Дипломатияи шаҳрдорӣ: Дурнамои ҳамкориҳои Душанбе ва Риёз дар меҳвари таваҷҷуҳ
Имрӯзҳо муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо танҳо бо сатҳи мақомоти марказӣ маҳдуд нашуда, балки рушди робитаҳои мустақим миёни пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург ба яке аз самтҳои муҳими дипломатияи муосир табдил ёфтааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои пешқадам дар бахши мудирияти шаҳрӣ ва зерсохторҳо мубодила шаванд.
Дар ҳамин замина, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо шаҳрдори Риёз, шоҳзода Файсал ибни Абдулазиз ибни Айёф мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, зимни ин вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки ҷонибҳо мавриди баррасӣ ва табодули афкор қарор гирифтанд.
Шаҳри Риёз, ҳамчун пойтахти яке аз қудратҳои бузурги иқтисодии ҷаҳони араб, айни замон шоҳиди дигаргуниҳои азими зерсохторӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муосири «шаҳри ҳушманд» (Smart City) дар доираи барномаи «Нигоҳи 2030» (Vision 2030)-и Саудӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич миёни шаҳрдории Душанбе ва Риёз метавонад барои пойтахти мо дар самти ҷалби сармояи мустақим барои сохтмонҳо, беҳтар кардани низоми нақлиёти шаҳрӣ, сабзгардонӣ ва табодули таҷрибаи муҳандисону меъморон заминаи мусоид фароҳам орад. Ин мулоқоти дипломатӣ метавонад оғози фасли нави ҳамкориҳои амалӣ ва судманд миёни ду пойтахт ба шумор равад.
“Рӯзгор”
















