04:41:10 21-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ёди рӯзгори ширин

Аҳмад Зоҳир: «Бохабар бош, бохабар!»

Оҳанги «Бохабар бош, бохабар» бо садои дилангези Аҳмад Зоҳири нотакрор. Ин суруд ба шакли тамрини хонда шуда ва то ҳанӯз сабти мукаммали он дастраси мухлисону алоқамандони суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир – алмоси Шарқ нест. Аҳмад Зоҳир тасмим дошт то зудтарин фурсат ин оҳангро такмил намуда ва дар радио сабт кунад. Аммо дареғу дард, ки Аҳмад Зоҳирро шаҳид сохтанду оҳанги «Бохабар бош, бохабар» ҳам нотакмил монд.

ahamd zahir ruzgar.tj 12454512Воқеъан ӯ ҳунарманди беҳамто буд. Дар зиндагии фаъолонаи худ ба оташи ранҷу меҳнат гудохта шуд ва оҳангҳои дилнишину таъсирбарангезеро дар майдони фаъолияти ҳунарияш ба намоиш гузошт. Ӯ тавонист инқилоби бузургеро дар фарҳанги мусиқӣ ба вуҷуд оварад ва мусиқии шарқу ғарбро ба ҳам бипайвандад. Фаровардҳои ҳунарияш муваффақиятҳои фаровонеро ба бор овардаанд, меоваранд ва хоҳанд овард.

Алоқамандони созу овозаш то ҳанӯз ҳам аз марги нобаҳангомаш ғамноканд. Оре, бешак ин Аҳмад Зоҳир аст. Аҳмад Зоҳири ҷовидон. Аҳмад Зоҳире, ки дар ин умри кӯтоҳаш зиёда аз 600 суруд барои алоқамандони мусиқии ноб офаридааст.

Ӯ тавонист мусиқии Шарқро такони ҷиддӣ бидиҳад. Ҳар сурудаашро аз қалбаш мебаровард то, ки дар дили шунаванда ҷо ёбад. Дар бораи ин ҳунарманди, воқеан беҳамто, бисёр навиштаанд ва бовар дорам боз асрҳо менависанд.

Инак ин оҳангро, ки шакли маҷлиси ҳаст, пешкаши дӯстдорону алоқамандони таронаҳои «Султони қалбҳо» мегардонем:

Бохабар бош, бохабар, бохабар бош, бохабар,

Шаб ба пешат меоям, шаб ба пешат меоям.

Гиреҳ зи зулфат мекшоям, лаб бар лабонат месоям,

Ту чӣ бихоҳӣ, чӣ нахоҳӣ…

Шаб ба пешат меоям,

Гиреҳ зи зулфат мекшоям

Лаб бар лабонат месоям,

Ту чӣ бихоҳӣ, чӣ нахоҳӣ…

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi