03:18:39 29-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Март 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

ТАҚДИМ БА ПАДАРИ ОСМОНИЯМ...

Марги ёрон ҳама сахт аст азизон, аммо,

Мотами сахтар аз марги падар нест, ки нест...

jahongiri sulton 08082020Имрӯз зодрӯзам ҳаст, як рӯзе, ки бо рафтанатон аз канорам рафт. Ин рӯз рӯзе буд, ки субҳи барвақт бароям шеъргӯён табрикам мегуфтед... Рӯзе буд, ки пеш аз ҳама бо модар ба табрикам меомадед... Рӯзе буд, ки бароям тамоми хушиҳои зиндагиро ба мисли рӯзҳои дигар аз даргоҳи Худованд мехостед... Рӯзе буд, ки бо дуоҳоятон тамоми сол худро дар амони Худо ҳис мекардам... Рӯзе буд, ки хушҳолтар аз дигар рӯзҳо медидаматон... Рӯзе аз рӯзгори ширин... Аммо имрӯз ба ҳар кунҷи хона суроғатон мекунам, ба ҳар гӯшаи осмон менигарам, медонам, ки маро мебинеду дуоям мефиристед, ки дилам рӯшноие аз ҳамон рӯзҳо менамояд... 

Падари азизтар аз ҷонам! Чаҳорчӯбаи аксатон аз он боло ба ман лабханд мезанаду мегӯям: Худоё, иҷозат бидеҳ фақат як бори дигар садояшонро бишнавам ва як бори дигар  дар оғӯш бигирам. Наворҳои аз Шумо сабт кардаамро мегузораму ашк мерезам ва сахт дар оғӯш мегирам. Метарсам, ки касе маро шунаваду гӯяд девона шудаам. Аммо ман фақат дилтангам, дилтанги касе, ки пушту паноҳам буд.

Дилтангам барои оне, ки то буд намедонистам амнияту бахшишу мардонагӣ ҳамаи ин бо ӯ маъно дорад. Кош мешуд фурсатҳои рафтаро ҷуброн кард. Кош меомадеду ман мегуфтам аз ин танҳо будан дар ин ғурбат. Ҳоло, ки ҷисми Шумо ин ҷо нест, сайъ мекунам хотироти Шуморо зинда пос дорам. Ғуруру ниҷобат, покию сафои қадам, сангиниву сукут ва нигоҳҳои нуфузи Шуморо ба хотир меоварам. Рез-рез мисли боронҳои тӯлонӣ ва бешитоб соатҳо ашк мерезам. Агар касе ашкҳоямро дид, ба ман мегӯяд бояд сабр кунам. Чӣ мегӯянд? Дар марги Шумо сабр? Ин Шумо будед, ки ба ман сабрро ёд медодед, ҳоло, ки Шумо нестед, чи касе ба ман аз сабр бигӯяд, то ҳарфашро бовар кунам... Нешханд мезанам, хун аз чаҳоргӯшаи ҷигарам мечакад, аммо дар зоҳир сабр мекунам ва ашкҳоямро аз дигарон пинҳон медорам.

Ҳама молу сарвати дунёро Худованд бароям арзонӣ доштааст, шукри ин ҳама неъматҳо.

Зиёдтар аз ҳама миёни тамоми он доштанҳову надоштанҳо дӯстатон дорам!

Лаҳзаи диданатонро низ ҳар рӯз надорам, вале дӯстатон дорам!

Вақте дилам ҳаваси диданатонро мекунад, ин ҳақро ҳам надорам, вале дӯстатон дорам!

Вақтҳое, ки руҳу равонам дард дорад, шонаҳоятро барои гиристан надорам, вале дӯстатон дорам!

Вақти дилтангиҳоям - оғушатонро барои ором шудан надорам, вале дӯстатон дорам!

Бале, ҳамаи вуҷудам ҳастед, вале ҳеҷ ҷойи зиндагӣ надорам ва миёни тамоми надоштанҳо боз ҳам бо тамоми вуҷуд дӯстатон дорам, ПАДАРАМ! Руҳи бузургатон шоду ёдатон гиромӣ бод, ай БУЗУРГВОРАМ!

Зи марги нобаҳангомат, падар бисëр месӯзам,

Шаби ғурбат саҳар дорам, дили бедор месӯзам.

Ба ëди ту дилам хун шуд, дилам аз сина берун шуд,

Ба дарди дил гирифторам, мани бемор месӯзам.

Замони бо ту буданҳо чу шоҳ дар қаср мегаштам,

Кунун бе ту гадоям ман, сари девор месӯзам.

Гулистон буд ҳама умрам хазон шуд фасли гулчинам,

Хасу хору хазонам ман дар ин гулзор месӯзам.

Биë бори дигар бо ман нишину руҳи нав бахшам,   

Падарҷон, бе ту дар ранҷу ғаму озор месӯзам.

Ҷаҳонгири Султон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi