09:49:00 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САЙИД АБДУЛЛОҲ НУРӢ, МУҲАММАДШАРИФ ҲИММАТЗОДА ВА ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ

Дар арафаи 15-солагии рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар сомонаии «Рӯзгор» матни комили суханронии таҳлилгари мустақили масоили сиёсии кишвар Рашид Ғанӣ Абдуллоҳро, ки рӯзи 17-уми март хидмати иштирокчиёни як конференси илмӣ бахшида ба ёдбуди бунёдгузорони ҲНИТ шодравонҳо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар дафтари марказии ҳизб расонда буд, пешкаши муштариёни худ мегардонем. Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ дар суханронии худ дар бораи  ин ду сиёсатмадори маъруфи кишвар, ки барои барқарории сулҳу субот дар Ватанамон хизматҳои шоёне кардаанд, нуктаҳои хеле ҳам ҷолиберо ироа кардааст.

/images/stories/2012/04/30_abdullo-rashid_30412_2.jpgМавҷи ҳодисаҳо дар авохири умри давлати шӯравӣ ва оғози аҳди истиқлол чеҳраҳоеро рӯи саҳнаи сиёсӣ баровард, ки ҳар кадоме аз онҳо ба таври ба худ хос раванди шаклгириву рушди давлати мустақили миллии тоҷиконро таъсир гузошт. Теъдоди ин чеҳраҳо аз ҳад фузун набошад ҳам, кам ҳам набуд. Вале имрӯз, пас аз сипари гаштани бист соли истиқлол, танҳо камтарини онҳоро дар ҷомеъа ҳамоно ёдовар мешаванд.

Ва на аз барои он ки касе ё сохторе аз ёдовар шудани номи онҳо чандон хушнуд нест. Усулан, дар хотираи ҷомеъа номи онҳое муддати аз андозаи муқаррарӣ бештар зинда мемонад, ки фаъолияти эшон, хоҳ сиёсӣ бошад, хоҳ ғайрисиёсӣ, аз худ нақши қавиро дар ҳаёти ҷомеъа ва бадин минвол, дар хотираи дастҷамъии он нақши мондагор мегузорад.

Шакке нест, ки дар Тоҷикистони имрӯза Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз мақоми баланд ва ҳамзамон, басо хоси хеш бархурдоранд. Ҳамзамон бояд таъкид кард – ҳангоме, ки сухан дар бораи мақоми ин ду шахс меравад, ҳадди ақал, ду сатҳи ин мақом дар назар дошта мешавад. Нахуст, мақоми онҳо ҳамчун пешвоёни Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон. Пасон, мақоми эшон ҳамчун сиёсатмадорони сатҳи умумимиллӣ.

Ҳамчун пешвоёни ҳизби онҳо пеш ва беш аз ҳама канзи ҳизби хеш мебошанд. Биноан, роҷеъ ба сатҳи аввал ба гумон аст, ки касе ба ҷуз аъзои худи ҳизб кадом як сухани казоиро дар ин бора гуфта тавонад. Аммо дар нисбати мақоми Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳамчун сиёсатмадороне, ки дар сатҳи умумимиллӣ қарор доранд, гуфтан ҷоиз аст, ки эшон дигар на танҳо ба ҳизби худ, балки ба тамоми ҷумҳурӣ тааллуқ доранд.

Мутаносибан, расидагии аҳли ҷомеъаи ҷумҳурӣ аз расидагии худи ҳизб ва аъзои он нисбат ба ин ду шахс шояд, балки бояд фарқ кунад. Маъмулан расидагӣ ба падидахои гуногун аз дидгоҳи умумимилии аз расидагиҳои сирф ҳизби на танҳо шомилтару пурратар, балки бештар воқеъбинона ҳам мебошад, чун имкон медиҳад онҳоро аз дидгоҳи васеътари сиёсӣ баррасӣ ёбанд.

Сайид Абдулло Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз қабили ҳамон камтарони ҷодаи сиёсат мебошанд, ки номи эшон аз раванди зудудашавӣ аз хотири ҷомеъа то ба алҳол эмин мондаасту ҳамоно дар дар лавҳаи хотираи дастҷамъии он боқист. Суоле ба миён меояд – кадомин омилу сабаб ва ё , ба таъбири дигар, кадомин натиҷаву ҳосили басо мушаххаси фаъолияти ин ду шахс мақоми кунунииашонро дар хотираи таърихии ҷомеъаи тоҷик боис мегарданд?

Ба назари ин ҷониб, қабл аз пардохтан ба муҳокамарониҳо дар ин росто овардани чанд мулоҳаза шояд бамаврид бошад. Равост дар навбати аввал ишора намуд, ки мардони сиёсат ба нерӯву вижагиҳои фардии фитрӣ ва роҳу услуби , ба истилоҳ, бурдани кори сиёсӣ ба чанд тоифа ҷудо мешаванд.

Бардошти ин ҷониб аз мулоҳазаи фаъолияти сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҷумла чунин аст, ки ӯ ба тоифаи сиёсатмадороне мансуб буд, ки, барояшон чанд вижагии бунёдӣ хос аст. Бархурдори аз тавони дарёфти роҳ ба замир ва ҳушу ақли  тӯдаҳои васеъи мардумӣ ва идора намудани онҳо, бархурдорӣ аз тавони муомилаи созанда бо нухбагони гуногун, бархурдори аз диду мавқеъгирии стратегӣ умдатарини ин вижагиҳоянд.

Вижагиҳои номбаршудаи фитрӣ ба дараҷаи зиёд шаклгирии услуби корбарии Сайид Абдуллоҳ Нуриро, ки корбарии сиёсӣ танҳо ҷузъи он буд, муайян мекарданд. Вале услуби корбарии сиёсии Сайид Абдуллоҳ Нурӣ то муддате падидае буд комин дар зоти хеш. Барои рӯи кор омадани ин ё он қобилият расидане замоне лозим аст, ки ҷомеъа барои онҳо сахт эҳтиёҷманд мегардад ва шароите, ки рӯи кор омадани ҳамин гуна услуби корбариро ногузир месозад.

Фароҳам омадани ҳар ду заминаи зарури нисбатан дертар рух дод. Аниқтараш дар соли 1993. Дуруст аст, ки Сайид Абдуллоҳ Нурӣ то соли 1993 аз обрӯву эътибори казоӣ бархурдор буд. Вале ин обрӯву эътибор, аввалан, аз доираи ҳаводорону тарафдоронаш берун намебаромад ва, сониян, бештар ношеъ буд аз фаъолияти ӯ дар ростои ҷустутуҷӯи роҳҳои самараноки нашри фарҳанги исломӣ. Маҳз дар соли 1993 Сайид Абдуллоҳ Нурӣ чеҳраи намоёне гашт дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони мустақил.

Соли 1993 барои Тоҷикистони мустақил сарнавиштсоз гашт. Маҳз дар ҳамин сол тақдири ояндаи ҷумхурӣ муайян мегашт. Ҳодисаҳое, ки Тоҷикистонро аз худи оғози аҳди истиқлол пахш карда будаанд, дар андактарини вақт ҷумҳуриро ба ҳолати ташаттути ҳаматарафа оварда расонданд. Кишвар пароканда буд, давлату давлатдорӣ фурӯрехта, қарору сухани ниҳоӣ дар дасти силоҳбадастону қумондонҳои муқтадири тарафайни даргир.

Ҳар кадоме аз ин қумондонҳо қаламраверо, ки зери нуфузашон қарор дошт, бино ба диди худ идора мекардад ва ин диду идорадории онҳо аз ҳам мутафовит ва на ҳамеша бо ҳам созгор буд. Ҳамзамон ҳукмронии аксари ин қумондонҳо худи ғояи давлату миллати ягонаи точикро шадидан мухолифат мекард.

Идомаи ташаттуту таҷзия худи бақои ҷумҳуриро таҳдид мекард. Таҷрибаи асри бист гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик хориҷ аз ҳудуди қаламрави давлатдории хоси худ ҳамеша зери таҳдиди марги қавмӣ (этникӣ), яъне аз даст додани ҳуввияти миллии худ ва мунҳал гаштан дар уқёнуси ақвоми басо сернуфустари гирду атроф қарор дорад. Аз даст додани ҷумҳурии хеш барои тоҷикон баробар буд ба аз даст додани имконияти эмин мондан аз фаноёбии ҳамчун кавми мустақил.

Ҳамин хатаре буд, ки дар ҳар ду тарафи сангарҳои мухолифати мусаллаҳона ба роҳ мондани раванди шаклгирии марказҳои қавмии сиёсиро ба хотири хотима гузоштан ба ташаттути каламрав ва аз байн бурдани падидаи қумондонсолории хориҷ аз нуфузи марказҳои сиёсӣ талабу тақозои замона гардонд.

Агар соддатар карда гӯем – бояд буд марказҳои иттихози қарору тасмимгириҳои сиёсие шакл гиранд, ки барои зери ливои ягонаи сиёси ҷамъ овардани ҳамаи марказҳои сершумори дигар қодир бошанд. Иҷрои ин вазифа дар ҷониби ҳукумат ба дӯши Эмомалӣ Раҳмон уфтода буд, дар тарафи мухолифини вақт бар дӯши Сайид Абдуллоҳ Нурӣ.

Нахустин дастоварди назрараси дар ҷониби ҳукумат аз байн бурдани мухолифати сиёсӣ байни ду сохтори расмӣ – Шӯрои Оли ва Шӯрои вазирон ва иқдом кардан ба фарзкунии тадриҷии давлат нуфузи худро бар силоҳбадастон гашт. Дар ҷониби мухолифин нахустин иқдоми ҷиддӣ дар ростои ҳаллу фасл намудани худи ҳамин мушкила созмон додани маркази ягонаи сиёсӣ бо сарварии Сайид Абдуллоҳ Нурӣ шуд.

Чаро сарварии мухолифин маҳз ба дӯши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, на каси дигар афтод. Агар ба тарзи дигар гӯем, кадомин сифоти ӯ дигаронро водор сохт, ки маҳз ӯро роҳбари хеш донанд. Хуб, ҷавоби ин суолро ва тафсилоти интихоб ёфтани Сайид Абдуллоҳ Нуриро ба ҳайси сарвари мухолифини вақт хелеҳо аз ҳозирин било шак аз камина хубтар медонанд. Аммо ин ҷониб низ, ба ҳайси ҳамагӣ як муроқиб, метавонад раъйи худро дар ин бора дошта бошад.

Дар як китобе, ки ба муносибати сисолагии зуҳури Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба табъ расид, гуфта мешавад, ки қарор дар бораи ворид шудани ҳизб ба ба майдони эътироз дар ибтидои даҳаи саввуми моҳи марти соли 1992 ба роҳбари вақти расмии ҳизб дахле надошт. Яъне ин амр хориҷ аз иродаи сиёсии ӯ рух дода буд. Хуб, онҳоеро, ки паси чунин қарор буданд, билохира нокомии сиёсӣ насиб гашт. Дар вазъи нави сиёсӣ масъалаи барқарор намудани идорашавии ҳизб барои худи ҳизб масъалаи доғи рӯз гашт.

Аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа танҳо шахсе баромада метавонист, ки суханашро дигарон вайрон карда наметавонистанд, шахсе, ки дар тинаташ ситезакорӣ вуҷуд надошт, шахсе, ки метавонист барои ҳар кас сухани муносиб пайдо кунад, шахсе, ки ҳатто онҳоеро, ки бо ӯ розӣ набуданд, ба ҳамкорӣ ҷалб карда тавонад, шахсе, ки пурбардор аст, шахсе ки ба хотири расидан ба ҳадафи стратегӣ омода аст ба ин ё он гузашт. Аз диди ин ҷониб, Сайид Абдуллоҳ Нурӣ маҳз ҳамин гунна шахс буду дар ин ҷода касе дар ҳизб тавони рақобатро бо ӯ надошт.

Инак, равост исрор намуд, ки нахустин хизмати шоистаи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ барои Тоҷикистони мустақил овардани тарафдорони равишу тамоюлоти гуногун ҳам дар худи ҳизб ва ҳам ҷунбиши мухолифин зери як ливои сиёсӣ буд. Ҳамоно ки мухолифини вақт зери як ливо омаданду ниҳоди ягонаи эътилофӣ гаштанд, ташаккули мавқеъгирии ягона нисбат ба ҳозиру ояндаи ҷумҳурӣ ва роҳҳои ташхиси ҳадафҳову роҳу воситаҳои расидан ба ҳамин ҳадафҳо имконпазир гашт.

Худи ҳамин раванд дар ҷониби ҳукумат низ ҷараён мегирифт. Ҳангоме ки ҳар кадоме аз тарафайни қазия аз ваҳдати муайяни сохторӣ ва сиёсӣ бархурдор шуданд, ворид шудани эшон ба музокироти феълии сулҳи тоҷикон мумкин гашт.

Хизмати дуввуми шоистаии Сайид Абдуллоҳ Нурӣ барои Тоҷикистони мустақил гирифтани пеши роҳи истифодабарии ҷониби мухолифин аз тарафи бегонагон буд. Истифодабарии ҷунбиши мухолифин ба ҳайси дастгоҳи таъмини ҳадафҳои худ, ки яқинан бо ҳадафҳои миллии тоҷикон ҳеҷ созгор набуданд.

Мо имрӯз ба хуби мушоҳада карда метавонем, ки чи тавр бегонагон аз падидае, ки хелеҳо бедории ислом мегӯяндаш, ба нафъи худ истифода мебаранд. Онҳо аз бедоршудагон дастгоҳе барои худ омода карданд баҳри тахрибу таҷзияи давлатҳои мусалмонон, ба вижа давлатҳое, ки сиёсати мустақилро дар арсаи байналмилалӣ мебаранду намегузоранд бегонагонро назорати хешро бар иродаву сарватҳояшон фарз намоянд.

Хизмати саввуми шоистаи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ барои Тоҷикистони мустақил ворид намудани Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни точик ба гуфтушунид ё худ музокироти сулҳи тоҷикон буд. Номи ҳизб – Ҳизби нахзати исломии Тоҷикистон, на кадом як қаламрави дигар. Барои таъмини наҳзати исломии ҳамин кишвар лозим буд он аз ҳолати таҷзияву ташаттут бароварда шаваду якпорчагии қаламрав ва ваҳдати мардумаш барқарор гардад. Ҳардуи ин амал бидуни хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бозгашти мухолифин ба кишвари хеш имкон надошт. Биноан, аз дидгоҳи стратегии Сайид Абдуллоҳ Нурӣ дарёфти сулҳ вазифаи аввалиндараҷаи фаъолияти ҳизбӣ буд.

Хизмати чаҳоруми шоистаи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ барои Тоҷикистони мустақил – ба ҳам пайвастани ақидаи наҳзати исломӣ бо ғояи наҳзати миллиии Тоҷикистон мебошад. Бидуни ба ҳам пайвастани ин ду ғоя дарёфти сулҳ зери шубҳаву суол қарор мегирифт. Ҳадди ақал, бино ба як сабаби басит – на ҳамаи тоҷикон ҳаводорон ва пайравони ҳизби наҳзатанд, вале ҳамаи тоҷикон, сарфи назар аз алоқамандии сиёсиву ақидатияшон наҳзати миллӣ ва рушди кишвари хешро мехоҳанд.

Хизмати панҷуми шоистаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар назди Тоҷикистони мустақил – таъмин намудани устувории рағбати ҷониби мухолифин барои бо муваффақият анҷом ёфтани музокироти сулҳи тоҷикон ва, бадин минвол, то ба имзои Созишномаи умумии сулҳ расондани ин музокирот аст.

Хизмати шашуми ва басо шоистаи Сайид Абдуллоҳ Нурӣ дар назди Тоҷикистони мустақил – ба ҳайси сарвари Комиссияи оштии миллӣ таъмин намудани татбиқи амалии бахши аксари созишҳои сулҳ буд. Дуруст аст, ки на ҳамаи созишҳо пурра амалӣ гаштанд Вале он ҳам дуруст аст, ки ба шарофати ҳатто нопурра амалӣ гаштани созишҳои сулҳ якпорчагии Тоҷикистон барқарор ёфт ва хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ ҳамчун як давлати мустақил бартараф карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон имрӯза, аз ҷумла, самараи кӯшишу талошҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ мебошад.

/images/stories/2012/04/30_abdullo-rashid_30412_1.jpgХизмати ҳафтуми Сайид Абдуллоҳи Нуриро барои Тоҷикистони мустақил равост ба ҷумҳурӣ ва ҷомеъаи он ба мерос мондани худи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон донист. Бояд гуфт, ки гарчанде ҳизб ҳоло тирамоҳи соли 1991 таъсис ёфта бошад ҳам, маҳз аз бозе, ки худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сарвари расмии он интихоб гашт, раванди табдил ёфтани он ба як муассисаи сиёсии шаҳрвандие, ки дар шароити нави дур аз муқовимати мусаллаҳона амал карда метавониста бошад, такони тавоно гирифт.

Танҳо худи як падидаи дар Тоҷикистон амал кардани чунин ҳизб имиҷ, ё худ симмату сумъати ҷумҳуриро ҳамчун кишваре, ки дар ҷодаи мардумсолорӣ ба чизе расидааст, дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад. Ҳангоме аҷнабиён аз боби мардумсолорӣ дар Тоҷикистон сухан оғоз мекунанд, онҳо пеш ва беш аз ҳама дар ин бора аз имконияти ҳамчун ҳизби сиёсӣ ошкоро амал кардани ҲНИТ қазоват мекунанд.

Азбаски Тоҷикистон танҳо ҷумҳуриест дар паҳнои пасошӯравӣ, ки дар он чунин як ҳизб амал ва дар ҳамаи маъракаҳои интихоботии кишвар фаъолона иштирок мекунад, таваҷҷӯҳи дигарон бадавлатамон то андозае хайрхоҳонатар аст. Чунин як хайрхоҳӣ дар замони мо арзиши мушаххаси худ дорад, масалан, камтар зери тозиёнаи танқид гирифтани ҷумҳурӣ, омодагии муассисаҳои байналмилалии молиявӣ барои ҷудо кардани маблағхо, расидагии хуби сохторҳои расмии кишварҳои Ғарб нисбат ба Тоҷикистон.

Роҷеъ ба Муҳаммадшариф Ҳимматзода бояд гуфт, ки ба арсаи сиёсати умумиҷумҳури Тоҷикистони мустақил эшон ҳоло қабл аз Сайид Абдуллоҳ Нурӣ қадам гузошта буд. Агар хато накунам, дар ибтидои ноябри соли 1991 дар Душанбе, дар кохии имрӯзаи Вахдат анҷумани таъсисии ҲНИТ баргузор шуда буд. Дар ин анҷуман Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз ҷониби вакилони он ба ҳайси нахустин раиси ҳизб интихоб гардид. Вале ин воридшавиву фаъолияти ӯ дар арсаи сиёсати умумиҷумхурӣ дер напоид. Чаро?

Яке аз вазифаҳои асоситарини ҳар як сарвари ҳизб аз даст надодани назорат бар ҳизб мебошад, зеро танҳо дар ҳолати пурра зери назорати хеш нигоҳ доштани ҳизб ӯ метавонад онро дуруст идора кунад. Ҳодисаҳои соли 1992 нишон додаанд, ки дар муқорана ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, нерӯи ӯ на дар корбарии бевосита бо тӯдаҳои мардум, бо гурӯҳҳои гуногуни мардум, дар ёфтани забон, дил ва замири касони гуногун, балки дар ҷодаи дигар комин буд.

Ба назари ин ҷониб, Муҳаммадшариф Ҳимматзода бештар на ба корбари дар сатҳи сиёсати аланӣ, на ба муомила бо тӯдаҳои мардуми гуногунтабиату гуногунхулқ, балки ба кори интеллектуалии инфиродӣ муҳаққику таҳлилгар, ба кор бо қаламу қоғаз, ба муомила бо мардуми воқеъ дар сатҳи интеллектуалии худаш таваҷҷӯҳи бештар дошт.

Бозгашти дубораи Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба сиёсат ба ҳайси сиёсатмадори дараҷаи аввал соли 1997 рух дод. Яъне баъд аз он, ки эшон узви КОМ ва раиси яке аз комиссияи он гашт. Иштирок дар кори КОМ кушода шудани истеъдоди аслии Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро боис гашт. Ба назари ин ҷониб, Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз тоифаи сиёсатмадороне мебошанд, ки гӯё барои кор дар ҳайати кумитаҳои бонуфузи сохторҳои бонуфузи давлатдорӣ, барои сарварии сохторҳои ихтисосӣ офарида шудаанд.

Беҳуда нест, ки аз нишастҳои нахустини КОМ эшонро эҳтироми самимии ҳамаи аъзои ин дастгоҳ насиб гашта буд. Ақли расо, мантиқи кавӣ, суханварӣ, ба тарзи хеле дақиқ ифода намудани фикри хеш ва мавқеъгирии хеш, хуб ва зуд дарёфт кардани норасоиҳо ва тазодҳо дар ин ё он санад ва аз ҳама бештар, боло гузоштани манфиатҳои ҷумҳурӣ аз ҳамаи эътибороти дигар, боис мегаштанд, ки ҳамеша вақти ба дасти худ гирифтани лаҷоми сухан дигарон, сарфи назар аз таваҷҷӯҳхоти сиёсӣ ва ақидатии хеш, бо эҳтимоми зиёд ба гуфтаҳояш гӯш медоданд.

Худи ҳамин гуна муносибатро ба Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар парлумон низ мушоҳада кардан мумкин буд. Суханрониҳои бамавриду бамантики ӯ агарчи бино ба ин ё он сабабе на ҳамеша ва, шояд, аксаран пазируфта намешуданд, ҳамеша таъсиргузор буданд. Аз он лиҳоз, ки агар вакилони парлумон, бино ба ҳисобу китоби сиёсӣ, расман бо райъ ва пешниҳодҳои Муҳаммадшариф Ҳимматзода розӣ намешуданд, дар замири хеш дурустии онҳоро рад карда наметавонистанд.

Инак, агар мо бигӯем, ки хизмати аслии Муҳаммадшариф Ҳимматзода барои Тоҷикистони мустақил, пеш ва беш аз ҳама фаъолияти эшон дар чаҳорчӯби КОМ ва парлумон буд, фаъолиятие, ки ҷавҳар ва моҳияти онро хидмат ба ҷумҳурӣ ва мардуми он ташкил мекард, ба ҳеҷ ваҷҳ хато намекунем.

Вале як чиз ногуфта намонад. Ба яқини ин ҷониб, агар Сайид Абдуллоҳ Нурӣ тавонист ҳамаи он билқувваи худро барои хизмати кишвар сафарбар кунад, билқувваи Муҳаммадшариф Ҳимматзода, хоса билқувваи ақлонии ӯ, ба дараҷае, ки имкон дошт, истифода нашуд. Қабл аз ҳама, аз ҷониби худи ҳизб истифода нашуд. Кофист дар ин муносибат ба як нукта ишора кард. Яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҳизб дар рӯ ба рӯи он қарор дорад, иборат аз он аст, ки ба ҷомеъаи имрӯзаи тоҷик ҷавоби қаноатбахшро ба суоле, ки ҳизб, ҳангоми дар бораи наҳзати исломии Тоҷикистон суханҳо мегӯяд, яқинан чиро дар назар дорад, пешкаш накард.

Ба ибораи дигар, имрӯз аз дидгоҳи худи ҳизб мафҳуми наҳзати исломии Тоҷикистон чи маънову мазмун дорад, унсурҳои мушаххаси ин наҳзат кадомҳоянд, дар чаҳорчӯби ин мафҳум ё аз дидгоҳи ин мафҳум имрӯзу фардои ҷумҳурӣ чи гуна бояд бошад, барои ҷомеъаи тоҷик ҳоло ҳам чандон возеҳ нест.

Ҷомеъаи имрӯзаи тоҷик аз таҷрибаи феълии Эрону Туркия то андозае роҷеъ ба чи будани наҳзати исломӣ ба гунаи эрониву турки тасаввуротеро барои худ ҳосил кард. Улгӯи тоҷикии наҳзати исломӣ дар ҷумҳурӣ аз дидгоҳи ҳизб чи гуна буда метавонад, агарчанде барои худи ҳизб шояд возеҳ бошад, барои кулли ҷомеъаи тоҷик ҳамоно мубҳам аст.

Ба назари ин ҷониб, ин масъаларо ба ҷомеъа, ва ман яқинам, ки барои худи ҳизб низ, қабл аз ҳама, маҳз Муҳаммадшариф Ҳимматзода равшан карда метавонист. Вале тавре бармеояд, аз имконоти домулло дар ин ҷода, дар ин самту росто дуруст ва ба таври бояду шояд баҳра бардошта нашуд. Шояд кори беҳтарине, ки ҳизб метавонад барои гиромӣ доштани ёди Муҳаммадшариф Ҳимматзода анҷом дихад, пардохтан ба ҳамин кори муҳим мебошад.



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 30.04.2012 22:43
Маколаи хубест нисбати хар ду чехрахои сиёсии солхои 90-уми Точикистон.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi