12:37:49 15-уми Августи 2026 сол
Баҳси овозхонии занон дар Эрон 10.02.2015 07:38 1206
Дар Эрон дар пайи нашри як албоми таронаҳои суннатӣ бо номи “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” баҳсҳо дар атрофи сарояндагии занҳо аз нав дар мегиранд.
Баҳси сулҳи Украина. 11 феврал дар Минск 09.02.2015 12:23 1211
Раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд. Талошҳои дипломатӣ барои ҳалли бӯҳрони шарқи Украина рӯзи 8 феврал идома ёфтанд.
Талаби истеъфои И.Каримов аз сӯи Иттиҳоди мусулмонон 07.02.2015 21:25 1213
Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон бо ирсоли як нома ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, аз ӯ хостааст ҳанӯз ки зиндаву саломат аст, зимоми қудратро ба дасти нафари дигаре супорад.
Шӯрои Хуросон: 'Давлати исломӣ' дар ҷавори Осиёи Миёна? 05.02.2015 21:02 1504
Хабари таъсиси "Шӯрои Хуросон" аз сӯи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (ё Доъиш) дар маҳофили сиёсию коршиносии Тоҷикистон ба ин нигарониҳо доман зада, ки ин гурӯҳ беш аз пеш ба марзҳои Осиёи Миёна наздиктар мешавад.
Аврупо алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад 05.02.2015 20:59 1181
Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русия тавофуқ карда, паймони НАТО рӯи барномаи истиқрори воҳидҳои нави низомӣ дар Аврупои шарқӣ меандешад.
AsiaTerra: Хеши Ислом Каримов ба тасарруфи 800 миллион $ айбдор мешавад 03.02.2015 21:00 1142
AsiaTerra менависад, ҷияни ҳамсари президенти Узбакистон Акбаралӣ Абдуллоев ба тасарруфи беш аз 800 миллион доллар айбдор мешавад. Як хабарнигори мустақили узбакистонӣ мегӯяд, яке аз хешовандони наздики ҳамсари президенти Узбакистон ба тасарруфи беш аз 800 миллон доллар пули нақди чандин корхона айбдор мешавад.
Таъин шудани "амир"-и Хуросон аз сӯи "Давлати исломӣ" 02.02.2015 17:11 1344
“Давлати исломӣ” нафареро бо номи Ҳофиз Саид Хон “амир”-и “Хуросон” таъин кардааст. “Хуросон” дар “харита”-и ин созмон Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон, Ҳинд ва шарқи Эронро дар бар мегирад.
Салоҳиддин Раббонӣ ба рӯйхати номзадҳо "баргашт" 28.01.2015 07:17 1203
Cанадҳои тарки душаҳрвандии Салоҳиддин Раббонӣ ва Нурулҳаққ Улумӣ, номзадҳои пешниҳодии вазоратҳои хориҷӣ ва дохилии Афғонистон аз сӯи парлумони он кишвар қабул шуд ва онҳо барномаҳои худро шарҳ доданд.
Путин: Дар Украина "легиони НАТО" меҷангад 27.01.2015 13:04 1199
Раисиҷумҳури Русия мегӯяд, дар шарқи Украина “легиони хориҷии НАТО” амал мекунад. Дабири кулли НАТО аммо гуфт, танҳо нирӯи хориҷие, ки дар Украина тохтутоз мекунад, артиши Русия аст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин артиши Украинаро айбдор кард ...
Исроил аз тариқи Русия Эронро ба "оромиш" даъват кард 27.01.2015 13:02 1217
Расонаҳои исроилӣ навиштаанд, ки Телавив аз тариқи Маскав ба Теҳрон паём додааст, ки дар фикри интиқомгирӣ ба хотири кушта шудани як фармондеҳи эронӣ набошад ва дар ин бора Эронро ба "оромиш" даъват кардааст.
Тоҷикистон даргузашти шоҳи Саудиро тасаллият гуфт 23.01.2015 19:38 1335
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон даргузашти подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ бин Абдулазиз Оли Саудро тасаллият гуфт. Малик Абдуллоҳ шаби гузашта пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 90 дар Риёз даргузашт.
Ҷаҳони байни “Шарлӣ” ва "На-Шарлӣ"-ҳоро кӣ бо ҳам меорад? 15.01.2015 21:52 1297
Вокунишҳо ба шумораи нави “Шарлӣ Эбдо” баёнгари амиқтар шудани вартаи ҷудоӣ дар ҷаҳон ва баҳси нави дигарбораи “марзҳои озодии баён” шудаанд.“Хашми худро фурӯ нишонед ва ин бозии нохушро нодида гиред” – хитоб карданд уламои Ал-Азҳар ...
Гӯшонаҳо дар пояи тахти шоҳи бемори Саудӣ 15.01.2015 21:43 1304
Бархе аз нашрияҳо хабари марги подшоҳи Арабистони Саудиро нашр карданд, вале мақомоти саудӣ мегӯянд, Абдулло ибни Абдулазиз ал-Сауд дар бемористон аст ва шифо меёбад.
Саҳнаи қатли ду "ҷосуси ФСБ" аз сӯи кӯдаки қазоқ 15.01.2015 21:39 1192
Дар Интернет видеои қатли ду марди муттаҳам ба “ҷосусӣ барои ФСБ” аз сӯи як ҷангии кӯдаки зоҳиран қазоқ нашр шудааст. Ин ду мард гӯё дар Сурия алайҳи “Давлати исломӣ” ҷосусӣ мекарданд.
Писари Раббонӣ вазири хориҷа мешавад 13.01.2015 07:12 1207
Кобинаи нави вазирони ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон баъд аз чанд моҳи интизориҳо ахиран эълон шуд. Рӯзи 12 январ дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон фармони президенти он кишвар дар мавриди муаррифии вазирони кобинаи нави он кишварро эълон кард.