Чемпионати ҷаҳонии соли 1962
Чемпионати ҷаҳонии футбол 1962 на танҳо як мусобиқаи футболӣ, балки рамзи ирода ва умеди миллии халқи Чили буд. Ин чемпионат, ки дар замине баргузор шуд, ки ду сол пеш аз бузургтарин заминларзаи таърих 9,5 балл сахт осеб дида буд, нишон дод, ки футбол чӣ гуна метавонад миллатро муттаҳид созад.
Чемпионати ҳафтум дар кишвари Чили аз 30 май то 17 июни соли 1962 баргузор гардид. Ин аввалин бор буд, ки Чемпионати ҷаҳон дар хоки Чили доир мешуд. 16 тими миллӣ иштирок карданд. 32 бозӣ дар 4 шаҳр ва 4 варзишгоҳ баргузор шуд. Сантяго – Варзишгоҳи Миллӣ (Estadio Nacional). Винья-дел-Мар – Варзишгоҳи Саусалито. Ранкагуа – Варзишгоҳи Эл Тениенте. Арика – Варзишгоҳи Карлос Диттборн мизбони ин бозиҳо гардиданд.
Бразилия бори дуюм пай дар пай қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар финал, ки 17 июни соли 1962 дар Варзишгоҳи Миллии Сантяго баргузор шуд, бразилиягиҳо дастаи Чехословакия-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд.
Бразилия пас аз зафари соли 1958 дар Шветсия, дар Чили низ тавонист унвони худро ҳимоя кунад ва баъд аз Италия 1934, 1938 дуввумин дастае гардад, ки ин корро анҷом медиҳад. Пеле дар бозии дуюм бар Чехословакия маҷрӯҳ шуд ва тамоми мусобиқаро аз даст дод. Аммо Гарринча, ки дар майдони рост бозӣ мекард, масъулиятро бар дӯш гирифт. Вай дар бозии нимфинал бар Чили ду гол зад ва яке аз беҳтарин бозигарони мусобиқа гардид. Вава (Эдвалдо Издио Нето), ки дар финали соли 1958 ду гол зада буд, дар финали соли 1962 низ як гол ба сабт расонд ва дар ду чемпионат гол зада.
Ин чемпионат ба сабабҳои зерин дар хотир мемонад:
- Бразилия дуввумин дастаи таърих гардид, ки унвони қаҳрамониро ҳимоя мекунад пас аз Италия дар солҳои 1934 ва 1938.
- Соли 1960, дар Чили бузургтарин заминларзаи таърих 9,5 балл рух дод, ки ба инфрасохтори кишвар сахт осеб расонд. Карлос Диттборн, раиси кумитаи ташкилотчии Чили, шиори "Аз он сабаб ки мо ҳеҷ чиз надорем, мо ҳамаи имкониятҳоямонро ба кор мебарем, то дубора бисозем"-ро пешниҳод кард.
- Бозии байни Чили ва Италия 2:0 яке аз хашнгинтарин бозиҳои таърихи Чемпионатҳои ҷаҳон буд. Танҳо ду бозигар ҳарду аз Италия аз майдон ронда шуданд, вале дастаи Итолиё барои хуруҷ аз майдон ба ҳимояи полис ниёз дошт.
- Пеле дар бозии дуввум бар Чехословакия маҷрӯҳ шуд ва боқимондаи мусобиқаро аз даст дод. Гарринча масъулиятро бар дӯш гирифт.
- Ин аввалин Чемпионати ҷаҳон буд, ки миёнаи голҳо дар як бозӣ ба 2,78 расид (зери 3 гол) ва баъд аз он ҳеҷ гоҳ аз ин нишондиҳанда боло нарафт.
- Аргентина ягона дастае буд, ки бо фарқи тӯбҳо аз мусобиқа хориҷ шуд.
Мизбонии Чили ва муваффақияти таърихӣ. Чили, ки то он вақт ягон дастоварди бузург дар футбол надошт, бо дастаи ҷавони худ тавонист ба ҷои сеюм бирасад. Ин дастовард то имрӯз яке аз беҳтарин натиҷаҳои Чили дар Чемпионатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Чемпионати ҷаҳонии соли 1962 дар Чили на танҳо бо пирӯзии дубораи Бразилия, балки бо далели иродаи миллати Чили, ки пас аз заминларзаи сахт тавонист ин чорабиниро баргузор кунад, дар ёд мемонад. Бразилия бо Гарринча ва Вава нишон дод, ки ҳатто бе Пеле низ метавонад қаҳрамон шавад. Чили бо ҷои сеюм сазовори ҳурмати ҷаҳониён гардид ва "Набард дар Сантяго" ба яке аз шиддатноктарин бозиҳои таърихи футбол табдил ёфт.
"Рӯзгор"
















