23:49:39 22-уми Июли 2026 сол

“Садамаҳои нақлиётӣ – проблемаи рӯз!”

Теъдоди садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёд шуда, боиси нигаронӣ ва ташвиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардида истодааст.

image_af145cfbДар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳудуди вилоят 167 садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 95 нафар шаҳрвандон вафот карда, ба саломатии 148 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида шудааст.

Талафуз кардани шумораи 95 нафар осон аст. Аммо агар мо дар бораи ҳамаи паҳлуҳои оқибатҳои вафот кардани ин нафарон чуқуртар фикр кунем, пас дараҷаи баланди хавфнокии ин кирдорҳоро дарк мекунем.

Ҳамаи ин шахсони вафоткарда фарзанд, ҳамсар, падару модар доштанд, ки дар як қатор ҳолатҳо фарзандони хурдсолу ноболиғи онҳо ятим монданд ва дар дигар ҳолатҳо падару модарон фарзандони бо азобу машақатҳои зиёд таваллуднамуда ва то ба синни муайян нигоҳубиннамудаву тарбиянамударо аз даст доданд.

Мову шумо медонем, ки шахсони ин ҷиноятҳоро содирнамуда ҳаргиз наметавонанд оқибатҳои аз ин ҷиноятҳо фарорасидаро пурра бартараф ва зарари расидаро барқарор кунанд.

Магар ронандаи ҷинояткор, ки дар натиҷаи аз ҷониби ӯ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шахси якчанд фарзандошта вафот кардааст, баъди вафоти ин шахс ҳамаи амалҳое, ки ӯ барои фарзандонаш ҳамарӯза анҷом медод иҷро мекунад? Магар ин ҷинояткор ба монанди падари вафоткардаи онҳо ҳамарӯза онҳоро бо молу маводи лозима таъмин мекунад ё ҳамарӯза нисбати ин фарзандон чораҳои тарбиявӣ меандешад? Ин ятимон ҳаргиз аз он таъминот ва он тарбияе, ки падарашон нисбати онҳо амалӣ мекард, бархурдор намешаванд.

Оқибати дигаре, ки дар як қатор ҳолатҳо фаро расидааст, он аст ки бори таъмину тарбияи ин ятимон ба души занон - ҳамсарони шахсони вафоткарда, ки дар бисёр ҳолатҳо соҳиби малумоту касб нестанд, меафтад.

Ҳамаи паҳлуҳои оқибати дигарро дар шакли аз ҳаёт маҳрум кардани шахс, яъне имконияти зиндагӣ карданро аз у гирифтан, ки ҳаётро як маротиба Худованд ба инсон медиҳад, дар доираи маҳдуди вақти ҷудошуда тавсиф кардан ғайриимкон аст.

Ҳамаи ин кирдорҳову оқибатҳо аз як раванд оғоз мешаванд, аз худбовариву бепарвоии ронандагон.

Офаридану сохтани воситаҳои нақлиёт якчанд даҳсола қабл оғоз гардида, солҳои охир сифату хусусиятҳои онҳо аз рӯи суръат ва дигар нишондиҳандаҳо баланд шуда, барои осон ва беҳ кардани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намудаанд.

Дар баробари ин воситаҳои нақлиёт барои ҷамъият хатари дараҷаи муайян дошта, бе қоидаҳои муайян истифода бурдани онҳо эҳтимолияти зиёди расонидани зарар ба ҳаёту саломатӣ ва моликиятро ба миён меоранд.

Ин аст, ки давлату ҳукумат бо мақсади ба тартиб даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва барои сокинони мамлакат таъмин кардани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо меъёру қоидаҳои рафтори мушаххасро барои ронандагон муқаррар карда, аз ҳама ронандагон иҷро ва риояи ҳатмии онҳоро талаб кардааст.

Дар байни ин меъёрҳои уҳдадоркунандаву манъкунанда муқаррарот оид ба маҳдудияти суръат, истифодаи воситаи нақлиёти ҳолати техникияш ба талабот ҷавобгӯ, идора накардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва таъсири дигар воситаҳои мадҳушкунанда, риоя кардани масофаи зарурӣ байни воситаҳои нақлиёт, қоидаҳои сабқат, пешгузарӣ, рафту омади муқобил, ҷойивазкунӣ, гардиш, тобхурӣ нақши муҳим мебозанд.

Сабабҳои содиршавии садамаҳои нақлиётӣ дар 85 ҳолат ё 50% баланд кардани суръати ҳаракат дар роҳ, 41 ҳолат ё 25% ба самти муқобил баромадан ва қоидаҳои сабқатро (обгон) вайрон кардан, 11 ҳолат ё 6,5% нигоҳ надоштани фосилаи дахлдор бо дигар воситаҳои нақлиёт, 14 ҳолат ё 8,3% вайрон кардани қоидаҳои манёвр, инчунин дигар қоидавайронкуниҳо мебошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра зиёдшавии садамаҳои нақлиётии марговар асосан дар натиҷаи баланд кардани суръати воситаи нақлиёт ё бе риояи қоидаҳо ба муқобили самти ҳаракат барои сабқат баромадан гардидаанд.

Мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар давраи зикршуда барои ба қайд гирифтани ҳамаи садамаҳои нақлиётии рухдода, аз қайд пинҳон намондани онҳо ва аз ҷавобгарӣ дур намондани ронандаҳои гунаҳгор, оғозу тафтиш кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шудаанд, тадбирҳои қатъӣ андешиданд.

Дар ин давра нисбати 287 (2025-226) нафар ронандаҳо бо моддаи 212 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати ронандаҳое, ки бо ҳолатҳои вазнинкунанда ин ҷиноятро содир кардаанд, чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ шуда, ҳамаи ин парвандаҳо баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуда, бо ҳукмҳои суд нисбати онҳо ҷазоҳои сазовор, аз ҷумла ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатҳои гуногун таъин карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилоят минбаъд низ барои ба қайд гирифтани ин намуд ҷиноятҳо, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ронандаҳои ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо дастзада чораҳои қатъиро роҳандозӣ менамоянд.

Ҷалолиддинзода Камолиддин, Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

Назари Шумо

Security code
навсозӣ