07:04:58 23-уми Сентябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ёде аз Аҳмад Зоҳири ҷовидонзоҳир

14-уми июни соли 2015, ба муносибати 69-умин солгарди зодрӯзи хунёгари бемисл Аҳмад Зоҳир бо ибтикори Маҳфили ғайрирасмии дӯстдорони садои ин хунёгари машҳур ва бо дастгирии раҳбарияти Кумитаи Марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ин ниҳод ҳамоиши ҳарсолаи ёдбуди ин офтоби осмони ҳунари мусиқӣ баргузор гардид. Дар он шоирон, журналистон, овозхонҳо, намояндагони аҳли зиё ва умуман мухлисон ва дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир ширкат карданд. 

ahmad-zahir-69-sol-212112.jpg

Дар оғози ин барнома иштирокчиёни он се нафар сарояндаи сурудҳои Аҳмад Зоҳирро, ки дар тӯли як соли ахир дунёи фониро дар айни ҷавонӣ ба сабаби беморӣ падруд гуфтанд, ба некӣ ёд карданд. Инҳо Қувваталии Раҳмон, Шералии Ашӯр ва Муҳаммади Тоҳир, аъзоёни фаъоли Маҳфили ғарирасмии дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир буданд. Қории Қуръони маҷид ҲоҷӣҶамолиддин, яке аз дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир, бо тиловати оёте чанд аз Каломуллоҳ фазои толорро муаттар сохт ва савоби онро ба руҳи поку мутаҳарраи ҳазрати паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) ва дигар гузаштагон, азҷумла Аҳмад Зоҳир ва он бародарони мазкур бахшид. Ҳозирин ҳамагӣ даст ба дуо бардоштанду аз Худованди бузург мағфирати гуноҳи реҳлаткардагон ва барояшон ҷаннатулмаъворо хостанд.

  

Сипас чун анъана дар шуруи консерт таронае дар васфи Аҳмад Зоҳир бо номи “Зоҳири ҷовидонзоҳир” садо дод. Онро узви фаъоли маҳфили Аҳмад Зоҳир хонандаи хушовоз Анвари Эҳсон дар ҳамовозӣ бо Парвини Маҳмадёр замзама карданд. Матни тарона агарчи содда аст, вале он бо як эҳсосоти самимӣ суруда шуд. Оҳанги он моли овозхони шинохтаи Афғонистон Файзи Қодирист:

 Аз Кобули зебо, аз шаҳри рӯёҳо.

 Ояд садои ту, имшаб маро ба гӯш,

 Ай Зоҳири зебо, ай булбули хамӯш.

 Бо ин ки рафтаӣ, умре туҷовидон,

 Бо ин ки гаштаӣ, аз дидаҳо ниҳон,

 Дар гулшани ҳунар номи ту ҷовидон.

  

Анвар Эҳсон азҷумлаи овозхонҳо ва оҳангсозҳоест, ки ҳамеша дар такопуву ҷустуҷӯст. Дар ҷашни 65-умин солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир дар толори Филармонияи давлатӣӯ таронаи “Шабе зи шабҳо ману ту танҳо”-ро хонда буд, ки баъди Аҳмад Зоҳир касе дигаре на аз овозхонҳои Афғонистон ва на аз Тоҷикистон онро нахонда буд. Ин таронаро Аҳмад Зоҳир ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта, даврони дар лисаи Ҳабибия таҳсил карданаш бар пояи оҳанги як суруди машҳури шоҳи рокенрол Элвис Пресли «Its Now Or Never» бар матни дӯсти шоираш Иқбол Раҳбари Тухӣ таҳия карда буд. Азбаски сурудани ин тарона маҳорати баландро талаб мекард, баъди Аҳмад Зоҳир ин таронаро дигар ягон овозхон ба форсӣ насароида буд.

 Баъди гузашти чандин солҳо ин корро Анвари Эҳсон кард ва мақбули дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир шуд. Дар ин маҳфил низ ӯ баъди сурудани таронаи нахустин як суруди Аҳмад Зоҳирро, ки ҳамагӣ боре дар як маҷлисе хондааст ва он як дақиқаву 51 сония давомнокӣ дорад, пешкаши тамошобинон кард. Номи тарона “Ҳол, ки шайдо шудаам, меравӣ” ном дорад. Аслан ба ҳамин тарона монанд сурудеро овозхонҳои машҳури Афғонистон хонум Афсона ва устод Абдураҳими Сорбон таҳти унвони “Ҳол, ки девона шудам, меравӣ” хондаанд. Таронаи Аҳмад Зоҳир каме ҳам бошад, ҳам аз ҷиҳати мусиқӣ ва ҳам аз лиҳози матнаш, аз таронаи устод Сорбон фарқ дорад.Ин таронаи Аҳмад Зоҳир низ дар иҷрои Анвари Эҳсон аз сӯи ҳозирин гарм пазируфта шуд.

sulton hamad-albom-54214554

Журналист Султони Ҳамад, ки муҷрии ин барнома буд, ба ҳозирин хабарҳои тару тозаро дар бораи рӯйдодҳое, ки ахиран дар ҷаҳон дар робита бо зиндагӣ ва осори Аҳмад Зоҳир ба вуқуъ пайвастанд, дар миён гузошт. Тибқи яке аз ин хабарҳо гуруҳи маъруфи ҳунарии Барака бо роҳбарии Дмитрий Евсиков ахиран албомеро бо номи “Барака: Ёдвораи Аҳмад Зоҳир”ба нашр расондааст.

Ин гуруҳ дар муаррифии мусиқии тоҷик дар ҷаҳон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Кофист аз албомҳои бо ҳамин мақсад аз осори Муборакшо Мирзошоев, Наргис Бандишоева, эҷодиёти даҳонии мардуми Бадахшон ва дигарон таҳия намудаи ин гуруҳ ном бигирем. Албоми Аҳмад Зоҳир даҳумин чунин албом ба шумор меравад.  Дар ин албом 15 суруди машҳури Аҳмад Зоҳир дар иҷрои ду хонанда: Девика Евсикова, духтари Дмитрий, Заррина Тоҷибоева, овозхони тоҷики муқими Швейсария, иштирокчии озмуни байналмилалии Евровидение ва репперҳои ҷавони Тоҷикистон бо ороиши нав садо додаанд.

Султони Ҳамад гуфт, ки ҳангоми таҳияи ин албом Дмитрий Евсиков бо ӯ дар тамос шуда хоҳиш намудааст, ки дар муайян кардани муаллифони шеъру оҳангҳои таронаҳои аз осори Аҳмад Зоҳир интихоб кардааш ба ӯ кумак намояд. Чунин кумак сурат гирифтааст. Ба гайр аз он бо хоҳиши Дмитрий Евсиков махсус барои ҳамин албом Султони Ҳамад мақолаи кутоҳе навиштааст, ки онро баъдан ба забони англисӣ тарҷума карда дар муқоваи албом ва инчунин китобчае, ки бо албом якҷоя дода мешавад, ворид кардаанд. Дар ин маҳфил Султони Ҳамад ҳам албоми туҳфа намудаи Дмитрий Евсиковро нишон дод ва ҳам ду таронаро аз он албом ба ҳозирин аз тариқи проектор ва баландгуяк шунавонд.

Инҳо таронаҳои “Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ” дар иҷрои Девика Евсикова ва “Набарӣ гумон, ки муфтӣ ба Худо расида бошӣ” дар иҷрои Заррина Тоҷибоева буданд. Аҳмадшоҳи Султон, яке аз алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир бар пояи навори видеоии яке аз таронаҳоиқаблии Девика суруди аз Аҳмад Зоҳир хондаи ӯро дар шакли видеоӣ ба ҳозирин намоиш дод. Савғотии ғайричашмдошт (сюрприз)-и дигари ровӣ боз он буд, ки ӯ аз тариқи навори видеоӣ табрикоти раҳбари гуруҳиҳунарии “Барака” Дмитрий Евсиков ва Заррина Тоҷибоеваро ба муносибати рӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳир ба алоқамандони садояш дар Тоҷикистон, ба аҳли толор намоиш дод.

Дар ин маҳфил овозхонҳои миёни мардум ҳамчун аҳмадзоҳирхон машҳур, аз қабили Оқил Фозилов, Аслиддин Бадалов, Алиҷони Сабурӣ, Абдуллоҳи Асрор, Эмомиддини Аҳмад гулчини беҳтарин таронаҳои Аҳмад Зоҳирро пешкаши ҳозирин карданд ва чун солҳои дигар ба истиқболи гарми ҳаводорони садои ин хунёгари ҳамешаҷовидон рӯ ба рӯ шуданд.

parvin-mahmadyor-54544554.jpg

Парвини Маҳмадёр, сарояндаи шинохтаи яке аз дастаҳои ҳунарии радио ва телевизиони Тоҷикистон боз ҳам ба анъанаҳои неки худ содиқ монд. Ӯимсол низ бо як таронаи ба тозагӣ аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир таҳия намудаи худ”Аз барои ғами ман синаи дунё танг аст” (матнаш аз Баҳодури Ягона) табъи ҳозиринро шод намуд. Таронаи дигари ӯ аз осори Аҳмад Зоҳир ғазали Саъдии безавол “Зи дастам барнамехезад, ки як дам бе ту биншинам” низ мақбули тамошобинон гардид.

asadullohi-shamszod-54121.jpg

Асадуллоҳи Шамсзод, хонандаи миёни ҳаводорони садои Аҳмад Зоҳир маъруф бештар майли хондани таронаҳои ирфонии ин овозхони нотакрорро дорад. Аз ин рӯ дар ин маҳфил ӯ сурудҳои «Набарӣ гумон, ки муфтӣ ба Худо расида бошӣ» (ғазали Абдулқодири Бедил), «Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона» (ғазали Хаёлии Бухороӣ), «Ёр бо мо бевафоӣ мекунад» (ғазали Саъдӣ)-ро хеле ҷолиб суруд. Вале дар вақти хондани таронаи «Лолаи доғдидаро монам» (ғазали Раҳии Муъайирӣ) бештар ташвиқ шуд. Зеро ӯ ин таронаи ба тозагӣ миёни дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир пайдошударо бори аввал аз саҳна мехонд ва барои шунавандгони ноогоҳ он як савғотии ғайричашмдошт буд.

sulaymon-mahmadjonov-124578.jpgСулаймон Маҳмадҷонов, як навраси 16 сола, ки хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аст, дар ин ҳамоиш ҷавонтарин овозхон буд ва бори аввал аз саҳна тарона мехонд. Ба нақли волидайнаш дар кӯдакӣ бемории вазнинеро аз сар мегузаронад ва маҳз пайваста гӯш кардани таронаҳои Аҳмад Зоҳир дили ӯро ба зиндагонӣ гарм мекард. Сулаймоне, ки замоне на танҳо аз роҳ рафтану гап задан монда буд, имрӯз аз саҳна тарона мехонд. Падари Сулаймон, ки дар толор ҳузур дошт, ин манзараро наметавонист бе рехтани ашки чашм тамошо кунад. Аҷиб ин ки сурудани таронаи интихобнамудаи Сулаймон “Дӯш аз масҷид сӯи майхона омад пири мо” (ғазали Ҳофиз) хеле душвор аст, вале овозхони ҷавон аз уҳдааш баромад ва ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуд.

Дар оғози ин матлаб аз шодравон Шералӣ Ашӯров, яке аз сарояндаҳои хуби таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ки соли гузашта вафот карда буд, ёдовар шудем. Дар ин маҳфил бародари хурдии ӯ Бахтиёр Ашӯров, ки низ аз дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир будаасту худ низ таронаҳои ӯро месурудааст, ҳузур дошт. Бо хоҳиши дӯстонаш ӯ рӯйи саҳна баромад ва бо аккордеон чанд суруди Аҳмад Зоҳирро хонд. Ҳозирин ӯро гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

bakhtiyor-ashurov-45541221

Дар ин маҳфил ба ҳайси меҳмон олим ва ҳунарманди машҳури Тоҷикистон, дӯсти Аҳмад Зоҳир устод Ҷӯрабек Назриев, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Назри Яздонӣ, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов, шоири эронии муқими Тоҷикистон устод Муҳаммадризои Тоҷдинӣ, шоирони маъруфи кишвар Меҳриниссо, Шаҳрияи Аҳтамзод, устод Муҳтарам Ҳотам, шоири таронанавис ва оҳангсоз Шоираи Раҳимҷон, журналисти маъруфи кишвар Ҳуринисои Ализода, табиби шинохтаи Тоҷикистон, директори Маркази тиббии “Насл” Шамсиддин Қурбонов, вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов, олими файласуф Исматуллоҳи Саидиён ва дигар афроди шинохтаи ҷумҳурӣ ширкат карданд.

jurabek-nazri-va-shoira-452.jpg

Устод Ҷӯрабек Назриев ва шоира Меҳринисо, солҳои70-уми асри гузаштаи мелодӣҳангоми дар сафари хидматӣ дар Кобул буданашон борҳо бо Аҳмад Зоҳир мулоқот карда ва ҳатто якҷоя суруд хондаанд, ки аз ин наворҳои аудиоии то ба мо расида гувоҳӣ медиҳанд. Ин дӯстони Аҳмад Зоҳир дар ин маҳфил хотираҳои хешро дар бораи Аҳмад Зоҳир ба ҳозирин ҳикоя карда аз он таронаҳое, ки бо Аҳмад Зоҳир якҷо хонда буданд, бархеро барои ҳозирин сароиданд.

Ҳамин тариқ шоми ёдбуди Аҳмад Зоҳири ҳамешаҷовидон беш аз се соат идома дошт ва писанди тамошобинони сершумор гардид.

“Рӯзгор”

69 акс аз ҷашни 69-умин солгарди зодрӯзи Аҳмад Зоҳир



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1