Чеҳраҳои мондгор Ибни Халдун: Падари Ҷомеашиносӣ ва Фалсафаи таърих
Дар замони мо, ҳар вақте ки сухан аз ҷомеа, фарҳанг, тамаддун ва қонунҳои рушди онҳо меравад, мо бори дигар ба осори марде рӯй меоварем, ки 700 сол пеш дар Африқои Шимолӣ зиндагӣ мекард. Ин мард Абузайд Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдуни Ҳазрамӣ, машҳур ба Ибни Халдун яке аз бузургтарин мутафаккирони таърихи башар аст, ки олимон ӯро асосгузори ҷомеашиносӣ, фалсафаи таърих ва ҳатто иқтисоди муосир мешуморанд.
Зиндагӣ дар фасодҳои сиёсӣ
Ибни Халдун 27 майи соли 1332 дар Тунис дар хонадони арабии насабдор ба дунё омад. Волидайни ӯ муҳоҷирини Андалусӣ буданд. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар Тунис гирифта, дар назди устодони тунисӣ Қуръон, тафсир, фиқҳ, ҳадис, улуми риҷол, таърих, фани шеър ва назди Ал-Абилӣ мантиқу фалсафа омӯхт.
Дар тӯли умр, ӯ мансабҳои гуногуни сиёсӣ вазир, сафир, қозӣ, мударрис дошт ва дар кишварҳои гуногун Тунис, Марокаш, Андалус ҷануби Испониё ва Миср кор кард. Ин таҷрибаи амалӣ дар корҳои давлатдорӣ ба ӯ имкон дод, ки қонунҳои рушд ва пастшавии давлатҳоро аз наздик бубинад.
Соли 1375, дар сини 22-солагӣ, аз фаъолияти сиёсӣ даст кашида ба Вухрон омад ва ба навиштани бузургтарин асари худ пиромуни таърихи ҷаҳон «Китоб-ул-ибар» оғоз кард. Соли 1378 ба Тунис рафт, то ки аз китобхонаҳои он баҳравар шавад, вале фитнаҳои сиёсӣ вайро осуда нагузоштанд. Соли 1382 ба Миср фирор кард ва дар он ҷо қозӣ ва мударриси мадрасаҳои Ал-Азҳар, Ал-Камҳия ва Аз-Зоҳирия буд.
«Муқаддима» илми нави таърих
Машҳуртарин ва муҳимтарин асари Ибни Халдун «Муқаддима» мебошад, ки он муқаддимаи китоби бузурги таърихии ӯ «Китоб-ул-ибар», китоби мисолҳои ибратомӯз аст. Муқаддимаи он беш аз худи он китоб шинохта шудааст.
Дар «Муқаддима», Ибни Халдун аввалин шуда фалсафаи таърихи ғайридиниро пешниҳод кард. Вай ба ҷои он ки таърихро тавассути иродаи илоҳӣ шарҳ диҳад, кӯшид то қонунҳои табиии рушди ҷомеаро кашф кунад. Ӯ илми наверо бо номи «илм-ул-умрон» илми тамаддун бунёд гузошт, ки ҷомеашиносӣ, иқтисод, сиёсат ва рушди шаҳриро дар бар мегирад.
Аз назари Ибни Халдун, методи асосии илми таърих бояд методи танқид бошад ва муаррих вазифадор аст, ки воқеаҳои асосиро аз ғайри асосӣ фарқ карда тавонад, то ки ба кашф ва ошкор кардани «кайфиятҳои қонуниятҳои табиии» ҳаёти ҷамъият ноил шавад. Назарияи Ибни Халдун дар бораи моҳияти илми таърих нисбат ба назарияҳои пешгузаштагонаш бешубҳа қадаме ба пеш буд.
Назарияи ҷамъиятшиносӣ
Яке аз мафҳумҳои асосии ӯ «асабия», ҳамбастагии иҷтимоӣ мебошад. Ба ақидаи Ибни Халдун, давлатҳо бо қувваи ҳамбастагии иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Вақте ки ин ҳамбастагӣ заиф мешавад дар натиҷаи фаровонӣ, бадбахтӣ, беадолатӣ ва дигар омилҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ давлат низ паст мешавад ва давлати нав ба ҷои он меояд. Ин назарияи Ибни Халдун дар бораи давраи ҳаёти давлатҳо, тақрибан 3 насл ё 120 сол дар байни мутафаккирони муосир мавзӯи баҳс ва таҳлил аст.
Принсипҳои асосии назарияи ӯ дар бораи умрон ҷамъият ва инкишофи он чунинанд:
1. Пайдоишу инкишофи ҷамъият ба зарурияти моддӣ ба истеҳсоли хӯрокворӣ, пӯшок, сохтани олатҳои меҳнат, ки муовинату ёрии навъи башарро талаб мекунанд, зеро фардҳои алоҳида ба қонеъ гардонидани ҳамаи талабҳои зиндагӣ қодир нестанд, вобастааст.
2. Моҳияти ҷамъият аз меҳнати якҷояи аъзоёни вай барои таъмини маош иборат аст, вале бе тақсими меҳнат яке наҷҷор, дигаре харрот, сеюмӣ бофанда… таъмини маош муҳол аст, зеро як кас ҳама корҳоро адо карда наметавонад.
3. Ҷамъият барои нигоҳ доштани ҳаққи ҳар як шахс ва ҳимояи дастае аз таҷовузи дастаи дигар ба ҳукумат ҳоҷат дорад. Сабаби пайдоиши давлат ва ҳукумат аз ҳамин иборат аст.
Ин нуктаҳои асосии назарияи Ибни Халдун идомаи ақидаҳои Форобӣ, Ибни Сино ва Насруддини Тӯсианд. Фарқи байни ӯ ва Форобию Ибни Сино он аст, ки вай ҷамъиятро аз давлат фарқ мекунад.
Мувофиқи назарияи инкишофи Ибни Халдун, ҷамъият се зинаро тай кардааст:
- Ваҳшоният, даврае, ки зисту зиндагӣ ва расму одати одамон ба ҳоли зиндагии ҳайвонҳо наздик буд.
- Бадв деҳнишинӣ аз рӯи шарҳи баъзе муҳаққиқон бодиянишинӣ.
- Ҳазар шаҳрнишинӣ.
Ба ақидаи Ибни Халдун, ин тафовути зинаҳои ҷамъият натиҷаи ихтилофест, ки он дар тарзи таъмини маоши худ пеш мегирад. Дар баробари ин, Ибни Халдун таъсири муҳити ҷуғрофиро ба ҳаёти ҷамъият қоил аст ва таъсири қувваҳои фавқуттабииро ба инкишофи ҷамъият рад менамояд.
Мерос ва эътироф
Ибни Халдун 17 марти соли 1406 дар Қоҳира аз олам гузашт. Осори ӯ то садаи 19 дар ҷаҳони ислом маъруфият надошт, аммо пас аз он ки мутафаккирони Аврупо ба «Муқаддима» даст ёфтанд, ӯ ҳамчун яке аз бузургтарин ақлҳои таърих шинохта шуд.
Имрӯз Ибни Халдунро асосгузори илми ҷомеашиносӣ, падари фалсафаи таърих ва яке аз пешравони иқтисоди муосир мешуморанд. «Муқаддима»-и ӯ то имрӯз яке аз муҳимтарин китобҳои дарсии ҷомеашиносӣ ва фалсафа дар донишгоҳҳои ҷаҳон мебошад.
Чаро «Чеҳраи мондагор»?
Ибни Халдун ба инсоният омӯхт, ки таърих на танҳо нақли рӯйдодҳо, балки илмест бо қонунҳои хос. Ӯ нишон дод, ки фарҳанг, иқтисод, сиёсат ва ҷомеа ба ҳам алоқаманданд ва тағйироти ҳар яке ба дигаре таъсир мерасонад. Андешаҳои ӯ то имрӯз на танҳо кӯҳна нашудаанд, балки дар ҷаҳони муосир бо ҳама печидагиҳои сиёсӣ ва иҷтимоиаш беш аз пеш мавриди эҳтиёҷ қарор доранд.
“Рӯзгор”
















