"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 30 августи соли 2026
30.08.2026 12:38
570
Шумораи умумии ҳалокшудагон аз обхезиҳои шадид ва ярч дар марзи Непал ва минтақаи Тибети Чин ба 750 нафар расид. Беш аз 3,000 каси дигар, аз ҷумла наздики 900 коргари неругоҳҳои обӣ ва садҳо сайёҳи хориҷӣ, ҳамчунон бенишон мебошанд. ИМА ҳаҷми кумаки фаврии башардӯстонаро ба Непал то $3.6 миллион зиёд кард.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 29 августи соли 2026
29.08.2026 13:11
464
Президенти ИМА Доналд Трамп расман эълон кард, ки Вашингтон бо Каракас созишномаи бузурги таърихиро имзо намуд. Бар асоси он, ИМА назорати беш аз 65 миллиард баррел захираҳои нафти тасдиқшудаи Венесуэларо (тақрибан аз се як ҳиссаи тамоми кони ин кишвар) ба даст мегирад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 28 августи соли 2026
28.08.2026 11:06
1479
Мақомоти Дания ва Иттиҳоди Аврупо расман ба Шӯрои Амнияти СММ шикоят бурданд ва изҳороти Доналд Трампро дар бораи «назорати молиявӣ ва харидории Гренландия» маҳкум карданд. Онҳо ин иқдомро таҳдид ба соҳибихтиёрии кишварҳои аврупоӣ номиданд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 27 августи соли 2026
27.08.2026 11:45
489
Кохи Сафед фармони наверо эълон кард, ки бар асоси он ба ширкатҳо ва фондҳои венчурии амрикоӣ сармоягузорӣ ба бахшҳои калидии фанноварии Чин, аз ҷумла микроэлектроникаи квантӣ ва зеҳни сунъии низомӣ, расман манъ карда мешавад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 26 августи соли 2026
26.08.2026 10:16
578
Имрӯз дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ нишасти бузурги байналмилалии ширкатҳои технологӣ оғоз шуд. Мавзӯи асосии рӯз баррасии стандартҳои ягонаи ҷаҳонӣ барои истифодаи бехатари Зеҳни Сунъӣ (AI) дар бахши тиб ва низоми бонкӣ мебошад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 25 августи соли 2026
25.08.2026 10:27
407
Парламенти Аврупо тарҳи қонуни наверо баррасӣ кард, ки бар асоси он истихроҷи (майнинг) криптовалютаҳо бо истифода аз энергияи ғайриэкологӣ дар ҳудуди ИА аз соли 2027 комилан манъ карда мешавад. Ин хабар боис шуд, ки қурби Биткоин дар бозорҳо 4% коҳиш ёбад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 24 августи соли 2026
24.08.2026 09:33
506
Нашрияи The Wall Street Journal гузориш дод, ки Доналд Трамп ва Илон Маск нақша доранд шабакаи X-ро ба як платформаи расмии давлатӣ барои эълонҳои Кохи Сафед ва раванди интихоботи миёнадавлатӣ табдил диҳанд. Ин хабар баҳсҳои шадидро дар бораи озодии баён ва сонсур ба вуҷуд овард.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 22 августи соли 2026
22.08.2026 10:23
2097
Мақомоти Полша ва Литва хабар доданд, ки дар пайи шиддат гирифтани назорати марзӣ, беш аз 1200 муҳоҷир аз кишварҳои Ховари Миёна дар минтақаи нейтралии байни марзҳо дар шароити вазнини санитарӣ бе хӯрок ва об мондаанд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 21 августи соли 2026
21.08.2026 10:38
324
Имрӯз дар Ханой, намояндагони тиҷоратии ИМА ва Вазорати саноати Ветнам созишномаи наверо имзо карданд, ки боҷҳои гумрукиро барои нимҳатти восиҳо (полупроводники) ва маҳсулоти технологӣ бекор мекунад. Ин гом барои кам кардани вобастагии Вашингтон аз бозори Чин нигаронида шудааст.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 20 августи соли 2026
20.08.2026 10:26
1963
Кохи Сафед эълон кард, ки нисбат ба се ширкати бузурги логистикии Аврупо барои ҳамкорӣ бо бахши энергетикии Эрон ва вайрон кардани таҳримоти Вашингтон маҳдудиятҳои шадиди молиявӣ ҷорӣ мекунад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 19 августи соли 2026
19.08.2026 12:49
1772
Президенти ИМА Доналд Трамп бо нашри як харита гулӯгоҳи стратегии Ҳурмузро «Қаламрави нави ИМА» эълон кард. Дипломатҳои Эрон дар ҷавоб бо шӯхӣ харитаи ИМА-ро нашр карда, иёлати Калифорнияро «Қаламрави нави Эрон» номиданд. Дар ҳамин ҳол, маълумотҳо нишон медиҳанд, ки Эрон назорати роҳро гум кардааст ва 80%-и киштиҳо аз масири Умон ....
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 17 августи соли 2026
17.08.2026 13:01
457
Имрӯз, 17 август, муҳлати Ёддошти тафоҳуми 60-рӯза (MoU) барои оташбас ва музокироти сулҳ байни Вашингтон ва Теҳрон расман ба охир расид. Ҳарду тараф созишро тамдид накарданд ва якдигарро ба вайрон кардани шартҳо айбдор мекунанд, ки ин хавфи оғози давраи нави ҷангро шиддат медиҳад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 16 августи соли 2026
16.08.2026 13:28
9200
Шаби гузашта Украина яке аз калонтарин ҳамлаҳои ҳавоии таърихи ҷангро анҷом дод. Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки 822 паҳподро нобуд кардааст, ки 600-тои онҳо ба самти Москва парвоз мекарданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо 6 нафар ҳалок шуданд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 15 августи соли 2026
15.08.2026 12:37
1563
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки пас аз шикасти Эрон, ният дорад гулӯгоҳи стратегии Ҳурмузро расман қаламрави ИМА эълон кунад. Муҳосираи баҳрӣ идома дорад ва Трамп аз амрикоиҳо хост, ки ба хотири пешгирӣ аз силоҳи ҳастаии Эрон, нархи баланди бензинро ($4.08 барои як галлон) таҳаммул кунанд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 13 августи соли 2026
13.08.2026 10:58
395
Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки Вашингтон назорати комили гулӯгоҳи стратегии Ҳурмузро ба даст гирифтааст ва муҳосираи баҳрии онҳо ба мисли «девори пӯлодин» кор мекунад...
















