08:22:46 09-уми Августи 2026 сол

Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ 27 июл зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн баррасӣ гардиданд.

www.vkd .tj Тавре ба мо аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамкории дуҷонибаро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму эктремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки рушди ҳамкории судманд дар самти таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона мусоидат менамояд.

Дар мулоқот ба масъалаҳои густариши робитаҳои касбӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкории тарафайн дар самтҳои пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ