти Русия Владимир Путин муроҷиат карда, пешниҳод намуд...
Ҷанги ИМА ва Исроил алайҳи Эрон: бӯҳрон дар Ховари Миёна
18.05.2026 19:12
386
Ҷанги ИМА ва Исроил алайҳи Эрон, ки дар охири моҳи феврали соли 2026 оғоз ёфт, мантиқи тартиботи ҷаҳониро нисбат ба низоъҳои қаблии даҳсолаи гузашта зудтар тағйир дод. Ба гуфтаи Оҷонсии Байналмилалии Энергетика, бузургтарин бӯҳрони ҷаҳонии таъминоти энержӣ дар таърих ва фурӯпошии бозорҳои саҳҳомӣ ҳама оқибатҳои мустақими низоъе мебошанд, ки Вашингтон ....
Муборизаи Маҷористон
08.04.2026 22:20
768
12 апрел интихоботи Парлумони Маҷористон баргузор мешавад ва аз рӯи шумораи овозаҳо, изҳороти муҳим ва фаъолиятҳои гуногун то имрӯз ин дуввумин мавзӯи маъмултарини сиёсати ҷаҳонӣ пас аз ҷанги Эрон бо ИМА ва Исроил мебошад.
Оё Озарбойҷон Исроилро интихоб кард?
29.03.2026 18:11
822
Мо айни замон шоҳиди шиддат гирифтани низоъи низомӣ дар Ховари Миёна ҳастем. Эрон на танҳо ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва мушакҳои Амрикову Исроил муқобилат кардааст, балки ба ҳадафҳои рақибонаш зарбаҳои харобиовар низ мерасонад ва баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз метавонад барои иқтисоди ҷаҳонӣ оқибатҳои бебозгашт дошта бошад!
Қолибоф: “Мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони омрикоӣ ҳастанд”
29.03.2026 18:09
663
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар паёме гуфт: “Дар аён, паёми музокира ва гуфтугӯ мефиристад ва дар пинҳон барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад, ғофил аз ин ки мардони мо мунтазири вуруди заминии сарбозони омрикоӣ ҳастанд, то оташ ба ҷони онҳо биандозанд.”
Шикасти қарибулвуқуъи Трамп дар ҷанг алайҳи Ирон!
29.03.2026 14:36
679
Дар ҷаҳони муосир воқеъаҳои ғайриодӣ ва ҳайратангезе бахусус аз соли 1991, замони аз байн рафтани яке аз ду суперабарқудратҳои ҷаҳонӣ, ватани бузургамон СССР рух дода истодааст, ки ҷаҳонро ба ларза меоваранд.
Алон Мизрахи: “Бохти ИМА ва Исроил дар ҷанг алайҳи Эрон”
06.03.2026 21:14
599
Мо шоҳиди таърих ҳастем. Эрон, ба ҳайрати ҳама, пойгоҳҳои амрикоиро чунон дақиқ, васеъ ва қатъӣ нобуд мекунад, ки ҷаҳон ба чунин ҳолат омода нест.Дар давоми 4 рӯз Эрон тавонист доираи ҳукмронии низомии худро дар минтақа васеъ кунад. Эрон арзишмандтарин ва гаронтарин пойгоҳҳои низомӣ, таҷҳизот ва амволи ҳарбиро дар ҷаҳон нобуд ....
Тарҳи нави моҷаро
06.03.2026 21:12
443
Интизории Амрико ва Исроил аз шаҳодати роҳбарияти олии Эрон ва фармондеҳони низомӣ он буд, ки сохтори сиёсӣ дар Эрон фурӯ мерезад ва ҳокимият ба дасти нерӯҳои муътадил ва сиёсатмадорони «мудерн» мегузарад. Аммо воқеият баръакси ин интизориро нишон дод. Дар шароити буҳронӣ ҷомеаи Эрон ба ҷойи пароканда шудан, бештар гирди низоми ....
Чаро Трамп мехоҳад Гренландияро ба қаламрави худ ҳамроҳ кунад?
09.01.2026 22:15
1005
Захираҳои нодири зеризаминӣ, аз ҷумла нафт, газ, маъдан аз сабабҳое мебошанд, ки Амрико ба ин ҷазира чашм ало кардааст. Баҳонаи ИМА ин аст, ки: "Он кӯтоҳтарин масири мушаки баллистикӣ аз Русия ба Амрико аст...ва "Гунбази тиллоӣ" барои мудофиаи Амрико ба ҳисоб меравад."
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
06.01.2026 01:02
1079
Таҷовузи Амрико ба Венесуэла ва рабудани Мадуро, президенти қонунии ин кишвар, рабте ба қочоқи маводи мухаддир, терроризм, силоҳи атомӣ, поймолкунии ҳуқуқи башар, демократия ва ҳар иттиҳоми дигаре, ки додгоҳи ИМА ба Мадуро бастааст, надорад. Масъала ба фурӯши нафт бо доллар робита дорад.
















