08:22:26 09-уми Августи 2026 сол

Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад

Аз 1 август дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад.

BDA01082026Тавре ба мо аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ба истиснои рӯзи якшанбе ҳамарӯза аз соати 06:00 то 11:00 ҳаракати нақлиёт аз гардиши хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи С. Носир ва аз давродаври кӯчаи Карамов – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (Товус) то гардиши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Назаров (Наврӯзгоҳ) қатъ карда мешавад.

Аз ин рӯ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт ва ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват карда мешавад, ки бо назардошти маҳдудияти ҷоришуда аз роҳҳои нақлиётгарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ