Мақомоти Хатлон 362 парвандаи ҷиноятии марбут ба заминро оғоз карданд
Дар давраи ҷамъбасти 9 моҳи соли 2026 дар самти назорати иҷрои қонунгузориҳо оиди истифодаи замин аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон нишондиҳандаҳои фаъолият беҳтар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва барои рафъи онҳо чораҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, барои пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат карда шуд.
Дар нуҳ моҳи соли 2026 вобаста ба риоя ва иҷрои қонунгузории замин 137 санҷиш гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 920 амр, 925 эътироз ва 438 пешниҳод оварда шуда, 335 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 549 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 1726 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 362 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки аз ин 70 парвандаи ҷиноятӣ коррупсионӣ ва 34 парвандаи ҷиноятӣ дорои хусусияти иқтисодӣ-коррупсионӣ мебошад..
Кор дар самти барқарор кардани зарар беҳтар шуда, маблағи 1 млн. 782 ҳазору 819 сомонӣ барқарор шудааст, ки назар ба соли гузашта 307 ҳазору 824 сомонӣ зиёд мебошад.
Баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои замин дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ дар миқёси вилоят майдони 39,72 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст.
Аз 362 адад парвандаҳои ҷиноятии оғозгардида 63 парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони мансабдор ва дигар шахсони масъул оғоз карда шудааст, ки аз ин 13 парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 10 адад нисбати раисон ва кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 20 адад нисбати кормандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “БММҒ” дар шаҳру ноҳияҳо, 14 адад нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 6 адад нисбати дигар шахсони мансабдор мебошанд.
Ҳангоми санҷишҳо дар ин самт ҳолатҳои қабули қарорҳои беасос ва ғайриқонунӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо намудану вобастакунии қитъаи замин, беасос қатъ намудан ва тағйир додани ҳуқуқи истифодаи онҳо, ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ бо мақсадҳои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои гуногун ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин, худсарона ишғол намудан ва сохтмони худсарона дар онҳо, инчунин истифодаи ғайримақсадноки қитъаҳои замин ошкор ва чораандешӣ карда шуд.
Масалан, Муминов Ш.Т. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Ҳусейнов Х.З. ва мутахассиси бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара Қараев А.С. тахминан аз моҳи октябри соли 2024 то моҳи майи соли 2026 ба шаҳрвандон Ғуриев Ш.Б., Исуфалиев А.Ҳ. ва дигар сокинони деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз тарҳи 2788-и заминҳои маҳалли аҳолинишини деҳаи Калкотӣ Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара дар маҷмуъ 24 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигиро бо масоҳати 0.06 гектари, ки ҷамъ 1,44 гектарро ташкил додааст, ғайриқонунӣ дар ҳолати такрорӣ, бар ивази маблағи пулӣ аз 33 000 сомонӣ то 40 000 сомонӣ ҷудо карда додаанд, ки ҷамъ маблағи 587 000 сомониро ташкил медиҳад бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, дар эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуда, ба шаҳрвандони мазкур зарари ҷиддӣ расонидаанд, ки дар натиҷа аз тарафи шаҳрвандон дар қитъаҳои замини ғайриқонунӣ ҷудокардашуда, айни ҳол дар қисми он ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасон оғоз карда шудааст.
Аз рӯи ҳолатҳои мазкур 18 августи соли 2026 нисбати Муминов Ш.Т., Ҳусейнов Х.З., Қараев А.С. ва дигарон бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г” ва 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 сентябри соли 2026 нисбати Шарифов Р.Ш. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “а,б,в” ва 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятии №31600 ва №31600/1 оғоз карда шудааст, ки айни замон мавриди тафтиши пешакӣ қарор доранд.
Ҳамчунин дар давраи ҷамъбасти 9-моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба фаҳмонидану шарҳи тавзеҳи қонунии зикршуда 246 вохӯриву сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, аз тарафи кормандони прокуратура ҳамчунин аз васоити ахбори омма (радио, телевизион ва матбуот) мунтазам истифода бурда шуда, маърифати ҳуқуқии заминистифодабарандагон то андозае боло бурда шуд.
Ёрзода Мурод Бароталӣ, Коргузори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилояти Хатлон
















