23:54:03 22-уми Июли 2026 сол

ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон охири соли 2025 ва аввали соли 2026 дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзуи «Омилҳои иҷтимоӣ-рафторӣ ва оқибатҳои издивоҷи бармаҳал байни наврасон дар Тоҷикистон» таҳқиқоти сотсиологӣ анҷом дод.

nikoh 89564512456556Тавре директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода 17 июл  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, таҳқиқот дар шакли сифатӣ ва тавассути пурсиши сотсиологӣ дар 26 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар он 2000 волидайни дорои фарзандони аз 10 то 17-сола ва шахсони сарпарасти наврасони ҳамин синну сол иштирок намуданд.

«Ҳисоботи пурраи натиҷаҳои таҳқиқот ба тамоми вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардид. Дар ҳисобот дар асоси таҳлили муқоисавӣ нишон дода шудааст, ки сатҳи издивоҷи бармаҳал нисбат ба солҳои қаблӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Омилҳои гуногуне, ки ба ин раванд таъсир мерасонанд, аз ҷумла маҳали ҷойгиршавии минтақаҳои фарогири таҳқиқот, фарогирии шахсони дучори ин ҳолат ба низоми маориф, яъне сатҳи таҳсил ва вазъи иҷтимоию иқтисодии оилаҳои пурсидашудагон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, яке аз хулосаҳои асосӣ ин аст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ тамоюли издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфта истодааст»,–чунин шарҳ дод Хайриддин Усмонзода дар посух ба суоли хабарнигорон.

Издивоҷи бармаҳал яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ буда, ба рушди устувори ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва таъмини баробарии имконот таъсири мустақим мерасонад. Гарчанде солҳои охир дар Тоҷикистон тамоюли коҳиш ёфтани ин раванд мушоҳида мешавад, он ҳамоно дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад.

Доир ба ин масъала 15 июл дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 27 ҳазору 563 ҳолати ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  2793 ҳолат камтар мебошад. Аз шумораи умумии ақди никоҳи бақайдгирифта 141 ҳолат дар асоси қарори суд бо роҳи кам кардани синни никоҳӣ иҷозат дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба шаш моҳи соли 2025, ки 230 ҳолат буд, 89 ҳолат камтар мебошад.

Ба андешаи коршиносон, издивоҷи бармаҳал аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ буда, ба он омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодии оилаҳо, таъсири баъзе урфу одатҳо, инчунин бармаҳал қатъ гардидани таҳсили наврасон аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд ба пайдоиши чунин ҳолат мусоидат намоянд. Пешгирии ин ҳолат танҳо бо татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ маҳдуд нашуда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иҷтимоии аҳолӣ ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ низ аҳамияти муҳим дорад.

Ҷомеашиносон изҳор медоранд, ки издивоҷи бармаҳал метавонад ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии наврасон, инчунин ба рушди минбаъдаи онҳо таъсири манфӣ расонад. Дар чунин ҳолат имконияти идомаи таҳсил, азхуд намудани касбу ҳунар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ маҳдуд мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии издивоҷи бармаҳал ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак пайваста тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Такмили заминаи ҳуқуқӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, фарогирии бештари кӯдакону наврасон ба таҳсил, инчунин тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба коҳиш ёфтани ин ҳолат ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мусоидат менамоянд.

Аз ин рӯ зарур аст, ки вазорату идора ва муассисаҳои дахлдор барои пешгирии пурраи издивоҷи бармаҳал ҳамкориро бо падару модарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият диҳанд. Дар ин самт баланд бардоштани масъулияти оила, тарбияи ҳуқуқии наврасон, рушди имконияти таҳсил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди онҳо аҳамияти махсус дорад.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ