19:55:17 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 12

Дар натиҷаи фаъолияти пайгиронаву самараноки зеркомиссия оиди масоили муҳоҷирини КОМ ва ҳамоҳангиву ҳамкории он бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Комиссиариати Олии Созмони Миллали Муттаҳид оиди масоили гурезаҳо аксарияти мушкилоти фавқуззикр тадриҷан то андозае ҳалли худро пайдо мекарданд. Чунончи шумораи хонаҳое, ки барқарор ва тармиму таъмир карда шуданд, қариб ба 30 ҳазор адад расид.

 

Аз 10 ҳазору 44 хонаи ғайриқонунӣ аз худ кардашуда 9600 хона бо кӯмаки ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба соҳибони пештараашон бозгардонда шуданд. Танҳо дар соли аввали фаъолияти КОМ ҳукумат барои муҳоҷирини бозгашта ҳамчун кӯмакпулии якдафъаина 75 миллион ва ҳамчун қарзи имтиёзнок 285 миллион рубли тоҷикӣ ҷудо кард, ки онҳо тавассути мақомоти маҳаллии ҳокимият тавзеҳ дода шуданд.

 

Ба ҷои кори пештара барқарор кардани муҳоҷирини баргашта низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти зеркомиссияи муҳоҷирин ба шумор мерафт. Тибқи иттилооти расмӣ аз 277 ҳазор нафар муҳоҷири баргаштаи қобили меҳнат 230 ҳазор нафари онҳо бо кор таъмин шуданд. Инҳо асосан он қабил муҳоҷирине буданд, ки қабл аз ҳиҷрат дар колхозу савхозҳо, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои бинокорӣ кор мекарданд. Аксари бо кор таъмин шудагон ба иллати паст будани маошу моҳона ва ё худ фалаҷ шудани корхонаҳояшон дубора дар ҷустуҷӯи кор ва қути лоямут ҷилои Ватан карданд.

 

Раванди ба ҷои кори пештара барқарор кардани мутахассисони маълумоти олидор, роҳбарони корхонаву идораҳо ва махсусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хеле ҳам ба мушкилӣ пеш мерафт.  Чунин мутахассисон дар зеркомиссияи оиди масоили муҳоҷирин номнавис шуда буданд ва шумораи онҳо 1915 нафар буд. Аз ин теъдод қисмати хеле маҳдуди онҳо ба ҷойҳои кории пештараашон барқарор шуданду халос.

 

Вазъияти ҳуқуқӣ ва амниятии муҳоҷирини ба Ватан баргашта ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти КОМ буд. Ҳар сари чанд муддат ба мақсади омӯзиши ин масъала гурӯҳҳои кории зеркомиссияи оид масоили муҳоҷирин ба шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ҷумҳурӣ сафар карда аз наздик бо шароити кору зиндагонии онҳо шинос мешуданд. Натоиҷи ин сафарҳо дар ҷаласаҳои КОМ баррасӣ шуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо ва ҷилавгирӣ кардан аз хатоҳо  чораҳои мушаххас андешида мешуданд.

 

Чунончи 5 – уми марти соли 1998 КОМ дар мавзӯи «Вазъияти ҳуқуқӣ ва амниятии муҳоҷирини ба Ватан баргашта» бо ширкати вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Худойбердӣ Холиқназаров ҷаласаи таъҷилие доир намуд, ки дар он хулосаи фаъолияти гурӯҳи кории КОМ оиди вазъияти муҳоҷирини вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи маълумоти ин гурӯҳ дар вилояти Хатлон муҳоҷирини баргашта ба проблемаҳои ҷиддии таъмини манзил ва душвориҳои дигари иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омаданд. Онҳо наметавонанд, ки манзилҳои худро талаб кунанд.

 

Ба онҳо аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ кӯмак расонда намешавад. Заминҳое, ки Ҳукумат ба онҳо ҷудо кардааст, зӯран аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадаст аз худ карда шудаанд. Дар ҳамин ҷаласа қайд  шуд, ки як қатор роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳо ба муҳоҷирин кӯмаки молиявӣ намерасонанд ва замини ба ин мақсад муайяншударо ҷудо намекунанд. КОМ дар ин ҷаласаи худ қарор қабул кард, ки ба хотири таъмини амният ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии муҳоҷирин аз ҳисоби намояндагони вазорати умури дохила, амният, дифоъ комиссияи махсусе таъсис дода шавад, ки ҳалли ин проблемаро ҳамеша дар мадди назари худ дошта бошад.  Ҳаёт нишон дод, ки тасмими қабулшуда то андозае барои ҳалли нисбии масоили муҳоҷирин мусоидат намуд.

 

Гурӯҳҳои кории зеркомиссиони муҳоҷирини КОМ, ки чун гурӯҳҳои кории дигар зеркомиссияҳо аз намояндагони ҳарду ҷониб созмон дода шуда буданд, ба ғайр аз амалҳои мушаххаси хеш корҳои зиёди тарғиботиву ташвиқотиро анҷом медоданд. Ҳамраисони гурӯҳи корӣ Ҳақназар Ғоибназаров, Темур Табаров ва дигар аъзои ин гурӯҳ Мирзои Мурод, Ҳамдуддини Саъдуддин, Шодӣ Кабиров, Нурулло Абдуллоев, Қаландар Садриддинов, Қосим Раҳимов, Баҳрулло Қурбонов, Баҳриддин Ҷабборов, Аслишоҳ Нодиршоев, Ғолиб Ғафуров, Сангмаҳмад Зуҳуров кӯшишҳои зиёд ба харҷ медоданд, ки дар байни муҳоҷирини баргашта ва аҳолии муқимӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд биёяд. Охир, чанде пеш онҳо алайҳи ҳамдигар санг дар бағал доштанд.

 

Баъзе аз онҳо ҳанӯз ҳам эътимоди қавӣ надошт, ки дар ҳақиқат Сулҳ барқарор шудааст. Аз ин рӯ бо кӯмаку дастгирии моливу маънавии созмонҳои хайрияи байналмиллалӣ чорабиниҳое созмон дода мешуданд, ки ба беҳтаршавии авзо дар ин самт мусоидат мекард. Аксари ин чорабиниҳо дар рӯзҳои ҷашнҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони ҳар дуҷониби сулҳкунанда ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ доир мегаштанд. Дар тую маъракаҳо низ суханрониҳо намуда, мардумро ба сулҳу ваҳдат даъват мекардем. Чунин маъракаҳо ба он оварда расонд, ки эътимоди байниҳамдигарӣ қавӣ шуда, ҳамдигарфаҳмиву дӯстиву бародарӣ таҳким ёбад.

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2707----lr-12.html?start=1

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi