Дамир Ҳазрат: "Муҳоҷирон аз масҷидҳои Русия ба ДОИШ намераванд"
23.07.2015 21:50
1235
Масъулони идораи мусулмонони Русия, иддаои мақомоти тоҷикро, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик дар масҷидҳои Русия ба гурӯҳҳои терористӣ, аз ҷумла “Давлати Исломӣ” ҷалб мешаванд, бепоя хонданд.
Номи Занҷонӣ аз рӯйхати таҳримҳо берун оварда шуд
15.07.2015 23:49
1214
Рӯзномаи "Эътимод" чопи Теҳрон дар шумораи рӯзи 15 июл навишт, ки пас аз созиши ҳастаӣ миёни Эрон ва шаш қудратӣҷаҳонӣ дар Вена дар таърихи 14 июл, таҳримҳои Ғарб алайҳи миллиардери боздоштии он кишвар Бобаки Занҷонӣ аз байн бардошт шудаанд.
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ барои созиш наздиктар шудаанд
12.07.2015 23:16
1222
Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, бо вуҷуди он ки "чанд кори сахт" боқӣ мондааст, аммо умедвор аст, тавофуқ миёни Теҳрону шаш қудрати ҷаҳонӣ ба даст хоҳад омад.
Ривояти як духтари навҷавон аз ғуломдории ҷинсии ДИИШ
07.07.2015 12:46
1699
Як духтари навҷавон аз таҷовузи гурӯҳии неруҳои минтақаи ишғолии Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки замоне дар асорати онҳо буд, нақл кардааст. Ӯ мегӯяд, ки агар ба тақозоҳои ҷинсии онҳо ҳамроҳӣ намекард, бо шаллоқ мавриди зарбу лагад қарор мегирифт ва ҳатто бо оби ҷӯш пойҳояшро месӯзонданд.
Миллиардери боздоштшуда куҷост? Вакилон дар ҷустуҷӯи Бобак Занҷонӣ
05.07.2015 23:23
1173
Як намояндаи Маҷлиси Эрон гуфтааст, онҳо низ мисли мардуми одӣ то ҳоло намедонанд, ки Бобак Занҷонӣ - миллиардери боздоштшуда дар куҷо ва дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешавад.
Номаи муҷоҳидони собиқ ба президенти Афғонистон
25.06.2015 12:28
1308
Бахше аз фармондеҳон ва муҳоҷидони собиқ аз “Ҷамъияти исломӣ" ва “Ҷумбиши исломии” Афғонистон бо ироаи як нома ба президент Ашраф Ғанӣӯро аз иттиҳоди ин ду нерӯ бар зидди ҷангиён дар шимоли Афғонистон огоҳ карданд.
Эътилофи Нур ва Дӯстум алайҳи Толибон дар шимоли Афғонистон
24.06.2015 11:30
1124
Дар ҳоле, ки волии Балх Атомуҳаммади Нур ва муовини раиси ҷумҳури Афғонистон Абдурашид Дӯстум бар зидди Толибон эътилоф кардаанд, сафири он кишвар дар СММ гуфтааст, ки 7 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар Афғонистон таҷаммӯъ намудаанд.
Юмгони Бадахшонро аз дасти Толибон озод карданд
22.06.2015 00:02
1571
Генерал Бобоҷон, сардори пулиси Бадахшони Афғонистон гуфт, ноҳияи Юмгони ин вилоятро аз зери тасарруфи Толибон озод кардаанд. Ҷангиён ин минтақаро дар аввали июн ишғол карда буданд.
Ояндаи Туркия чист, ҳатто Эрдуғон намедонад
08.06.2015 23:34
1217
Ҳизбиҳокими Туркия дар интихобот раъйи кофӣ ба даст наовард ва барои ташкили ҳукумат бояд бо ҳизбҳои дигар иттиҳод бандад. Ин ҳолат Туркияро ба як марҳалаи номуайянӣ ворид мекунад.
Эрдуғон ба истеъфо меравад, агар халоҷои тилоияшро ёбанд
02.06.2015 15:53
1271
Бо нороҳатӣ аз иттиҳоми мухолифон, ки президенти Туркияро ба хушгузаронӣ айбдор мекунанд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, агар раҳбари мухолифон халоҷои тилоии ӯро ёбад, истеъфо хоҳад дод.
Ду парвандаи фасод алайҳи раҳбарони ФИФА
27.05.2015 21:26
1311
Додситонии Швейтсария аз оғози парвандаи ҷиноӣ дар робита ба чигуна ба даст омадани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 хабар дод. Рӯзи 27 май ҳамчунин 6 мақоми аршади ФИФА дастгир шуданд.
Қурби доллар дар Узбакистон ба 5000 сӯм расид
18.05.2015 21:13
1357
Қурби доллари амрикоӣ дар бозори сиёҳи асъори Узбакистон дар поёни ҳафтаи гузашта барои нахустин бор ба 5000 сӯм расид.
"Путин. Ҷанг"-и Немтсов дар бораи ширкати Русия дар ҷанги Донбасс
12.05.2015 23:24
1271
Дар қароргоҳи ҳизби РПР-ПАРНАС дар Маскав гузориши "Путин. Ҷанг" дар бораи ширкати нерӯҳои Русия дар Донбасс муаррифӣ шуд.
Дар он сӯи қазияи Гулнора Каримова "ҷанги генералҳо" сар шудааст
12.05.2015 23:22
1252
Дар Узбакистон муовини раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишвар, ҳамзамон сардори раёсати назорат бар амнияти кормандони ин хадамот Ҳаёт Шарифхоҷаев аз мақомаш барканор шуд.
"Дар лабакам - ҳа" ва "дар дилакам - не"-и Меркелу Путин
11.05.2015 23:47
1245
Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Маскав бо ҳам мулоқот карданд. Пеш аз мулоқот онҳо ба пояи ёдгории аскари гумном дар назди Кремл гулчанбар гузоштанд.
















