МАРЯМБОНУИ ФАРҒОНӢ: «ТО ҲАСТАМ, ДАР ХИДМАТИ МИҲАНУ МИЛЛАТ ХОҲАМ БУД»
Рӯзгор оинаест, ки тақдири инсонҳои бузургро дар шебу фарози таърих ва ҷуғрофиёи мухталиф нақш мебандад. Сӯхи биҳиштосо ва шаҳраки Ровон, ки зодгоҳи Марямбонуи Фарғонист, на танҳо нуқтаи оғози ҳаёти ӯ, балки сарчашмаи аввалини илҳом ва матонати ӯ гардидааст. Рӯзгори ин адиби шинохта, ки аз пайроҳаҳои кӯҳистони Фарғона оғоз ёфта, тавассути Самарқанди Сайқали рӯи замин ба Душанбеи ҳамешаҷавон пайваст, намунаи барҷастаи талош ва соҳибрисолатии зани тоҷик мебошад.
Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» Муаллимаи азиз ва олиҳаи каломи асил, Марямбонуи Фарғониро ба муносибати сазовор гардидан ба унвони олии давлатӣ – «Нависандаи халқии Тоҷикистон» аз таҳти дил ва бо ифтихори бузург табрику таҳният мегӯянд! Ин унвони баланд, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин адиби фарзона супорида шуд, эътирофи ҳаққонӣ ва сазовори заҳматҳои 40-солаи ӯ дар пойтахти кишвар, ҷасорати бебоконааш дар рӯзноманигории тоҷик ва саҳми беназираш дар рушди насри психологии муосир мебошад.
Марямбонуи Фарғонӣ занест, ки рӯҳияи қавӣ ва иродаи мардсифатро аз модари ҷавонмаргаш ва донишу адабро аз бобои оқилу хушбаёнаш ба мерос гирифтааст. Ӯ дар тӯли рӯзгори пуршарафи худ исбот кард, ки зани тоҷик метавонад бори вазнини рӯзгору тарбияи фарзандонро чун «мӯри донакаш» бар дӯш кашад ва ҳамзамон, мисли як шаҳбози озод дар осмони эҷод парвоз намуда, қолабҳои шахшударо бишканад. Ӯ нависандаест, ки қолабҳои шахшударо қабул надорад ва мисли «гули худрӯй» озодии эҷодиро болотар аз ҳама чиз медонад. Романи мондагори «Таманно» ва маҷмуаҳои назмиву насрии ӯ кайҳост, ки аз марзи Тоҷикистон гузашта, ба дили ҳазорон хонандагони форсизабони хориҷӣ, аз ҷумла Эрон низ роҳ ёфтаанд ва ӯро ба як нависандаи воқеан халқӣ ва маҳбуби дилҳо бадал кардаанд.
Сомонаи «Рӯзгор» шарафманд аст, ки суҳбати ихтисосӣ ва ниҳоят самимиро бо ин бонуи қалам, ки баробарвазнии рӯзгори хонаводагӣ, касби рӯзноманигорӣ ва рисолати сангини нависандагиро дар тӯли 40 соли фаъолият дар пойтахт ба даст овардааст, ба хонандагони худ пешкаш менамояд.
АЗ СӮХУ САМАРҚАНД ТО ДУШАНБЕ
– Муаллимаи азиз, мехостем суҳбатро аз аввалин саҳифаҳои рӯзгори Шумо оғоз кунем. Даврони кӯдакӣ дар кӯҳистони зебои Сӯхи Фаргона, таҳсили донишҷӯӣ дар Самарқанди баландмаркази таърихӣ ва сипас кӯчидан ба Душанбе. Ин се гӯшаи тоҷикнишин дар тақдиру рӯҳу равони Шумо чӣ нақше гузоштанд?
– Ман ифтихор мекунам, ки дар маркази Сӯхи биҳиштосо - шаҳраки Ровони зебоманзар, дар хонадони бобои модариам Мулло Ҷалоли Мӯсо ба дунё омадаам. Кӯдакиам дар Сӯху Риштон гузаштааст. Хоҳ дар хонаи бобям ва хоҳ дар Риштон (4 сол дар хонаи падарандарам) заррае эҳсоси ятимӣ накардаам, зеро болои сарам модари басо қавииродаи мардсифат доштам. Дар 6,5-солагӣ зери чархи мошин мондаму бо гуфти мардум “нимта” ҳам шудам, аммо модар коре кард, ки худро солимтарин фард эҳсос кунам, ӯ дар вуҷуди ман руҳи инсони чун худаш қавиро тарбият карда тавонист. (Равонаш шод бод.) Модарам умри кӯтоҳ дид, ҳамагӣ 42 сол... Мо ҳамроҳ дучори садамаи автомобилӣ шудем. Лаҳзаҳои ҷонканиаш дар тори сараш будам. Лабонаш моил ба сухангӯйӣ мешуд, чизе гуфтан мехосту гуфтан натавонист. Аммо дили мани 19-сола (донишҷӯи соли сеюми донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айнӣ будам) ҳарфи дили ӯро - васияти модарро шунид: “Додару хоҳаратро напарто, орзуҳои маро ҷомаи амал пӯшон...”
Барои дуруст тарбия ёфтани як фард нақши хонавода, мактаб ва ҷомиа хеле муҳим аст. Шукр, ки ман аз ин ҷиҳат камие надидаам. Нақши падарро бобои ҳамадону оқили модариам, ки донандаи адабиёти клоссикӣ буданд, се тағои бо ору номусам бозидаанд. Мактабе, ки таҳсил ва чанд сол кор ҳам кардаам, дар Сӯх он замон бо номи “Мактаби калон” маъруф буд. Зеро ин маскани илму адаб ҳам аз ҷиҳати масоҳату шароит, ҳам бо ҳайъати қариб 100-нафараи омӯзгоронаш, ҳам бо раҳбарони оқилу корсозаш дар ноҳияву вилоят намунаи ибрат буд. Беш аз 2000 хонандаро танҳо дар як баст фаро мегирифт, аммо то соатҳои 5-6-и бегоҳ ҳаёт, кору фаъолият дар он даргоҳ меҷӯшид. Ман ҳанӯз мактаби азизам, ки он замон номи М.И.Калининро дошт, омӯзгорони асилам - Аюбҷон Нишонов, Муҳаммадхон Обидҷонов, Салоҳуддин Заҳваровро хоб мебинам, ҳанӯз ҳам ба ёди он рӯзҳо дилам ширин гум мезанад.
Самарқанд! Ҳарчанд дар давоми умр зиёд сафар кардам, одаму олам дидам, вале Самарқанд дар зеҳни ман ҳамоно ба маънои “шаҳри азим” боқӣ монд. Самарқанди солҳои 70-и қарни гузашта дигар буд! Мардуми ин шаҳри азим аввалин дарси худшиносиам додааст. Ман аз устодони донишгоҳиам, аз муҳити воқеан тоҷиконаи он айёми Сайқали рӯйи замин ҳамеша ба некӣ ёд мекунам.
– Кӯчидан аз муҳити ором ба пойтахти Тоҷикистон дар охири соли 1984 осон набуд. Душанбеи он давра бо муҳити адабиву фарҳангиаш Шуморо чӣ гуна қабул кард ва аввалин мушкилие, ки дар ин рӯзгори нав бо он рӯбарӯ шудед, чӣ буд?
– Банда соли 1984 бо хоҳиши дилу талаби қалам (!) ба Душанбеи ҳамешаҷавон - маркази нави фарҳангии тоҷикон бидуни ҳеч дудилагӣ кӯч бастам. Хушбахтона, дар муҳити нав саргум назадам, балки худро ёфтам! Таҷрибаи ғание, ки дар мактаби зодгоҳ ҳосил карда будам, имкон дод, ки ба ҳайси методисти калони Маркази методии Вазорати Маорифи Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дошта бошам. Қалами таҳрирам дар ҳеч коргоҳе маро фанд надод. Дар редаксияи ҳар рӯзномаву маҷаллае, ки кор карда бошам, гуфтание доштам, шахси зиёдатӣ наметофтам. Аҳли адаби пойтахт нигоштаҳоямро хуш қабул карданд. Хуллас, ба орзуҳои дилам дар ин ҷо расидам, ба қавле, бо гули миллат шинухез кардам. Аз ин рӯ аз қисмати хеш розӣ ҳастам.
– Агар ба 40 соли пеш нигоҳ кунед, кадом хислати ҳамон Марямбонуи ҷавони нав ба пойтахт омадаро имрӯз пазмон мешавед ва кадом хислаташро дигар қабул надоред?
– Гумон мекунед, Марямбону дар хӯю хислат дигар шудааст? Ҳамон якравию дар сари қавл устувор будан, ки дар бисёр маврид бар зарари кору рӯзгор таъсиргузор мемонад, бо ӯст. Фақат ҷисмаш фартут, чашмонаш хирабин ва мӯйҳои марғуладори як замон қиргунаш аз гарди осиёби умр сап-сафед шудаанд.
МУВОЗИНАТИ ОИЛА, РӮЗГОРИ ЗАН ВА РАВОНШИНОСИИ ЭҶОД
– Дар ҷомиаи суннатии мо ҳамеша мегӯянд, ки барои зани эҷодкор сохтани оилаи намунавӣ ва ҳамзамон адиби муваффақ шудан кори саҳл нест. Шумо чӣ гуна тавонистед масъулияти рӯзгори хонаводагӣ, касби омӯзгориву рӯзноманигорӣ ва рисолати сангини нависандагиро мувозинат диҳед? Оила барои Шумо илҳомбахш буд ё монеъ?
– Ҳар марду зане, ки дорои панҷ ҳисси зотӣ бошаду дили тапанда, ҳатман орзуи издивоҷ ва сохтани оилаи орому намунавӣ мекунад. Дар мавриди ман вазъият андаке дигаргуна буд. Саломатии аз нигоҳи дигарон ноқисам, бори тарбиятгарии ду додару хоҳари 10-13-солаам, ки бар душам буд, то муддате пеши роҳи нияти ҷиддиамро мегирифтанд. Ба ҳар ҳол нисбатан дер шуда бошад ҳам, баъди он ки додару хоҳарам донишҷӯй гардиданд, дар синни 28 издивоҷ кардам. Худо ноумедам накард, соҳиби ду духтари ноз ҳам гардонид.
Бале, андешаи ҷомиаи мо ҳамин гуна аст, махсусан кори журналистиро барои занон номувофиқ ҳам медонанд. Аслан гирем, кадом кори дунё саҳлу сабук аст? Ман табиатан одами беқароре ҳастаму ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳи нави зиндагӣ будаам. Ин аст, ки баъди 5 соли кор дар Маркази методии Вазорати маъориф самти фаъолиятамро дигар кардам.
Кори хабарнигорӣ аз фаъолияти методистӣ чандин баробар вазнин аст, зеро ин пеша фавриятро талаб мекунад. Солҳои рӯзноманигори нашрияҳои “Паёми Душанбе” ва “Садои мардум” буданам шавқу завқ ва шурӯ шари зиндагӣ ба ҳам омехта буд. Гӯиё ҳеч монда намешудам, шояд машғул будан ба пешаи дӯстдошта маро нирӯи дучанд мебахшид. Ба ҳама чиз расидагӣ мекардам. Масалан, баъди нимрӯзӣ барои мусоҳиба гирифтан ё ҷамъоварии мавод барои мақолае ба ҷойи лозимӣ мерафтаму то ба хона расидан дар зеҳнам тарҳ ва мундариҷаи матлабро хаёлан омода месохтам. Албатта, дар хона ташвишҳои рӯзгор ҳам маро мунтазир мебуданд. Гоҳо дар як шабонарӯз 3-4 соат мехобидаму бас. Раҳораҳ духтаронамро аз кӯдакистон мегирифтам, зуд ба сари дегу табақ мерасидам, ҳамзамон либосҳои “боғчаравак”-и фарзандонро мешустам, то ки субҳи дигар поку тамиз ба кӯдакистон расонамашон. Сипас онҳоро хӯроки шом медодаму бистарашонро мегустурдам... Ва басти шабонаи корам оғоз мешуд. Аҷаб, ки субҳи солеҳон бардаму болидаруҳ сар аз болин мебардоштам. Либоси нимхушки тифлаконамро уту мекашидам, ношто омода месохтам. Гоҳо падарашон ва гоҳи дигар худам онҳоро ба кӯдакистон мебурдем. Гоҳо рӯзҳои шанбеву якшанберо ба эҷоди қиссаву ҳикояҳоям ҷудо мекардам. Рости гап, мурғи илҳоми ман оромидӯст аст, аммо хонаам серрафтуомад буд, аз падари бачаҳо хоҳиш мекардам, ки кӯдаконро ба сайру гашт бубарад ё ба хонаи хешу таборон. Сари ин масъала гапу гузор ҳам бармехост. Курорту истироҳатгоҳро хоб медидаму бас...
Дар давоми 26 сол бо тамоми вуҷудам кӯшидам, ки муҳити хонадонам беғашу бедурӯғу софу мубарро бошад. Ман барои нигаҳ доштани оилаам аз бисёр чизҳо - аз оромиши равониам, аз роҳати ҷисму ҷонам гузаштам... Чун дидам, ки дар мавриди таъминоти хонавода ҳамсарам нигоҳи дигар дораду андаке бепарвост, қариб тамоми масъулияти зиндагиро ба дӯши худам гирифтам. Аз нигоҳи дигарон шояд ин рафтори ман қисман нодуруст тобад, аммо ман ба худ мегуфтам: “Чӣ кунем, ки муҳити тарбиятгирифтаи мо мутафовит будааст. Агар бори масъулияти оиладорӣ барои “сарвари оила” гаронӣ кунад, ҳоли фарзандон чӣ мешавад? Бояд духтаронам, ки маънои умри мананд, серу пур ба воя расанд, таҳсил кунанд, соҳиби касбу кор шаванд.” Ман гоҳо барои таъмини рӯзгор дар 2-3 самт ба таври мувозӣ кор мекардам. Солҳои хабарнигори Родиёи Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон буданам, ҳамзамон бо шартнома кори таҳриру тасҳеҳи маҷаллаи “Фирӯза"-ро ҳам дар хона анҷом медодам. Баъзан лабу лунҷи китоби нависандаҳои навқаламро гирду ғун мекардам...
Қисмати ман кор буду кор буд,
Вазъи дигар нанг буду ор буд.
Гашта будам аз пайи чӣ давр ман?
Ризқи азал нуқтаи паргор буд.
Саҳв бишуд, “нуқта” махон, “дона” гӯй,
Давраи он ҳалқадави дор буд.
Як пари коҳ аз аҷалам ғам набуд,
Зиндагӣ чун кӯҳ ба сар бор буд.
“Сарвар”- и ман як тани бесар ки буд,
Саркашиам то ба таги дор буд!
Бораи кажрафта буд ӯ, бар масал,
Рехта он аз тагу аз тор буд...
Мӯр будам - донакаши рӯзгор,
Ҳеҷ магӯ: “Марями мо зор буд...”
Агар гӯям, ки дар зиндагӣ ман ҳамеша ду дунёи мутафовит доштам, ҳайрон нашавед. Яке ҳаёти муқаррарӣ, дигаре дунёи эҷод - зиндагии идеалие, ки сохтаи худам буд.
– Оё дар миёни фарзандон ё пайвандони Шумо касе ҳаст, ки роҳи адабии Шуморо давом диҳад? Назари онҳо ба унвони нависандаи маҳбуб ва “Нависандаи халқӣ” шудани модарашон чист?
– Ду фарзандам ва шаш набераам, шукри Худо, табиати эҷодкорӣ доранд. Духтаронам Ситорабону ва Маҳпорабону факултаи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи миллиро бо дипломи сурх хатм кардаанд. Ҳар ду ҳам дар соҳаи хеш муваффақ буданду ҳастанд. Нахустфарзанди забондонам Ситорабону баъди чандин солҳои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳоло дар самти корҳои тарҷумонӣ соҳибкор аст, бо се забон шеър ҳам мегӯяд, аммо дар гирду ғун кардани маҳсули қаламаш бепарвоӣ зоҳир мекунад, вақте аз ин хусус гап равад, ҷавобаш ин аст: “Ман барои дили худам машқи шеър мекунам. Вақти ба парвоз омадани андеша ҳам ҷисму ҳам руҳам роҳат мекунам.” Ин гапаш ҳам ҷон дорад, одатан ҳар эҷодкор аввало барои оромиши қалби хеш ба даст қалам мегирад.
Духтари дуюмам Маҳпора ҳам дар ҳамин ҷода қадамҳои устувор мегузорад. Бештар ба офаридани филмҳои мустанад майл дорад. Аллакай чанд филмаш, аз қабили “Мардикор”, “Аличор”, “Селканда”, “Дармондагон”, “Танҳои танҳо”, “Бенасиб”, “Порохова бочка на граница” (оид ба низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон) ... байни тамошобинони тоҷик ва хориҷӣ сару садоҳои зиёд ба миён оварда, аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳои арзанда ҳам гирифтанд.
Ба ғайр аз ин Ситорабоную Маҳпора - хоҳарони ҳаммаслак - якҷо лоиҳаи мустақили медиявии “180°” (“180 градусов”)-ро ба роҳ андохтаанд, ки ҳадафаш бозгӯии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аз “кунҷи дигар” буда, ба таҳияи филмҳои мустанад, фотофилмҳо, мусоҳибаҳо ва маводи таҳлилӣ таваҷҷуҳ мекунад. Ҳарчанд бо сабабҳое дар кори ин лоиҳаи расонаӣ андаке танаффус шуд, хоҳарон нияти дубора ҷоннок кардани фаъолияти журналистиашонро дар ин доира низ доранд.
Се набераам дар хориҷи кишвар таҳсил доранд ва сеи дигарашон ҳам орзуҳои наҷибе ба дил мепарваранд. Вақте мебинам, ки яке бо шавқ расм мекашад, дигаре лухтак месозад, севумӣ сари компутер нишаставу корҳои дизайнерӣ мекунад, шукр мегӯям. Худо хоҳад, ояндаи ҳамаашон рӯшан аст.
– Нависандагӣ, бахусус насрнависии психологӣ, нерӯи зиёди рӯҳиро талаб мекунад. Вақте ки Шумо дардҳо ва фоҷиаҳои қаҳрамонҳоятонро менависед, чӣ гуна худро аз он унсурҳои манфӣ ва дардҳои онҳо холӣ мекунед? Оё эҷод барои Шумо таскин аст ё як азоби рӯҳӣ?
– Бале, барои навиштани як ҳикоя, қисса ё асари калонҳаҷм нависанда дар баробари доштани таҷрибаи рӯзгор, огаҳӣ аз ҳаёти иҷтимоии даври тасвирмешуда, боястӣ руҳан ба эҷод омода бошад, тавони дар як ҷо шишта навиштан дошта бошад. Раванди эҷод саҳлу сода нест. Банда ҳангоми иншои ҳар як асарам, хоҳ ҳаҷман хурд бошанду хоҳ калон, аз худ берун мешавам, бо қаҳрамононам, бо образҳои эҷодкардаам ҳамзисту ҳамнишин мегардам гоҳо нақши мушоҳидагарро иҷро мекунам, яъне, худ ду одам мешавам ва аз берун Марями коргардонеро мебинам, ки бо қаҳрамонон заҳмати саҳнаофарӣ мекашад. Бовар кунед, қариб дар замири ҳама сужаҳои офаридаам бевосита худам ҳам зистаам. Яъне, азоби руҳӣ ҳам кашидааму лаззати зиндагиро ҳам дидаам. Ростӣ, ҳозир ман ҳолати руҳиамро дар лаҳзаҳои эҷод, ки метавон гуфт соати нозил шудани илҳом аст, ба таври шоён тасвир карда наметавонам, то хонандаи ин муколама сад дар сад дарк кунад. Узр мехоҳам...
ОЛАМИ ЭҶОД ВА ТАҲЛИЛИ РОМАНИ “ТАМАННО”
– Шуморо ҳамчун адиби дучанбара - ҳам шоир ва ҳам нависанда мешиносанд. Вале худи Шумо боре гуфтаед, ки мисли як ”гули худрӯй” ҳастед ва берун аз чаҳорчӯбаҳои шахшуда менависед. Ин озодии эҷодиро, ки касе наметавонад Шуморо ба чаҳорчӯба дарорад, дар назм бештар ҳис мекунед ё дар насри калон?
– Дар мавриде устоди гиромиам Абдулҳамиди Самад гуфта буданд: “Марямбону кам менависад, аммо нағз менависад. Сабки хоси худро дорад. Вақти мутолиаи навиштаҳояш гоҳо ба ину он ҷиҳати кораш розӣ шуда натавонам ҳам, эътироз намекунам, чунки қолабӣ наменависад. Нигоҳаш тоза аст.”
Ҳоли парасту ва ё шаҳбозеро тасаввур кунед, ба пояш ришта баста ба ҳаво сар дода бошанд. Мурғони ҳаворо бояд озод гузошт, то ҳар кадом бо равиши табии хеш пару бол кашанд. Хониши кабки дарӣ аз хониши кабки қафас фарқ дорад. Ман аз тамошои ҷонзодҳои нодир дар боғи ҳайвонот кайф намекунам.
Эҳсоси озодии эҷодӣ вобаста ба он аст, ки бароям мавзуъ аз олами боло дар қолаби наср меояд ва ё назм, яъне, агар илҳом дари дилро бикӯбад, дар ҳарду шакл ҳам навиштан бароям осон даст медиҳад. Ман тан мегирам, ки адиби каммаҳсул ҳастам, чунки бидуни ҳузури парии илҳом коре карда наметавонам. Чунин вазъ ба ман зуд-зуд рух медиҳад. Дар чунин ҳолат худро тасаллӣ медиҳам: “Шукр, қалами журналистӣ дорам!”
– Китоби гулчини достонҳои Шумо бо номи «Ман чунин девонаам» дар Эрон бо хати форсӣ чоп шуда буд. Ба назари Шумо, хонандаи эронӣ насри зани тоҷикро чӣ гуна қабул кард? Онҳо дар навиштаҳои Шумо чӣ чизеро ёфтанд, ки шояд дар адабиёти худашон намерасид?
– Бале, чанд сол муқаддам бо ибтикори киёи дуктур Маҷиди Асадӣ, ки он вақт унвонҷӯйи АИ Тоҷикистон буданд, маҷмуаи қиссаву ҳикоям таҳти унвони “Ман чунин девонаам” аз кириллӣ ба хатти форсӣ нависагардон шуд ва бо даст додани шароит аз тариқи интишороти “Ҷӯҷа” ба дасти хонандагони эронӣ расид. Қарор буд дар маросими рӯнамои китоб ширкат варзам, бо хонандагон суҳбатҳо кунам ва бо андешаҳояшон ошно шавам, аммо бемории ҳамагири КОВИД-19 нақшаҳоро тағйир дод.
Назар ба гуфтаи дӯстонам, китобро хонандагони эронӣ хеле хуб қабул кардаанд. Мегӯянд, ҳар кас, ки онро ба дасташ гирифта бошад, дигар то анҷоми мутолиа аз даст нагузоштааст. Ман ки лутфу таъоуфи эрониро бисёр дидаам, намедонистам ба ин гапҳо бовар кунам ё не... Ба ҳар сурат самимона бисёр мехостам донам, ки китобдӯстони эронӣ насри зани тоҷикро дар воқеъ чӣ тур пазируфтанд? Оё забони наср ва сабки навиштори банда барои онҳо комилан фаҳмо буд ё не? Ҳамин андешаҳоро ба сар доштам, ки пешниҳоди дигар шуд: достони “Таманно”-ро навсагардон кардан хостанд. Пешниҳоди дуюм диламро аз қисмати “Ман чунин девонаам” дилпур кард.
– Романи Шумо - “Таманно” дар адабиёти муосири тоҷик яке аз асарҳои калидӣ дар инъикоси қисмати зани тоҷик ба шумор меравад. Қаҳрамони Шумо, Таманно, занест, ки дар гирдоби мушкилоти иҷтимоӣ, таассуб ва фишорҳои ҷомеа қарор мегирад, вале кӯшиш мекунад ҳувият ва озодии худро ҳифз намояд. Оё Таманно як симои умумишудаи занони даврони истиқлол аст, ки аз қурбонӣ будан хаста шудаанд ва мехоҳанд тақдири худро худашон бисозанд? Ва ба назари Шумо, зани имрӯзаи тоҷик то куҷо тавонист ба он “Таманно” ва орзуҳои наве, ки Шумо дар роман тасвир кардаед, бирасад?
– Ман қаҳрамони достони “Таманно-”ро аз миёни анбӯҳи занони аз назарҳо дурмондаву дар замони муноқишаҳои бемаънӣ зиндадаргӯршуда ҷуставу ёфтаам. Барои мукаммал шудани симои ӯ аз зеботарин бонувон ҳусн, аз муаддабтарин духтарон хӯю хислати наҷиб, аз бебоктаринҳои замон ҷасуратро ба вом гирифтаам. Ӯ тимсоли занони худшиносу бохирад, бонувони покдоману ҷасур аст. Ман Таманноро дар шароити мутафовид – ҳамчун духтари гулдасти хонадони падар, хонандаи аълохони яке аз мактабҳои бонуфузи шаҳри Душанбе, дар шабнишиниҳои саҳроии донишҷӯёни пахтачин, дар вазъи ногувори бекасӣ, гушнаву ташна дар чорсӯи зиндагӣ низ тасвир кардаам. Гоҳо худам дар ҳалли гиреҳкушои воқеаву ҳодисоти роман сардаргум мондаву мадад аз хонандаам ҷустаам, фоли Ҳофиз гирифтаву кушоиши кор ёфтаам. Яъне, ин асар танҳо моли ман нест, дар тахайюли банда, ҳам қалам, ки аз арш аст, ҳам қаҳрамонам, ки бисёр мехост ғолиби зиндагӣ бошад ва ҳам хонандагони ояндаи китоб ҳамкори ман буданд.
Бояд гуфт, ки сараввал ин асар ба шакли достони хурд соли 2005 нигошта шуда, бо номи “Вақте саг соҳибашро нашинохт” дар маҷмуаи “Чаҳор қисса” соли 2006 дар нашриёти “Деваштич” ба табъ расид, ки ба назарам ҳоҷат ба такмили дигарбора надошт. Хонандагон хуш пазируфтанд, бо вуҷуди он аз ман талаб мекарданд, ки давоми қиссаро нависам. Онҳо намехостанд, ки Таманно дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон бимонад. Ман ҳам аз ин талаби ҳаводорони қаламам илҳоми тоза гирифта, ду дафтари дигарро ба ин достон изофа кардам: “Саргаранг дар чорсӯйи зиндагӣ” ва “Кушоиш”.
Ҳамин тавр ин се достон номи умумии “Таманно”-ро гирифт ва пасу пеш ду маротиба дар нашриётҳои “Ирфон” ва “Адиб” ба табъ расид, ки муқарризон жанрашро ба роман мутааллиқ шумориданд. Ҳоло ҳам бархе аз дӯстдорони наср аз банда боисрор мепурсанд, ки давоми зиндагии Таманнои худшуносу матинро дар замони пешравиҳо, замони тараққиёти фановариҳо нависам. Мегӯянд, ҳанӯз баъзе занони тоҷик ба такони руҳӣ ниёз доранд, Таманно бояд бо хираду мардонагии хеш ба онҳо роҳи дуруст нишон диҳад ва худаш ҳам ба саодати комил бирасад.
Чунон ки зикраш рафт, хушбахтона, дӯстони эронӣ достони “Таманно”-ро ба дӯстдорони насри Эрон расонидан хостанд. Рӯзҳои пурҳаяҷону шодибахши ҷашнӣ ба дидори азизони дӯру наздик муштоқ будам. Дӯстони эронӣ, ки барои иштирок дар ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон даъват шуда буданд, бароям як бастаи калон китобҳои зебою мунаққаши басо хонданиву лаззат бурданӣ туҳфа овардаанд! Аз он китобҳо барои ду китоб воқеан армуғон махсус буд. Яке романи “Таманно” (интишороти “Нигористони андеша”) ва дигаре “Ниме шакар, ниме намак” - осори мунтахаби Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, шоири форсизабон ва мутафаккири сӯфии асрҳои 14 -15, асосгузори тариқати Неъматуллоҳия аст.
Чунон ки гуфтам, киёи дуктур Маҷид Асадӣ бори дуввум аст, ки барои ба дасти хонандагони борикбини эронӣ расидани нигоштаҳои банда ҳиммат мегузоранд. Заҳмати нависагардонӣ, дуруст кардани баробаргузинӣ ва танзими матни форсии достони “Таманно”-ро эшон ба таври аҳсан анҷом додаанд. Китоб дар нашриёти "Нигористони андеша" ба зевари табъ кашида шудааст.
Камина аз роҳбарони ин нашриёти маъруф, аз дӯсти дерин ва бародари дипломатамон Муҳсини Фараҳбар, ки барои интишор ёфтани романи мазкур бевосита мусоидат кардаанд, зиёд сипосгузорам.
Бояд гуфт, ки “Ниме шакар, ниме намак” ҷуръае аз ҷоми Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ба кӯшишу хостори Маҷид Асадӣ, бо ёддошти инҷониб ва дуктур Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ аз тарафи нашриёти "Фарҳанги нағз" интишор ёфтааст.
Чун дар ин суҳбат сухан аз боби “Таманно” мерафт, ҳамчун назари китобшиносони эронӣ аз пушти муқоваи китоби мазкур пораеро ба ихтиёратон вомегузорем.
“Достони “Таманно”, навиштаи Марямбонуи Фарғонӣ, на танҳо бозтобе аз зиндагии як зани нависанда аст, балки ойинае аз арзишҳои миллӣ, ҳувияти фарҳангӣ ва сафар бар фарозу нишеби худшиносӣ низ маҳсуб мешавад.
Яке аз вижагиҳои барҷастаи достонҳои Марямбонуи Фарғонӣ, поёнбандии онҳо аст, ки мухотабро шигифтзада мекунад ва ғолибан нуқтаи калидӣ дар дарки маъно ва паёми достонҳои ӯст. Дар бархе маворид, нависанда бо такя бар хонанда, ӯро дар мақоми як шарики фикрӣ қарор дода ва иҷоза медиҳад, ки таъвилҳои мухталифе аз матн дошта бошад ва натиҷагириро ба ӯ вомегузорад. Яъне, нависанда бо хонанда ҳамкории маънавӣ ва рӯҳӣ дорад.”
– Маҷмуаҳои Шумо “Исои ман шав”, “Нури ахтарпораҳо” ва “Табъи гуҳаррез”-и Шумо аз ашъоре мураттаб гардидаанд, ки саршори эҳсоси латифи занона ва гоҳо гилаҳои шоирона ҳастанд. Оё дар рӯзгори воқеӣ Марямбону ҳамон қадар ҳалим аст, ки дар шеъраш ҳаст, ё дар зиндагӣ як зани муборизу сахтгир?
– Чӣ гӯям ба Шумо... Гоҳ ину гоҳ он.
Нарм гоҳо, гоҳ хоро мешавам,
Гоҳ доно, гоҳ коно мешавам.
Гаҳ чу муршид панддеҳи сад мурид,
Фандхӯрда гоҳ барно мешавам.
Гаҳ чу сӯфе ҷомаи сӯфӣ манам,
Шаҳсаворо, гаҳ чу дебо мешавам.
Гоҳ бо худ дар талоши ҳақ манам,
Гаҳ талабгори мадоро мешавам.
Гаҳ ситезам, гаҳ гурезам аз худам,
Ҳафт пуштам гоҳ ҷӯё мешавам.
Гоҳ ишқат ҷойи ҷон пинҳон кунам,
Гоҳ маҷнун ошкоро мешавам.
Гаҳ ғурубам, гаҳ тулӯи офтоб,
Дар ду ҳолат ҳусноро мешавам.
Бори ишқат мурда-мурда мекашам,
Баъди маргам бо ту эҳё мешавам.
МАКТАБИ РӮЗНОМАНИГОРӢ, ЗАБОН ВА ПУЛИ ФАРҲАНГИИ БАЙНИДАВЛАТӢ
– Шумо дар нашрияҳои калидии кишвар «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Фирӯза» ва Радиои «Садои Хуросон» кор кардед. Рӯзноманигорӣ ба рӯзгори нависандагии Шумо чӣ дод? Оё қаҳрамонҳои қиссаву романҳои Шумо аз мақолаву гузоришҳои воқеии рӯзноманигориатон рӯидаанд?
– Аслан гирем, шахси эҷодкор чун оруи асал аз ҳар лаҳзаи ҳаёт, аз ҳар рӯйдоди ҷомиа шаҳд мебардорад. Ҳар нависандае, ки нонашро аз соҳаи рӯзноманигорӣ мехӯрад, бештар одаму оламдида мешавад. Ӯ хоҳу нохоҳ ба сафарҳои хидматӣ меравад, бо мардуми табақаҳои гуногуни ҷомеа дар суҳбат мешавад. Табиист, ки бардоштҳояш аз вохӯриҳо гоҳо барои чанд матлаб расида зиёдатӣ ҳам мекунад. Беҳтараш, барои мисол аз як сафари хидматиам ба води Фарғона қисса мекунам. Моҳи сентябри соли 1991 - замоне, ки Ҳокимияти Шӯравӣ рӯзу моҳҳои охиринашро аз сар мегузаронид, бо супориши идораи рӯзномаи “Садои мардум” ба шаҳру ноҳияҳи тоҷикнишини қисматҳои қирғизистонию ӯзбекистонии водии Фарғона сафар доштам. Мақсад тарғиби обунаи рӯзнома буд. Ҳамсуҳбатонам зану мард, пиру барно, аз ҳар тоифа, аз ҳар қишри ҷомиа буданд. Ман аз тарзи зисти ҳаммиллатонамон, аз вазъи мактабҳои тоҷикӣ, урфу одатҳои хоси онҳо дар миёни қавмиятҳои дигар мавод гирд меовардам. Ҳанӯз симоҳои мондагор аз миёни мардуми Ҳайдарканду Учқӯрғони вилояти Бодканди Қирғизистон, деҳоти тоҷикнишини Кафтархонаю Лоғон ва Водили назди шаҳри Фарғона, аз шаҳристони Сӯх, шаҳри Риштон ва рустоҳои гирду атрофи он пеши назарам меоянд.
Аз сафари чандрӯза бо кулбори пур баргаштам. Дар “Садои мардум” сафаргуфтаи муфассале, ҳамчунин очерки “Риштон-ро ба чоп додам. Барои нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон”, ҳафтаномаҳои “Сухан” ва “Сомон” низ матолиб додам. Аммо ҳеч холӣ намешудам. Мехостам дар бораи шаҳри Риштон, махсусияти зиндагии мардумаш, аз ҷуғрофиё, обу гили камназираш, аз гузаштаву ҳозирааш чизе шабеҳи рисолаи этнографӣ нависам. Ҳамин тавр, қиссаи “Ҳадиси Риштон” рӯйи кор омад, ки соли 2000 дар нашриёти “Нодир” чоп шуд.
– Имрӯз вақте ба забони матбуот, сомонаҳои интернетӣ ва бахусус забони гуфтугӯии ҷавонони пойтахт нигоҳ мекунед, ҳамчун муаллими собиқи забону адабиёт, чӣ чизе Шуморо бештар нигарон ва озурдахотир месозад?
– Бовар кунед, зиқ мешавам. Вале ин нуқс танҳо дар нутқи ҷавонони пойтахт не, дар бачаи рустои дурдасттарин ҳам эҳсос мешавад. Гоҳо мехоҳам кори омӯзгориро аз сар гирам. Аммо синну сол ба ҷое расидаву низоми мактабу маориф ҳам тағйир ёфта. Ба ҳар сурат, гоҳ-гоҳе дар саҳифаи фейсбукиам таҳти унвонаи “Салосати сухан” ва “Саргузашти вожаҳо” ба ин мавзуъ дахле мекунам, ба умеде, ки чашми аз ҳазорон як нафар яке меафтад.
Аслан ман ҳанӯз аз замони омӯзгори навкор буданам дар мактаби зодгоҳ аз низоми мактабу маориф, аз тарзи таълиму тарбия дар мактабҳо чандон қонеъ набудам. Яке аз норасоиҳо тадриси аз ҳам ҷудои фанҳои забон ва адабиёт аст. Бо ин усул мактаб ба бачае, ки аслан асари бадеӣ нахондааст, адабиётшиноси “меомӯзад”. Дар дарси забон қоидаву қолаби грамматика на забони фасеҳи форсӣ. Бо шаблонбозӣ кор пеш намеравад. Сари ин масъала бисёр гап задан мумкин аст, аммо дар мавриди муносиби дигаре.
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ФАЛСАФАИ УНВОНИ ОЛИИ “НАВИСАНДАИ ХАЛҚӢ”
– Соли 1996 Шумо сазовори Ҷоизаи байналмилалии ба номи Борис Пастернак шудед ва имсол (августи 2026) сазовори унвони олии “Нависандаи халқии Тоҷикистон” гардидед. Ин унвони олии давлатӣ ба илҳоми Шумо чӣ таъсире гузошт? Оё масъулияти он ба қаламатон озодӣ медиҳад ё баръакс?
– Масъулияти қалам баланд аст. Банда ҳамеша бо эҳтироми хомае зиндагӣ мекунам, ки Худоям додааст. Аз аввал то имрӯз дар назди Миҳану Миллат худро вазифадор эҳсос карда омадаам. Ҳамин ҳадшиносӣ худ масъулиятшиносист.
Аз Ҳукумати Тоҷикистон, аз муҳтарам Пешвои Миллат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор ҳастам, ки дар ин рӯзҳои ҷашнӣ қадрдонӣ карданд. То ҳастам дар хидмати Миллату Давлат хоҳам буд.
– Кишвари мо ба сӯи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қадам мегузорад. Агар ба Шумо имконият медоданд, ки ба ин 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон як сарлавҳаи бадеӣ ё номи роман гузоред, ин давраро чӣ ном мениҳодед?
– “ТАЛОШ!”
– Имрӯз ҷавонон дар фазои маҷозӣ озодии комили интихоб доранд ва аз фарҳангҳои мухталифи ҷаҳонӣ ғизои маънавӣ мегиранд. Ба назари Шумо, дар ин гирдоби ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), адабиёти мо чӣ гуна метавонад рақобатпазир бошад, то ҷавони тоҷик худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гум накунад ва ба аслияти худ баргардад?
– Мо дар ҷомиаи пӯшида зиндагӣ намекунем. Ҷавонон хоҳу нохоҳ дунёро дидану оламро шинохтан мехоҳанд. Ҳатто дар замони Иттиҳодии Шӯравӣ ҳам, ҳарчанд роҳ ёфтан ба кишварҳои дигар басо мушкил буд, рағбати мо ба адабиёти ҷаҳон зоҳир шуд, бо ин роҳ дунёи васеъро аз тариқи осори адибони маъруф андак-андак шинохтем. Шояд барои насли калонсол омезиш ё бархӯрди тамаддунҳо таҳаммулнопазир бошад, аммо фаромӯш насозем, ки мо, аҳли башар, авлоди як падару модар ҳастем. Адабиёти пешрафта бо дигарон дар рақобат нест, вай бемайлон ба хотири тарбият додани хонанда пеш меравад.
Бисёр мехостам, ки дар назди Иттиҳоди Нависандагон донишкадаи адабии дусолае таъсис ёбад. Ба кори он беҳтарин адибони тоҷик, шоиру нависандагони порсигӯ аз хориҷ адибони ҷавонро дарс диҳанд. Усули нави нигоришро баррасӣ кунанд...
Албатта, банда дар навишт бештар суннатгароям ва барои тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи тоҷикӣ, урфу одати қадимии худамон мекӯшам, аммо дар баробари ин ҳаракат мекунам, ки осори бадеии ман оҳанги шовинистӣ нагирад, аз мутолиаи он хонандаи ман дарси одамият гирад.
– Саволи охирин ва анъанавии мо: Дар мизи кории муаллимаи азиз, Марямбонуи Фарғонӣ ҳоло кадом асари нав рӯи даст аст?
– Ду-се чизи на чандон хурди нотамом дорам, ки сари онҳо кор мекунам, аммо аз онҳо дарак додан ҳанӯз барвақт аст. Ба ҳар ҳол қаламро аз даст напартофтаам, шукр.
ОХИРСУХАН
Мусоҳиба бо Марямбонуи Фарғонӣ танҳо як варақгардонии хотирот нест, балки як дарси зиндагӣ ва худшиносист. Садоқати ӯ ба каломи асил, нигаронии самимиаш аз вазъи забони тоҷикӣ ва пешниҳодҳои созандааш барои тарбияи насли ҷавони эҷодкор нишон медиҳад, ки нависанда ҳеҷ гоҳ аз набзи ҷомеа ва миллати худ ҷудо нест. Андешаҳои ӯ дар бораи он ки адабиёти пешрафта на барои рақобат, балки барои тарбияти инсон пеш меравад, дар замони гирдоби ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) аҳамияти дучанд пайдо мекунанд.
Ин бонуи устувор, ки барои нигоҳ доштани оила ва тарбияи духтарони муваффақаш аз оромиши равонии худ гузашта, бори рӯзгорро чун «мӯри донакаш» бар дӯш кашидааст, имрӯз дар қуллаи эътирофи халқ қарор дорад. Олами эҷоди ӯ, ки омехтае аз азоби рӯҳӣ ва лаззати беҳамтои андеша аст, ҳамоно дар ҳоли ҷӯшиш аст.
Тавре ки худи муаллима ишора карданд, калимаи «ТАЛОШ» беҳтарин сарлавҳа барои даврони Истиқлолият аст ва маҳз ҳамин талошҳои хастанопазири Марямбонуст, ки қалами ӯро ҳамеша ҷавону рӯҳбахш нигоҳ медорад. Мо ба ин нависандаи маҳбуби халқ тансиҳатӣ, оромиши қалб ва кушоиши илҳом хоҳонем ва интизори асарҳои нави авҷи қалами ӯ хоҳем буд, ки дар рӯи мизи кориашон интизори анҷоманд.
Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”
















