08:27:30 15-уми Сентябри 2026 сол
ОҒОЗИ МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН 20.07.2012 11:53 1288
Дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон сар аз имрӯз, ҷумъаи 20-уми июл оғоз ёфт. Шаби панҷшанбеи 19-уми июл дар ҳама масоҷиди Тоҷикистон нахустин намози таровеҳ бо ҳузури ҳазорҳо тан аз мусалмонони кишвар баргузор шуд ва субҳи имрӯз, ҷумъаи 20-уми июл мардум рӯза доштанд.
МАНСУР БОБОХОНОВ, ТАЪРИХНИГОРИ МАЪРУФ, ДАРГУЗАШТ 20.07.2012 11:52 1307
Профессор Мансур Бобохонов, таърихнигори маъруфи тоҷик, дар асари бемории тӯлонӣ дар манзили худ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи пайвандонаш, Профессор Бобохонов муддате тӯлонӣ аз бемории саратон ранҷ мебурд. Вай ба ҳангоми марг 81 сол доштааст.
ПРЕЗИДЕНТ БОЛО БУРДАНИ НАРХҲОРО "АМАЛИ НОСАВОБ" ХОНД 18.07.2012 11:27 1498
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёме тамоми мардуми кишварро ба муноси- бати фарорасии моҳи мубораки Рамазон шодбош гуфт. Ин ҳам дар ҳоле, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 20-уми июлро оғози моҳи мубораки Рамазон таъин кардааст.
БОЗДОШТИ ҚОТИЛИ ЭҲТИМОЛИИ ХОЛМӮЪМИН САФАРОВ 16.07.2012 19:39 1458
Нерӯҳои интизомӣ қотили эҳтимолии раиси Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистонро боздошт кардаанд.
ДАР АФРИКАИ ҶАНУБӢ ДУ НАФАРРО АЗ ХУНУКӢ САРМО ЗАД 16.07.2012 10:21 1518
Субҳи рӯзи якшанбеи гузашта (15.07.2012) ҷасади ду нафар сокини вилояти Кейпи Ғарбии Африкаи Ҷанубӣ, зани 44-сола ва марди 69-соларо аз канори роҳ пайдо карданд.Аз рӯи ташхиси кормандони полиси маҳаллӣ ин ду нафар бар асари сардиҳои шаби гузашта ...
ИНТИҚОДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УЗБАКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ РОҲИ ОҲАНИ ҚУРҒОНТЕППА 15.07.2012 23:42 1261
Масъули роҳи оҳани Қурғонтеппаи Тоҷикистон, мақомоти Узбакистонро ба кӯтоҳӣ дар бозгушоии роҳи оҳани Термиз – Қурғонтеппа байни ду кишвар муттаҳам кард.
РАҚОБАТИ АМРИКО ВА РУСИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ БЕШТАР ХОҲАД ШУД 15.07.2012 23:41 1255
Коршиноси масоили сиёсии минтақа таъкид кард, ки пас аз соли 2014 рақобат миёни Амрико ва Русия барои нуфуз бар Осиёи Марказӣ сахттар хоҳад шуд.
ИЗҲОРОТИ КОРШИНОСИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ ИНТИХОБОТИ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН 15.07.2012 23:40 1150
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон гуфт: Бо баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда ин кишвар, ноамнӣ ва бесуботӣ дар кишвар рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.
КАБИРӢ: МУШКИЛИ АСЛИИ ТОҶИКИСТОН, ҚОНУНИ ИНТИХОБОТИ ИН КИШВАР АСТ 15.07.2012 23:39 1212
Раиси ҳизби Наҳзати исломӣ ва намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар таъкид кард, ки мушкили аслии Тоҷикистон, қонуни интихоботи ин кишвар ва тамаркузи қудрат дар дасти раиси ҷумҳурӣ аст.
ДАР ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ШАФОФ ИМКОНПАЗИР НЕСТ 15.07.2012 23:37 1387
Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ таъкид кард, ки баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон имконпазир нест.
ҚОТИЛИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БО КӮМАКИ АФСАРИ РУС ФИРОР КАРД 15.07.2012 16:47 1432
Дар Русия як афсари полисро барои озод намудани як озарбойҷонии муттаҳам дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон боздошт намуданд.Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург иброз доштааст, ки ниҳодҳои тафтишоти ин шаҳр афсари 24–сола ...
ПЕШНИҲОДИ ТАЪСИСИ ПУЛИСИ АХЛОҚ ДАР ТОҶИКИСТОН 13.07.2012 17:59 1182
Ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, дар ҷомеа зарурати таъсиси пулиси ахлоқ ба миён омадааст. Ин нуктаро вай дар нишасти хабарии донишгоҳ субҳи имрӯз иброз дошт.Аслиддин Низомов, ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои ...
ДАР ТОҶИКИСТОН МОҲИ РАМАЗОН 20-УМИ ИЮЛ ОҒОЗ МЕШАВАД 13.07.2012 17:56 1305
Дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон сар аз рӯзи ҷумъаи 20-уми июл оғоз хоҳад шуд. Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки «ин тасмим дар нишасти ин шӯро ва бо ширкати аъзои он, ки аз ҷумлаи рӯҳониёни саршиноси кишвар аст, гирифта шудааст».
ИДОМАИ ҶУСТӮҶУИ 5 САРБОЗИ ФИРОРИИ ТОҶИК 13.07.2012 17:55 1225
Додситони низомии минтақаи Кулоб аз 5 сарбозе, ки дар ин минтақа аз сафи артиш фирор карданд, хост, довталабона баргарданд, дар акси ҳол ҷазои сахте хоҳанд гирифт.
ИМЗОИ ДАҲ СОЗИШНОМА ЗИМНИ САФАРИ РАҲМОН 13.07.2012 17:54 1173
Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Озарбойҷон миёни ду кишвар 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.