23:51:48 22-уми Июли 2026 сол

Финал ва бозии ҷои сеюми Ҷоми ҷаҳон 2026

19 июл дар Варзишгоҳи "MetLife"-и Ист-Ратерфорд (Ню-Йорк/Ню-Ҷерсӣ, ИМА) бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон 2026 баргузор гардид. Испания бо ҳисоби 1:0 Аргентинаро шикаст дод ва барои бори дуюм дар таърих қаҳрамони ҷаҳон гардид.

photo_2026-07-20_17-38-52Испания бозиро пурра назорат карда, ба Аргентина имкони зарба задан намедод. Аргентина дар нимаи аввал ва тамоми вақти асосӣ ягон зарба ба сӯи дарвоза назад, ки ин як антирекорди финалҳои Ҷоми ҷаҳон аст. Испания 20 зарба зада, аммо дарвозабони Аргентина Эмилиано Мартинес дастаи худро нигоҳ дошт.

Дар дақиқаи 40-ум, мудофеи марказии Аргентина Лисандро Мартинес маҷрӯҳ шуд ва майдонро тарк кард.

Бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 90+3-юм, Энсо Фернандес барои қоидавайронкунии дағал бар Пау Кубарси корти дуввуми зард гирифта, аз майдон ронда шуд. Аргентина тамоми вақти иловагиро бо 10 нафар бозӣ кард. Дар дақиқаи 106-ум, Нико Уилямс паси тӯби дарозро гирифта, бо сар ба маркази қитъаи ҷазо пас дод ва Ферран Торрес бо зарбаи пурқувват дарвозаи Аргентинаро кушод 1:0.

photo 2026-07-20 17-38-57Ин ягона голи бозӣ буд. Испания бори дуюм (пас аз соли 2010) қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Испания силсилаи шикастнопазири худро ба 38 бозӣ расонд ва рекорди Италияро шикаст. Аргентина аввалин дастае гардид, ки дар финали Чемпионати ҷаҳон дар вақти асосӣ ягон зарба ба сӯи дарвоза назадааст. Ферран Торрес дар ин Чемпионат аввалин голи худро ба сабт расонд, ки муҳимтарин гол буд. Лионел Месси дар сеюмин финали Чемпионати ҷаҳон ширкат кард (баъд аз соли 2014 ва 2022).

Бозии ҷои сеюм: Англия 6:4 Фаронса 

Бозии ҷои сеюм бо рекорди таърихӣ анҷом ёфт. Англия бо ҳисоби 6:4 Фаронсаро шикаст дод ва бори аввал дар таърих ҷои сеюмро ба даст овард.

Англия: Деклан Райс (3'), Эзри Конса (18'), Букайо Сака (37', 45+1', 87' – пеналтӣ), Ҷуд Беллингем (90+').

Фаронса: Килиан Мбаппе (48', 66'), Брэдли Баркола (54'), Усман Дембеле (90+').

Чемпионати ҷаҳон 2026 бо иштироки 48 даста дар се кишвар – ИМА, Канада ва Мексика – аз 11 июн то 19 июл баргузор шуд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ