21:30:34 27-уми Сентябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ёди рӯзгори ширин

«АЛМОСИ ШАРҚ АҲМАД ЗОҲИР, СУЛТОНИ ҲАМАД ВА ДИГАРОН» - II

БА МУНОСИБАТИ 75 СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ АХМАД ЗОҲИР БАХШИДА МЕШАВАД.

Дар ин замина доираи андешаронии устод васеъ буда, оиди фаъолияти дӯстони хунарманди Аҳмад Зоҳир аз ҷумла устод Ҷурабек Назрӣ- шахси соҳибмактаб ва инқилобгари сабку услуби нави овозхонӣ ва оҳангофарӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ бо меҳру муҳаббати хоссае қисса намудааст.

Устод Султони Ҳамад ҳамчунин дар навиштахои худ аз шоирони бузурге чун Рӯдакиву Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизу Саъдӣ, ЛоҳутивуТурсунзода, Симину Фуруғу Абдулло Қодирӣ ва ҳамчунин дар мақолаи махсуси худ аз бузургтарин шоири хаммосасарои асри 20 -и форсизабонон устоди зиндаёд Мӯмин Қаноат ёд намудааст.

Андеша ва фикрронии устод Султони Ҳамад дар навиштаҳояш чун уқоби дурпарвози кӯҳистони тоҷик бисёр баланд аст. Дар ин росто зимни таҳқиқотҳояш ба омӯзиши синтези фарҳанги Шарқу Ғарб дар фаъолияти овозхонии Аҳмад Зоҳир бо овозхонону оҳангсозони Аврупо ва Амрико ишораҳои ҷолибе кардааст, ки ҳамаи ин кору пайкори устод Султон Хамадро намешавад дар як мақола ба тасвир кашид.

Дар ҳаминҷо андешае ба сарам зад , ки мехоҳам онро баён созам.Ҳаёту фаъолияти нобиғагони олам азҷумла намояндагони адабиёту фарҳанг бисёр бо ҳам монанд ҳастанд.Ман чунин монандию пасту баландиҳо ва фоҷиаҳоро дар мислои ду нобиғаи худрӯйи ҷаҳонӣ, устодон Аҳмад Зоҳир ва Сергей Есенин, шоири дӯстдоштаи банда бисёр сахт ҳис мекунам.Сарнавишти ин ду шахсияти барҷастаи доираи фарҳанги башарият бисёр бо ҳам монанд ҳаст ва розҳоеро зиндагиномаи онҳо то имрӯз дар худ ниҳон медорад.Ҳарду ҳам бо як шӯру шавқ ба майдони ҳунар ва шеър ворид гаштаанд. Сергей Есенин бо истеъдоди фавқулъоддаи шоирӣ, бо гитор низ суруд мехонд.Истеъдоди шоирӣ дар Аҳмад Зоҳир низ дида мешуд ва аз ин ҳунари худовандӣ дар канор набуд.Ҳарду ҳам дар осмони нилуфарии фарҳангу адаб ба зуди дурахшиданду замони барҳаёт буданашон оламгир шуданд ва ҳаводорони зиёдеро аз қафояшон бурдаву замони зиндагияшон соҳибмактаб гашта буданд. Ҳарду ҳам ҷавонмардони зебо,пурғурур ва сахт маҳбубу маъруфе байни оммаи халқи меҳнаткаш буданд.Нисбати ҳарду ҳам бархе аз шохаҳои сиёсии давр бо назари шубҳаовар менигаристанд.Дар қатори миллионҳо ҳаводоронашон ин ду ситори нурпоши осмони фарҳангу адаб душманони зиёде низ доштанд, ки сояи онҳоро аз замин метарошиданд!

Марги ҳарду ҳам аёми ҷавониву авҷи эҷодашон ба таври фоҷиавӣ анҷомидаву нисбати марги фоҷиабори онҳо то ҳол баҳсҳо хомӯш нагаштаанд…Чи монандии аҷибе, ки он оянда зеби мақолаи наве иншоллоҳ бо номи «Аҳмад Зоҳир ва Сергей Есенин» хоҳад буд!

Акнун бармегардем сари масъалаи устод Султони Ҳамади зиндаёд.

Бо устод Султони Ҳамад пайваста дар тамос будем ва ӯ оиди нияти чопи китоби навбатиашро ба ман иттилоъ дода буд. Ин иқдоми устодро ман хело ва хело дастгирӣ намуда будам ва воқеъан ин марди Худо аз суханони ман хело рӯҳ гирифта буд (агарчанде фикр мекунам, ки ҳамон вақтҳо беморӣ дар ӯ хуруҷ кардаву устодро озор медод).

Устод мисли як фаришатаи осмонӣ баъди чанде ҷаҳонро ба зудӣ тарк гуфта рафт ва дар дили мо дӯстону бародарону аҳлу байташ барои як умр доғи ҷудоиро кишт...

Инак чанд рӯз пеш аз фарзандони бонангу номуси устод хуш хабаре расид. Онҳо китоби навбатии падари хешро, ки руйи чопашро муттаасифона надид бо номи «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» аз чоп бароварданд. Ин хушхабар манро зиёд шод кард ва дар зудтарин фурсат онро аз мағозае дастрас намудам. Китоби мазкур нисбати дигар китобхои устод ҳаҷман калон буда зиёда аз 550 саҳифаро дарбар мегирад. Чунин китоб бо чунин ҳаҷм то ин ин дам, на дар Тоҷикистон ва на дигар кишварҳо оиди Аҳмад Зоҳир нашр нагашта буд.

Аз ин китоб, ки бо сарсухани муаллиф шурӯъ мешавад метавонанд барои худ чизи бисёреро ҳаводорони ҳунари волои Аҳмад Зоҳир ва кулли ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва дигар кишварҳо гиранд. Он аз чанд қисмат иборат буда, хабару мақолаҳо дар бораи Аҳмад Зоҳир , мусоҳибаҳои Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир, мусоҳибаҳо бо Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир , таҳияи осори дигарон дар бораи Аҳмад Зоҳир, тақриз ва китобиётро дарбар гирифта, метавон бо боварии комил онро «Меҳрномаи Султони Ҳамад ва халқи тоҷик нисбати Аҳмад Зоҳир»-и зиндаёд номид.

Ин китоб ва чопи онро як навигарӣ дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистони азиз, як тӯҳфаи хубе ба ҷашни 75 солгарди устод Аҳмад Зоҳир, ҳамчунин ба 75 солгарди устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ ва 80 солагии устод Ҷӯрабек Муродов (Худо умрашро дароз кунад) метавон номид.

Хонанда аз ин китоб метавонад оиди ҳаёт ва фаъолияти зиндагии Аҳмад Зоҳир, шоираи хушсалиқаи мову дӯсти Аҳмад Зоҳир бону Меҳринисо, бонуи ҳунарманд Манижа, ҳунармандони варзиде чун Ҳотами Равшан, Кароматуллои Қурбон, Зулфиқори Азиз ва дигар шоирону ҳунармандон нухбагони миллат чун эшони Пирмуҳаммадзода, устодон Назри Яздон, Мӯҳтарам Ҳотам, Исфандиёр, Нурулло Абдуллоҳ ,ҳамчунин шоирону овозхонону ромишгарону бастакорони ҷаҳон маълумот гиранд.

Он чиз хушоянд ҳаст, ки оиди «Мактаби Аҳмад Зоҳирхонии Точикистон» низ устоди зиндаёд Султони Ҳамад маълумоти амиқе додаст.

Хонанда метавонад оиди овозхонҳое, ки аз байни мардум баромадаанд - амотурони тоҷикӣ (мисли Алмоси Шарқ ва дӯстони дигараш,ки ҳамагӣ амотурон буданд) ва пайравони ҳақиқии устод Аҳмад Зоҳир дар байни мардуми заҳматкаш эъироф шудаанд мисли Асдуллои Шамсзод, Алӣ Сабурӣ, Шералӣ Ашур, Абдулло Холиқов, Рустам Ғуломов ва дигарон, ки номи ҳамаи ин шахсиятҳои гиромиқадрро дар ин мақола чой додан мушкил ҳаст маълумоти амиқе ба даст оварад. Онҷо метавон оиди меҳру дӯстдории бародаре бо номи Ғаниҷон Мӯъминов ва осорхонаи ӯ оиди Алмоси Шарқ сатрҳоеро хонд.

Ин китоб, бори дигар ифодагари он ҳаст, ки устод Султон Ҳамад таҳқиқгари нозукбину даққиқандеши ҳаёту фаъолияту осори устод Аҳмад Зоҳир ва дар ин асос тарғибгари беҳтарини санъати волоии ин ҳунарманди ҷаҳонист. Дар ҳақиқат, китоби маскур дар арафаи ҷашни 75 солагии валодати устод Аҳмад Зоҳир аз як тӯҳфаи хубе ҳаст барои мухлисони созу навои орифона ва ошиқонаи устод Аҳмад Зоҳир ва дӯсташ устод Ҷӯрабеки Назриву дигарон.

Аз ин рӯ даст ба дуо бардошта дар ин рӯзҳои баҳорӣ ва мавҷхези дарёи нур, дар ин моҳи муқаддасу шарифи Рамазон ба рӯҳи поки устод Аҳмад Зохир, рӯҳи поки устодон Ҷӯрабеки Назрӣ ва Султони Ҳамад дуруд мефиристем.

Бигзор рӯҳшон шоду хонаи охираташон обод бошад омин!

Аз фурсат истифода бурда аз минбари баланди сомонаи «Рӯзгор» ҳамаи дилбохтагону пайравони устод Аҳмад Зоҳир ва дӯсташ Ҷӯрабек Назриро ба муносибати 75 солагии ин шахсиятҳои бузург ва 80 солагии устоди гиромиқадр Ҷӯрабек Муродовро ба ҳамагон табрик гуфта, ба ҳама хонаи ободу саодатмандӣ ва ба гуфти устоди равоншод Лоиқ Шералӣ «Хонаи пур аз ҷаву гандумро таманно дорам».

Дар паноҳи Худованди пок бошед дӯстони гиромӣ, ҳамватанони азиз!

Бо эҳтиром Варқаи Зайниддин,

Ҳуқуқшинос, Корманди фахрии Прокуратураи ҶТ, Аълочи фарҳанги Тоҷикистон.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi