18:14:45 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Самари умр

Дар гулистон на хазону на баҳор мемонад,

Самари умри ту некист, ҳамон мемонад.

Тобистони соли 1943. Даҳшати ҷанги хонумонсӯз фазои деҳаи Белайдузро низ чун дигар манотиқи кишвар фаро гирифта буд. Хатари омадани хабари шум ҳар лаҳза сокинони деҳаро таҳдид мекард. Вале зиндагӣ идома дошту аробаи рӯзгори мардум бо фиғон пеш мерафт. Дили Ҳоҷимуҳаммад барои азизони ба ҷанг рафтааш сӯзиш мекард, аммо ҷуз сабр кардану умед бастан ба рӯзи дидор чорае дигар надошт.

Шамъи шабафрӯз

1 samari-umr 1Ба дунё омадани духтарчаи фариштарӯю фариштахӯ аёми ҷанг дили падару модарро гармӣ ва дидагонашонро нуру зиё бахшид. Каломи шукрона бар лаб номаш гузоштанд. Шамъигул. Бале, Шамъигул, то ки барои дилсӯхтагон шамъи анбарин гардаду дар роҳҳои пурпечутоб ва тангу тори зиндагӣ шамъи ховар бошад. Мардум солҳои вазнинро бол кӯлвори пур аз дарду ғам паси сар мекард. Ниҳоли қомати мавзуни Шамъигул дар оғуши гарму боғи дилкушои волидон бузург мешуд. Таваллуди духтари дуюм, ки бо муҳаббат Бегимҷон номаш ниҳоданд, ба хонадони Ҳоҷимуҳаммад ва Назриой хурсандии дигареро зам намуд.

Зану шавҳари ҷавон кӯшиш мекарданд, ки гулдухтаронашон солим ба воя расанду хонанд, илм омӯзанд ва соҳибҳунару соҳибмаърифату соҳибэҳтиром гарданд. Хоҳарон ҳам бо рафтору гуфтори зебову гуворо ва шавқу завқи баланди худ миёни ҳамсолонашон намунаи ибрат буданд. Аниси кунҷи танҳоияшон китоб буд. Дустӣ бо китоб хоҳаронро ба олами бузурги илму дониш ворид кард. Акнун Шамъигул ва Бегимҷон як мақсад доштанд. Соҳиби маълумоти олӣ гардидан.

Ним аср бо ҳам

Соли 1961. Cоле, ки Шамъигули мавзунқомату шаҳлочашми падар қадамҳои нахустини хешро ба ҳаёти мустақилона гузошт. Бо дили зору ашки қатор, бо кӯмаки модару хоҳари дилсӯз ва шавҳари меҳрубонаш Раҳматуллоҳ хиштҳои аввалини  хонаи уммеду орзуҳояшонро паҳлуи ҳам гузоштанд. Ёди рӯи падари ҷавонмарг дили Шамъигулро ба дард меоварду чун шамъ месӯхт. Шабе падарро бо пероҳани сафед хоб дид. Ба саволҳои бешумори духтар падар посух надод.

Ба ҷуз китобе, ки рӯи дастонаш гузошт. Хоб аз чашмони Шамъигул парид. Чаро падар ҳарфе нагуфт? Ин ва дигар саволҳо ба мисли чархаи ресмонресии пиразан дар сари Шамъигул давр мезаданд. Гиряи бачаи ҷон модарро ба худ овард. Баракатуллои аз одаму олам бехабарро дар оғуши гарми модар дубора хоб бурд. Шамъигул хоби дидаашро ба шавҳараш нақлкунон гиря гулугираш намуд.

- Падари раҳматиам орзу дошт, ки ману Бегимҷон соҳиби маълумоти олӣ шавем. Ман бошам…

Шамъигул инро гуфту бо овози баланд ба гиря даромад…

Шамъи анҷуман

Гиряи Шамъигул ба дили Раҳматулло асар карду ӯро ба Донишкадаи  омӯзгории Душанбе овард. Тӯшаи роҳи Шамъигул дуои хусуру хушдоман ва модару хоҳар буд. Ҳамин тавр арӯси хонадон, модари ҷавон Шамъигул Ҳусейнова соли 1963 сазовори номи донишҷӯ гардид. Ба хотири Баракатуллоҳи хурдсол модар ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибона супурд.

2 samari-umr 2Барояш осон набуд донишҷӯ, модар, ҳамсар ва омӯзгор будан. Таҳсилаш ғоибона, ки буд ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби № 11-и ноҳияи Ҳисор ба кор оғоз кард. Ба синфҳои болоӣ ҳам аз фанни забону адабиёт дарс мегуфт. Ӯ дар ин макони илму дониш 38 сол кор карда, сазовори унвони муаллими калон ва муаллими дараҷаи аввал гардид. Соли 2002-юм бошад, аз ҷониби сарвари давлат бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардид.

Шамъигул Ҳусейнова ҳамроҳи шавҳараш Раҳматулло Камолов, ки 44 сол табибу ҳабиби халқ буд, бо шиори "Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон" кору зиндагӣ кардаанд. Бо роҳи рост рафта, ба муроду мақсадҳои хеш расидаанд. Бале, роҳи кӯтоҳи расидан ба мақсад ин қаноат кардан аст. Ва ин зану шавҳар дар қаноат чун Хӯҷаи Хизр бо луқмаи нони ҳалол умри худро сипарӣ намудаанд. Худованд барояшон 10 фарзанди солеҳро лоиқ донист, ки онҳо низ шеваи роҳ рафтанро дар роҳи тайнамудаи падару модари худ омӯхтаанд…

Баракатуллоҳ ҳуқуқшинос, Абдуллоҳ хоҷагидор, Бахтиёр иқтисодчӣ, Дилшод шарқшинос, ҳоҷӣ Султону Олимҷон ва Комилҷон соҳибкор мебошанд.          

Давоми ин солҳо Шамъигул Ҳусейнова шогирдони зиёдеро соҳиби хату савод ва донишу ҳунар кардааст, ки натанҳо дар ноҳияи Ҳисор, балки дар дигар ноҳияҳои кишвар ва ҳатто берун аз он фаъолият доранд. Шогирди нахустинаш Ҳикоят Юнусова мебошад, ки давомдиҳандаи касби устоди хеш аст.

Дар қатори шогирдон ҳафт шоҳписару се гулдухтари хонадонаш низ соҳиби маълумоти олианду пайи хизмат ба халқу Ватан. Ин ҳафтдодарон, ки дар мактаби бузурги волидон дарси зиндагӣ омӯхтаанд, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат омодаанд то дасти фитодаеро чун ҷавонмардони асил бигиранд. Агарчи падар имрӯз паҳлуяшон нест, вале суханони пандомезаш роҳнамои кору рӯзгори онҳост. Амалҳои неки фарзандон ва зикри хайри мардум номи падарро зинда медорад.

Ашки модари шамърухсор

Хонандаи азиз! Сӯҳбати мо бо қахрамонмодар, омӯзгори собиқадор,  ситораи дунёи меҳнат, сокини деҳаи Белайдузи ноҳияи Ҳисор Шамъигул Ҳусейнова, ки ҳангоми чошт оғоз шуда буд, қарибиҳои шом анҷом ёфт. Дар ин миён апаи Шамъигул лаҳзаҳои зиёди талху ширини дар хаёташ ба вуқӯъ омадаро қисса намуд. Аз зиёраташон хонаи Худоро.

Аз марги нобаҳангоми хоҳари азизаш Бегимҷон ва панҷ фарзанди ӯро модарвор ба оғуш гирифтанҳояш, аз марги модари меҳрубону дилсӯзу ғамхораш, аз марги шавҳари ҳалиму содиқу бовафову беозораш, аз марги дӯсти овони ҷавониаш - Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсуной Сангинова гуфту гирист. Косаи чашмони ҳанӯз ҳам шаҳлои модар аз сӯзиши дили аламдораш зуд-зуд пуроб мешуд. Қатраҳое, ки аз мижаҳои ин олиҳаи зиндагӣ болои пероҳанаш мерехт, мисраҳои Ҳилолиро ба хотирам овард:

Як рӯз басе гирист чун шамъ,

Оби мижа шуд ба доманаш ҷамъ.

Қиссаҳои апаи Шамъигул дароз буданду рӯзҳои сарди зимистон кӯтоҳ. Бо дуои ин модари дарёдилу одамдӯст сӯи манзили хеш роҳ пеш гирифтам. Аз дохили мошин ҷониби апаи Шамъигул ва азизонаш назари такрорӣ духтам. Ӯ шамъи фурузон буду ҳамагон дар гирдаш парвона. Ва гуё, ки мегуфтанд:

Ҳамеша чарх занем аз сарат чу парвона,

Ба гирди рӯи ту бошем, ки шамъи анҷуманӣ!

Холбегими Умар, Душанбе-Ҳисор-Душанбе, барои «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №01, 08 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi