08:27:27 15-уми Сентябри 2026 сол
ПЕШНИҲОДИ ТАЪСИСИ ПУЛИСИ АХЛОҚ ДАР ТОҶИКИСТОН 13.07.2012 17:59 1182
Ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, дар ҷомеа зарурати таъсиси пулиси ахлоқ ба миён омадааст. Ин нуктаро вай дар нишасти хабарии донишгоҳ субҳи имрӯз иброз дошт.Аслиддин Низомов, ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои ...
ДАР ТОҶИКИСТОН МОҲИ РАМАЗОН 20-УМИ ИЮЛ ОҒОЗ МЕШАВАД 13.07.2012 17:56 1305
Дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон сар аз рӯзи ҷумъаи 20-уми июл оғоз хоҳад шуд. Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки «ин тасмим дар нишасти ин шӯро ва бо ширкати аъзои он, ки аз ҷумлаи рӯҳониёни саршиноси кишвар аст, гирифта шудааст».
ИДОМАИ ҶУСТӮҶУИ 5 САРБОЗИ ФИРОРИИ ТОҶИК 13.07.2012 17:55 1225
Додситони низомии минтақаи Кулоб аз 5 сарбозе, ки дар ин минтақа аз сафи артиш фирор карданд, хост, довталабона баргарданд, дар акси ҳол ҷазои сахте хоҳанд гирифт.
ИМЗОИ ДАҲ СОЗИШНОМА ЗИМНИ САФАРИ РАҲМОН 13.07.2012 17:54 1173
Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Озарбойҷон миёни ду кишвар 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
МОҶАРОЕ, КИ БО МАРГИ ЯК МУҲОҶИР АНҶОМИД 12.07.2012 09:14 1425
Дар шаҳри Санкт-Петербург дар паи занозании миёни тоҷикҳову озариҳо як марди тоҷик ба ҳалокат расид. Шаби гузашта барои муҳоҷирони кории муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаби сангину тӯлоние буд - кормандони полис ва Хадамоти муҳоҷирати ...
МУҶОЗОТИ ИДОРӢ БА МАЪМУРОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ 11.07.2012 14:06 1213
Бино ба иттилои маркази матбуотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сардори ситоди «Воҳиди махсус» полковник Маҳмадалӣ Раҳимов, сардори шӯъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии "Воҳиди махсус" полковник Миралӣ Ҷалолов танбеҳ гирифтаанд ва ба фармондеҳи ...
ВОКУНИШИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҲДУДИЯТИ НАВИ УЗБАКИСТОН 11.07.2012 11:23 1314
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иқдоми Узбакистон дар мавриди манъи ҳаракати мошинҳои боркаш аз қаламрави ин кишвар бе иҷозатномаи махсусро хилофи қонунҳои байналмиллалӣ номид.
САФАРИ ХИЗМАТИИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БА ВМКБ 11.07.2012 11:22 1250
Сафари хизматии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.
МУҲОКИМАИ ДУ ЗАН БАРОИ ҚАЛЛОБӢ ВА ДАЛЛОЛӢ 10.07.2012 09:10 1156
Додгоҳе дар шаҳри Хуҷанд муҳокимаи ду занро ба занни даллолӣ ва қаллобӣ оғоз кардааст. Шуҳрат Аҳроров, қозии додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ба хабаргузории “Asia Plus” гуфтааст, ки яке аз ин занон дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
НИШАСТЕ БА ХОТИРИ СОЗИШНОМАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ДАР МАСКАВ 09.07.2012 17:29 1309
Имрӯз дар меҳмонхонаи "Президент- отел"-и шаҳри Маскав мизи гирд бахшида ба 15 - солагии имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
ЯК НАФАР АЗ ДОДГОҲИ ШАҲРИ ХУҶАНД ФАРОР КАРД 09.07.2012 17:16 1347
Бино ба иттилоъи манобеъи пулиси шаҳри Хуҷанд, нерӯҳои интизомии ин шаҳр ба ҳолати сарбозӣ даромадаанд. Ин амр пас аз ҳодисаи фарори як сокини шаҳри Чкалов аз сохтмони додгоҳи шаҳри Хуҷанд, дар маркази вилояти Суғд сурат гирифт.
ВУД АФҒОНИСТОН: ҚОТИЛОНИ ЗАН БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА МЕШАВАНД 09.07.2012 17:09 1289
Куштори як зане аз ҷониби силоҳбадастон хашми мардуми Афғонистонро ба бор овард. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, таҳқиқи қатли бераҳмонаи як занро сар карданд, ки гуфта мешавад, Толибон ӯро ба зино муттаҳам карда ва дар як рустое дар ...
БЕШ АЗ 140 КУШТА ДАР ОБХЕЗИҲОИ ҶАНУБИ РУСИЯ 08.07.2012 11:03 1312
Шумораи кушташудагони обхезӣ дар ҷануби Русия ба беш аз 140 нафар расидааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, мақомҳои расмии Русия то кунун дар бораи сабабҳои кушта шудани шумораи зиёди мардум бар асали сел дар минтақаи Краснодар дар ҷануби Русия ...
АФҒОНИСТОН РАСМАН ҲАМПАЙМОНИ АМРИКО ЭЪЛОН ШУД 07.07.2012 23:07 1125
Афғонистон расман мақоми ҳампаймони ИМА миёни кишварҳои берун аз НАТО-ро соҳиб шуд. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА баъд аз вурудаш ба Кобул изҳорот дод. Ахиран Кохи Сафед фармони Барак Обамаро дар ин бора нашр кард.
ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ КОНГРЕССИ ИМА БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОВАРАД 06.07.2012 18:43 1197
Аз панҷум то шашуми июл ба Тоҷикистон ҳайати вакилони Конгресси дуҳизбаи ИМА таҳти сарварии аъзои Палатаи намояндагон Дэн Бертон (узви ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз иёлати Индиана) ва Грегори Микс (демократ аз иёлати Ню-Йорк) ташриф овард.