00:58:21 23-уми Июли 2026 сол

“Мубориза бо терроризм ва экстремизим талаби замон аст!”

Ба назорати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» диққати махсус дода, дар ин самт 50 санҷиш гузаронида, бо натиҷаи онҳо 582 ё 3,6% зиёд қонунвайронкуниҳоро ошкор ва муайян карда, ҷиҳати бартарафсозӣ ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда 88 пешниҳод, 205 амр оварда шуда, дар асоси ҳуҷҷатҳои эътиноии прокурорӣ 71 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 76 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 138 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

image 1476ca06Бо назардошти хавфнокии ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ фаъолият дар ин самт ҷоннок гардида, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 157 ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта ошкор ва аз рўи ин ҳолатҳо нисбати 159 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ки аз ин парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 3 нафар барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухáрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар каламрави дигар давлат мебошад.

Тибқи маълумотҳои расмӣ то 18 июни соли 2026 чамъан 1924 нафар сокинони вилоят дар давлатҳои хориҷӣ ба таҳсили динӣ фаро гирифта шудаанд, ки 1830 нафари онҳо ба ҷойҳои зисти доимии худ баргардонида шуда, ҳоло дар хориҷи кишвар 94 толибилм қарор доранд, ки аз ин нисбати 78 нафар бинобар ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил гардидан парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар кофтуков қарор доранд.

Баҳри баргардонидани 16 нафар толибилмони дар хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсилдошта чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба 16 нафар волидони онҳо огоҳиномаи расмӣ супорида шудааст.

Вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» 46 санҷиш гузаронида шуда дар маҷмўъ 503 (486) ё 3,3% зиёд қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани онҳо 153 амр, 64 пешниҳод бароварда шудааст. Бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 56 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 227 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, кормандони прокуратураи вилоят бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии сокинони вилоят, пешгирии ҷавонону наврасон аз даст задан ба амалҳои номатлуб, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мунтазам бо сокинони шаҳру ноҳияҳо мулоқоту вохӯриҳо доир карда шудаанд.

Аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 64 пешниҳодҳо баҳри бартараф кардани камбудӣ ва қонунвайронкуниҳои дар ин самти фаъолият ҷойдошта унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ирсол карда шудааст.

Прокуратураи вилоят сомонаҳои интернетиро дар қисмати паҳн гардидани хабару иттилоотҳои иғвоангезу ифротӣ ва маводҳои танқидии воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои расмӣ ва иҷтимоӣ мунтазам пайгирӣ намуда, дар ин давра корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд.

Ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкуниҳо ва иҷроиши талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», як қатор вохӯриҳо дар байни ноболиғон, ҷавонон, донишҷӯён, хонандагони колеҷҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва бозорҳои минтақаи Кӯлоб ва Бохтар гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, кормандони прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии сокинони вилоят, пешгирии ҷавонону наврасон аз даст задан ба амалҳои номатлуб, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳои ҳудуди вилоят, мулоқоту вохўриҳоро пайваста доир намуда, тариқи васоимти ахбори омма низ баромадҳоро тибқи нақшаи кории прокуратураи вилояти Хатлон анҷом додаанд.

Дар маҷмӯъ дар давраи таҳлилӣ аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар самти пешгирии терроризм ва экстремизм зиёда аз 508 (483) маротиба вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дода шудааст.

Бо натиҷаи ҷамъбаст ва таҳлилҳои гузаронидашуда назорати прокурорӣ минбаъд низ дар ин самт пурзӯр карда мешавад.

Ҳасанзода А,Р., Сардори шуъбаи назорати иҷроиқонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураивилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ