20:36:41 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 24

 

 

АЗ МУҲАРРИР

 

Устод Нури - Эмомали РахмонХонандаи гиромӣ, инак охирин саҳифаи «Оштинома» - ро низ хонда баромадед. Бо эҳтимоли зиёд шумо интизор будед, ки муаллифи ин рисола чун даҳҳо муаллифони дигаре, ки дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон асар навиштаанд, оиди сабабҳои сар задани ин ҷанги бародаркуш, гунаҳкорони он ибрози ақида намуда, тараферо маҳкум ҷониберо ҳимоя мекунад. Вале чи тавре ки дидед, муаллиф асосан аз хусуси роҳхо ва шеваҳои барқарории сулҳу оштӣ дар кишвар, ҷаҳду талошҳои тарафайн дар ин роҳ ҳикоя кардааст. У аз хизматҳои ҳарду ҷониб дар ин ҷода ёдовар шуда сулҳро дастоварди бузурги ин миллати ҷафокашида дар ин марҳилаи ҳассоси таърихиаш донистааст.

 

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ҷумлаи он шахсиятҳои барҷастаи мазҳабиву сиёсие дар ҷумҳурӣ буд, ки хатари сар задани чунин як ҷанги бародаркушро ҳанӯз хеле барвақт аз шурӯъи он эҳсос карда, барои пешгирии ҷанг ҷаҳду талошҳои беандоза намудааст. Дар бораи ин гуна саъю кӯшишҳои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баъзе аз муаллифоне, ки дар ин мавзӯъ асарҳо эҷод кардаанд, дар навиштаҳои худ каму беш ёдовар шудаанд.

 

Аз ҷумла, муаллифоне ҳамчун генерал Ғаффор Мирзоев, сиёсатшинос Бурӣ Каримов, сиёсатмадор Аслиддин Соҳибназаров, ки дар баъзе масоили сиёсиву иҷтимоӣ бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ихтилофи назар доштанашонро пинҳон надоштаанд, дар рисолахои худ мунсифона аз амалҳои конкретии устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин кори хайр қабл аз оғози даргириҳо махсусан қайд кардаанд. Муаллифи «Оштинома» бо як фурӯтание, хоксорие ҳатто аз ин амалҳояш ёдовар намешавад.

 

Устод номи китобашро «Оштинома» гузоштааст. Дар таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон муаллифони зиёде «Шоҳнома», «Корнома», «Искандарнома», «Қобуснома», «Сиёсат-нома», «Мусибатнома» ва ҳатто «Сулҳнома» - ҳои бешуморе навиштаанд. Вале ёдам намеояд, ки касе аз бузургон «Оштинома» навишта бошад. Шояд барои он ки дар ягон давраи таърихӣ байни тоҷикон ба ифодаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ «чунин ҷанги хунин ва аз он ҳам бадтар нангин» рух надода будааст ва зарурате ба навиштани «Оштинома» ҳам набудааст. Ба ҳар ҳол ҳарчӣ ки набошад баъди ин ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш инак дар таърихи миллатамон китобе бо номи «Оштинома» арзи вуҷуд кард.

 

Умед аст, ки ин «Оштинома» дар ҳақиқат ҳам оштиву ваҳдати миллатро таҳким мебахшад ва ҳушдоре барои наслҳои имрӯзу фардои миллат мегардад. Дар баробари ин панде барои ҷомеаи ҷаҳониён хоҳад буд, ки мувоҷеҳи чунин мушкилот мебошанд.

 

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадмандро сулҳ беҳтар зи ҷанг.   

Султони ҲАМАД

 

ЗАМИМА

Ҳуҷҷатҳое, ки асоси ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти КОМ – ро танзим намудаанд:

 

С О З И Ш Н О М А И

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва раҳбари Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозисиони Тоҷик С.А.Нурӣ баъд аз анҷоми мулоқот дар Масква

23 декабри соли 1996

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифо-вич Раҳмонов  ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ  ва масъулияти бурзурги худ барои ояндаи халқ ва давлати тоҷик дар мулоқоти худ дар Масква 23 декабри соли 1996 ба чунин созиш расидаанд:

 

Музокироти байни тоҷикон ва иҷрои санадҳои дар рафти онҳо ба имзо расида бояд дар тӯли 12 – 18 моҳ аз рӯзи имзои ин Созишнома ба анҷом расонида шаванд;

 

бо назардошти он ки бо имзои ин Созишнома марҳилаи сифатан наве дар амри ба даст овардани сулҳ ва оштии миллӣ оғоз мегардад, қарори сиёсӣ қабул  намудаанд, ки дар давраи гузариши зикршуда Комиссияи Оштии Миллӣ ташкил дода шавад. Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ намояндаи оппозитсияи тоҷик хоҳад шуд. Ба ҳайати музокирот супориш дода шудааст, ки дар рафти давраи оянда, ки 5 январи соли 1997 дар Теҳрон оғоз мешавад, шумора ва ҳайати шахсии Комиссия, вазифа ва салоҳиятҳои мушаххаси онро муайян бикунанд;

 

эълони авфи умумӣ ва ҳамдигарбахшӣ дар нисбати шахсоне, ки дар муқовимати низомию сиёсӣ аз соли 1992 саркарда то лаҳзаи қабули санади авф иштирок доштанд, зарур дониста шавад;

дар кӯтоҳтарин муддат асирони ҳарбӣ ва маҳбусон пурра иваз карда шаванд ва аз Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон ва Кумитаи салиби сурхи байналмиллалӣ хоҳиш карда шавад, ки ба амалӣ гардидани иқдоми башардӯстонаи мазкур мусоидати лозима намоянд;

 

аз лаҳзаи имзои ин Созишнома оташбас ва қатъи дигар амалиёти душманона дар тамоми даври музокироти байни тоҷикон эълон карда шавад;

 

ба мақсади барқарор намудани сулҳ дар кишвар онҳо ба ҳайатҳои музокирот дастур доданд, ки онро то якуми июли соли 1997 бо имзои санадҳое, ки дар Протоколи 17 августи соли 1995 дар бораи принсипҳои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба анҷом расонанд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппосизиони тоҷик ба ҳукуматҳои Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Исломии Афғонистон, дигар давлатҳои нозир дар музокироти тоҷикон, инчунин ба Дабири кулли СММ Б. Бутрос Ғолӣ ва Намояндаи мухсуси он Г.Меррем барои меҳмоннавозӣ ва мусоидат ба мулоқот дар Москав изҳори сипосгузорӣ менамоянд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      

Э.Ш.Раҳмонов                                    

 

Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик

С.А.Нурӣ

 

Намояндаи махсуси Дабири

Кулли СММ дар Тоҷикистон

Герд Дитрих  Меррем

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/4305----lr-24.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi