07:44:55 22-уми Сентябри 2026 сол

Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

«Рушди ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ: роҳҳо бо таъмини бехатарӣ» — таҳти ин унвон 16 сентябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Konferensiyai bajnalmilali dar DTT 1Дар конференсия масъалаҳои мубрами соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд. Маърузачиён ба масъалаҳои истеъмоли энергияи барқии электромобилҳо ва меъёрҳои сарфи сӯзишвории мошинҳои дорои муҳаррики дарунсӯз дар шароити кӯҳистон, рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе ва рушди ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки рушди низоми нақлиётӣ дар шароити муосир на танҳо ба тавсеаи инфрасохтори роҳҳо, балки ба татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ, рушди нақлиёти экологӣ ва ташаккули низоми ягонаву ҳамоҳанги нақлиётӣ алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии равандҳои ҳамгироии системаҳои нақлиётӣ ва таҳияи роҳҳои муассири идоракунии онҳо барои таъмини ҳаракати бехатар, самаранок ва устувори нақлиётӣ аҳаммияти назаррас дорад.

Дар конференсия ҳамчунин масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи нақлиёти шаҳрӣ, мутобиқсозии инфрасохтори роҳҳо ба талаботи муосир, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои нақлиётӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд. Муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва табодули андешаҳо байни омӯзгорон, муҳаққиқон, мутахассисон ва донишҷӯён барои густариши ҳамкории илмӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои соҳавӣ замина фароҳам овард.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ майдони муҳими илмӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами рушди нақлиёт, таҳкими бехатарии ҳаракат, татбиқи технологияҳои муосир ва такмили инфрасохтори роҳҳо арзёбӣ гардида, дар таҳкими ҳамкории илмӣ-таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи нақлиёт аҳаммияти муҳим дошт.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ