23:56:26 22-уми Июли 2026 сол

Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд

16 июл дар шаҳри Брюссел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар Муколамаи 13-уми сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

mukolama 9856454512Зимни нишаст ҷараёни рушди мушорикат байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ ва устуворӣ, инчунин раванди иҷрои тавофуқоти нахустин Саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва «Харитаи роҳи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни муколама иштирокчиён оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо терроризм, пешгирии ифротгароии хушунатомез ва радикализм, идораи сарҳадҳо, муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об ва ҳамгироии нақлиётӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ