14:38:40 20-уми Августи 2026 сол

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт. Дар ин хусус ба мо аз Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

hadisa qurbonovaIMG 8052Ҳадиса Қурбонова яке аз чеҳраҳои барҷастаи назми муосири тоҷик ба шумор мерафт. Осори ӯ ба мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ишқумуҳаббат бахшида шуда, дар рушди адабиёти тоҷик нақши мондагор гузоштааст.

Ҳадиса Қурбонова 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосори вилояти Хатлон таввалуд шудааст. Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, муаллифи китобҳои ашъори «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008) ва ғайра мебошад. Силсилаи очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмуаҳои «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғҳои шаҳдрез» (1983), «Теғи одамкуш» (Москва, 2008) ва «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд, 2013) ба табъ расидаанд.

Шоир соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Соли 2003 барои китоби «Лоиқ намеояд дигар» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст. Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова ҳамчунин дорандаи нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ