08:19:34 09-уми Августи 2026 сол

Чемпионати ҷаҳонии соли 1966

Пас аз замини ларзидаи Чили, ҷаҳон боз ба Аврупо баргашт ва ин дафъа ба зодгоҳи футбол Англия. Чемпионати ҳаштум, ки соли 1966 дар ин кишвар баргузор шуд, ба яке аз пурҳаяҷонтарин ва баҳсноктарин мусобиқаҳои таърих табдил ёфт.

image bd395e65Дар ин ҷо, мизбонҳо ниҳоят орзуи миллии худро иҷро карданд. Чемпионати ҳаштум дар кишвари Англия аз 11 то 30 июли соли 1966 баргузор гардид. Ин аввалин ва то ба имрӯз ягона Чемпионати ҷаҳон буд, ки дар зодгоҳи футбол Англия доир шуд.

16 тими миллӣ дар ин Чемпионат иштирок карданд. Бозихо дар варзишгоҳҳои «Уэмбли» Лондон,   Гудисон Парк» Ливерпул, «Олд Траффорд» Манчестер, «Вилла Парк» Бирмингем, «Хилсборо» Шеффилд, «Рокер Парк» Сандерленд, «Эрсом Парк» Мидлсбро, «Уайт Сити» Лондон баргузор гардиданд.

Тими миллии Англия бори аввал дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар финали афсонавӣ, ки 30 июл дар Варзишгоҳи «Уэмбли»-и Лондон баргузор шуд, англисҳо дастаи Олмони Ғарбӣ-ро дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст доданд. Роҳи Англия ба финал. Дар давраи гурӯҳи бо дастаи Уругвай мусовӣ 0:0. Галаба бар дастаи Мексика ва Фаронса 2:0. Дар чорякфинал ангилисҳо бар дастаи Аргентина 1:0 голиб баромада дар нимфинал бо хисоби 2:1 дастаи Португалия маглуб карданд. Бозингар Ҷефф Хёрст Англия дар финал хет-трик кард, аввалин ва то ҳол ягона хет-трик дар финали Чемпионатҳои ҷаҳон. Дар маҷмӯъ дар мусобиқа 4 гол зада. Голи дуюми ӯ дар финал дар дақиқаи 101 то ҳол сабаби баҳс аст: оё тӯб аз хати дарвоза гузашт ё не?

Ин чемпионат ба сабабҳои зерин дар хотир мемонад:

-Аввалин қаҳрамонии Англия. Англия, сарфи назар аз он ки зодгоҳи футбол аст, то соли 1966 ягон ҷоми ҷаҳонро набарда буд. Ин пирӯзӣ барои миллати Англия як орзуи 100-сола буд.

- Рекорди Ҷефф Хёрст. То имрӯз ҳеҷ бозигаре дар финали Ҷоми ҷаҳон хет-трик карда натавонист .

- "Голи асри XX". Голи дуюми Хёрст, ки дар дақиқаи 101 ва баъд аз бархӯрд ба болои дарвоза зада шуд, яке аз баҳстарин гулҳои таърих аст. Ба ҳакам, ки дар он замон дар хати дарвоза буд, онро гол эълон кард.

- Олмони Ғарбӣ дар дақиқаи 90 бо голи Вольфганг Вебер ҳисобро ба 2:2 баробар кард ва бозӣ ба вақти иловагӣ рафт.

- Ин аввалин Чемпионат буд, ки ҳар 4 дастаи беҳтарин бо медалҳои тило, нуқра, биринҷӣ ва биринҷии 2-юм қадрдонӣ шуданд.

- Бобби Мур ва Бобби Чарлтон дар ин мусобиқа ба беҳтарин бозигарони таърихи Англия табдил шуданд.

Англия, ки қабл аз ин ҳеҷ гоҳ дар Чемпионатҳои ҷаҳон ба даври ниҳоӣ нарасида буд, дар хонаи худ тавонист унвонро ба даст орад. Дар даври гурӯҳӣ англисҳо ягон гул нахӯрданд 0:0 бо Уругвай, 2:0 бо Мексика ва 2:0 бо Фаронса. Дар плей-офф, онҳо дар ҳар бозӣ пас аз кушодани ҳисоб, онро то охир ҳифз карданд. Ин дастаи тиллоии Англия, ки дар он Бобби Чарлтон, Бобби Мур, Ҷефф Хёрст ва Гордон Бэнкс ҷой доштанд, ба яке аз беҳтарин дастаҳои таърихи футбол табдил ёфт .

Чемпионати ҷаҳонии соли 1966 дар Англия яке аз фаромӯшнашавандатарин мусобиқаҳои таърих аст. Ин на танҳо аввалин ва ягона қаҳрамонии Англия, балки як ҳодисаи фарҳангии миллӣ гардид. Ҷефф Хёрст, Бобби Чарлтон ва Бобби Мур ба легендаҳои футбол табдил шуданд. Гарчанде ки қарори баҳсноки голи дуюм дар финал то имрӯз ҳам мавзӯи баҳс аст, пирӯзии Англия дар зодгоҳи футбол ва финали хет-трики Ҷефф Хёрст ин мусобиқаро дар қалби мухлисони футбол ҷовидона нақш баст.

"Рӯзгор"

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ