«Дар бораи танзими ҷашну маросим!»
Прокуратураи вилояти Хатлон назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати амалисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз қонуни миллии кишвар ба ҳисоб рафта ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст.
Вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тарабхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон қонунвайронкуниҳо, ба монанди вайрон кардани вақти баргузории чорабиниҳо, зиёд кардани теъдоди иштирокчиёни маъракаҳо, таъсис надодани комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо дар маҷмўъ 473 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 49 амр, 13 эътироз ва 130 пешниҳод оварда шуда, 125 истеҳсолоти интизомӣ, 142 маъмурӣ ва 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Зимни санҷиши вазъи иҷрои талаботи Қонуни мазкур муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 182 адад комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин 1591 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросими ташкилоту муассисаҳо фаъолият менамоянд.
Аз ҷониби комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар ин давра 111 адад қонунвайронкуниҳо ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.Санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти комиссияҳои доими маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ муайян намуд, ки новобаста аз корҳои анҷомдода дар фаъолияти ин комиссияҳо як қатор қонунвайронкуниҳо ҷой дорад.
Чунончӣ, санҷиш дар фаъолияти комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ муайян намуд, ки гарчанде, бо қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 5-уми сентябри соли 2025 таҳти №369 комиссияи доимии маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ оид ба танзими ҷашну маросим иборат аз 9 нафар қабул карда шуда бошад ҳам, вале Низомномаи комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ оид ба танзими ҷашну маросим ба қонун мутобиқ ва тасдиқ карда нашуда, дар давоми соли 2025 ва ва давраи сипаришудаи соли 2026 ягон маротиба ҷаласа гузаронида нашуда, дар бастаи назоратӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мавҷуд намебошад.
Ё ин, ки санҷиш дар фаъолияти комиссияи ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ муайян намуд, ки аз ҷониби комиссия дафтари сабти маъракаҳои кормандон, ҷиҳати ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ ташкил карда нашуда, баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби кормандон чораандешӣ карда нашудааст.
Ҳамзамон, санҷиш дар фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти ‹‹Анористон››-и ноҳияи Дӯстӣ муайян намуд, ки дар ҷамоати мазкур комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода нашудааст.
Бо ҳамин монанд, қонунвайронкуниҳо аз қабили таъсис надодани комиссияи доимии маҳалӣ ва ҷамъиятӣ, мувофиқат накардани ҳисоботҳои оморӣ, умуман фаъолият накардани комиссияҳо, қабули қарор ва фармоишҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти комиссияи доимии маҳалӣ ва ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дӯстӣ, Панҷ ва Хуросон ошкор карда шуд.
Санҷишҳо собит намуданд, ки баъзе аз шаҳрвандон аз беназоратии масъулини соҳа-комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим истифода намуда, ҷашну маросимҳои пурхарҷ доир карда, талаботи қонунгузориро вайрон намудаанд.
Масалан, Абдуллоева Шарифгул Муродовна, сокини ноҳияи Данғара санаи саннаи 28 апрели соли 2026 аз соати 20:00 дақиқа cap карда, зодрӯзашро дар тарабхонаи «Манс», воқеъ дар суроғаи ноҳияи Данғара, Ҷамоати деҳоти И.Шариф, деҳаи Корхонаи пўсткоркунӣ бо иштироки 12 нафар, иборат аз дугонаҳо ва рафиқонаш, ки ба доираи оила дохил намешаванд ва хизматрасонии рақосаҳо ҷашн гирифтааст.
Ё ин, ки Тағоев Ғайрат Пулодович, сокини ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ 25 апрели соли 2026 маросими чили маҳрум модараш Давлатова Дастхолро бо забҳи чорво ва додани таъом бо иштироки ҳамсоягон ва дигар шахсони даъватшуда гузаронидааст.
Инчунин, Раҳимзода Холиди Талбак сокини деҳаи Доробии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг санаи 16 майи соли 2026, ҳангоми пешвозгирӣ ва рӯи тахт баровардани келинаш дар манзили истиқоматиаш, купюраҳои 10 сомона пошидааст.
Аз рӯи ин ҳолатҳо нисбати Абдуллоева Ш.М., Тагоев Г.П. ва Раҳимзода Х.Т. бо моддаи 481 қисмҳои 1, 2, 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Ҳолатҳое ҷой дорад, ки баъзе масъулини комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим хилофи ин талаботи муқаррарнамудаи қонуни болозикр амал намуда, аз муносибати бепарвоёна ва ё дигар манфиатдории шахсӣ даст ба қонунвайронкунӣ мезананд.
Чунончи, Давлатхоҷаев Дилшод Амирович, сокини ноҳияи Панҷ, Ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Зуҳуриён аз 11 ноябри соли 2020 то инҷониб дар вазифаи мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ фаъолият намуда , бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» амал намуда, 10 адад муроҷиатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро қабул намуда, онҳоро ба қайд нагирифта, бе баррасӣ дар утоқи кориаш нигоҳ доштааст.
28 апрели соли 2026 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Давлатходжаев Д.А. бо моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Ё ин, ки мудири бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон Шукуриён А.М. зимни фаъолияти кориаш моҳи июни соли 2023 бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба боварии шаҳрванд Маҳмалиев Ш.Д. даромада, бо мақсади ба руйхат дохил ва ба ҳаҷ равон намудани ӯ ва ҳамсараш маблағи 146000 сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба номбурда зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳолат нисбати Шукуриён А.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Аз тарафи прокуратураи вилоят дар ин давра вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни аҳолӣ ва дар ташкилоту муассисаҳои кори муйяне ба иҷро расонида шуда, 228 маротиба сўҳбату вохўриҳо анчом дода шуда, аз васоити ахбори омма(радио, телевизион ва матбуот)низ басамар истифода бурда шудааст.
Прокуратураи вилоят минбаъд низ ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро зери назорати доимӣ қарор дода, дар ин самт мунтазам санҷиш гузаронида, оид ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунии ошкоршуда чораҳои судманд меандешад.
Насриддинзода З.С., Прокурори калони шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 2
















