10:11:45 21-уми Августи 2026 сол

Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Сайид Саҷҷод Разавӣ мулоқот намуд.

Mulo-ot-dar-Vazorati-be-dosht-darmon-va-om-zishi-pizishkii-EronТавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ, табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби ду мамлакат, танзими гардишгарии тиббӣ ва такмили асноди танзимкунандаи робитаҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди соҳавӣ байни Тоҷикистону Эрон изҳори омодагӣ карданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ