23:28:34 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 12

 

 

 

 

КОМИССИЯИ ОШТИИ МИЛЛӢ

 

БАРГАШТА БА ХОНААШ МУҲОҶИР …

 

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини раванди истиқрори Сулҳу оштӣ дар кишвар ин пиёда сохтани «Протоколи масоили муҳоҷирин» буд. Ин вазифаи бузург асосан ба дӯши зеркомиссияи муҳоҷирини КОМ гузошта шуда буд. Вазоифе, ки дар назди ин зеркомиссия ва умуман КОМ матраҳ буд ва бояд ба ҳалли он мусоидат мекард, аз нуктаҳои зерин иборат буданд:

 

-баргардонидани тамоми муҳоҷирин ва гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан ва ҷойҳои зисти муқимиашон;

-ба онҳо баргардонда додани манзил ва моликияти ғасбшудаашон;

-ба ҷойҳои кори пештараашон барқарор кардани онҳо;

-обод кардани манзилҳои вайронгаштаи онҳо;

-расондани кӯмакҳои башардӯстона ва додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирин;

 

Ба ҳама маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар сокини Тоҷикистонро иҷборан овораву гуреза намуд. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор хонаву дар, манзилҳои истиқоматӣ ба коми оташи ҷанг кашида шуданд. Дар ин бора дар матбуоти даврӣ, расонаҳои хабарӣ ва доираҳои расмии ҳукумату созмонҳои байналмиллалӣ дер боз факту рақам ва далелҳои мухталиф ироа мешаванд. Бархе бар онанд, ки дар давраи даргириҳои дохилӣ беш аз якуним миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷои зисти худро маҷбуран тарк гуфта ба ҷойҳои нисбатан амнтаре рафтанд.

 

Аз ҷумла, беш аз шаст ҳазор нафар ба кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳоҷират карданд. Қариб 400 ҳазор нафар бошад шаҳру навоҳии кишварҳои ИДМ – ро ҷои зист ихтиёр намуданд. Беш аз 700 ҳазор нафар бошад дар дохили Тоҷикистон, дур аз манзили муқимии хеш дар ҷустуҷӯи оромишу осоиштагӣ сарсону овора будаанд. Идае аз муҳосибону сиёсатмадорон ин арқомро зиёдтар ва қисми дигар камтар ба қалам додаанд. Ба ҳар ҳол мо ҷонибдори онҳое ҳастем, ки теъдоди муҳоҷирин ва гурезаҳои ҷанги шаҳрвандиро наздик ба як миллион нафар медонанд, ки аз онҳо қариб шаст ҳазор нафарашон ба Афғонистони ҳиҷрат карда, беш аз сесад ҳазор ба кишварҳои муштаракулманофеъ паноҳ оварда буданд. Дар дохили кишвар бошад қариб 700 ҳазор нафар ба мақсадҳои таъмини амнияти хонаводаи хеш тағйири ҷои истиқомат кардаанд.

 

Албатта бозгашти паноҳандагону оворагони тоҷик ба Ватани аҷдодии хеш хеле пеш аз шурӯъи фаъолияти КОМ ва зеркомиссияи оиди масоили муҳоҷирин оғоз шуда буд. Бояд мунсифона қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои баргадонидани муҳоҷирин ва гурезаҳои иҷборӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида буд. Аз ҷумла, қонунҳо дар бораи муҳоҷирин ва паноҳандагони иҷборӣ ба тасвиб расида, даҳҳо қарорҳо қабул шуда буданд, ки ҳама ба хотири ҳарчӣ тезтар ҳаллу фасл кардани ин проблема буданд. Қисмате аз муҳоҷирону оворагони ҳам дохилӣ ва ҳам беруна ба ҷойҳои зисти муқимиашон баргардонида шуда буданд. Умуман дар ин самт кор идома дошт.

 

Вале проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам хеле зиёд буданд. Ҳанӯз ҳам дар Давлати Исломии Афғонистон ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо дар шароити хеле сангине ба сар мебурданд. Ҷанги байниҳамдигарии ҷиноҳои даргир дар Афғонистон аҳволи бе ин ҳам вазнини онҳоро вазнинтар карда буд. Муҳоҷирини тоҷик як навъ гаравгони ҷанги дохилии Афғонистон шуда буданд. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ҳам вазъияти муҳоҷирин тоҷик чандон хуб набуд. На ҳамаи онҳо аз ҳуқуқҳои паноҳандагӣ бархӯрдор буданд.

 

Сари ҳар қадам таҳти фишори мақомоти расмӣ ва органҳои қудратӣ қарор мегирифтанд. Идомаи ҷанги дохилӣ имконият намедод, ки ҳукумати кишвар таваҷҷӯҳи бештаре барои беҳбудии вазъияти муҳоҷирини баргашта ба харҷ бидиҳад. На ҳамаи паноҳандагони иҷборӣ дар дохил низ ба ҷойҳои зисти пештараашон баргардонда шуда буданд. Ҳанӯз ҳам эътимод ва боварӣ ба оянда миёни онҳо таҳким наёфта буд.

 

Бо назардошти ин нуктаҳо КОМ ва зеркомиссияи муҳоҷирини он фаъолияти худро аз интишори Муроҷиатномае ба мардуми кишвар, роҳбарони ҷумҳурӣ, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ шурӯъ карданд, ки дар он зарурати расонидани кӯмакҳои ҳамаҷониба ба муҳоҷирини баргашта, аз ҷумла бо масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, паноҳгоҳ қайд шуда буд. Матни Муроҷиатнома дар қисмати замимаи китоб оварда мешавад.

 

Тибқи иттилооти Комиссиарати Олии СММ оиди паноҳандагон то охирҳои моҳи сентябри соли 1997 дар Афғонистон беш аз 10 ҳазор муҳоҷири тоҷик боз боқӣ монда буд. Вазъияти муҳоҷирини Кампи Сахӣ, ки теъдодашон беш аз 7000 нафар буд ва дар наздикиҳои шаҳри Мазори Шариф ҷойгир шуда буданд, хеле вазнин буд. Бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳонае, ки рӯзи дуюми октябри соли 1997 дар наздикҳои Кампи Сахӣ байни ҷонибҳои даргири афғонӣ рух дод, 4 нафар муҳоҷири тоҷик ба шаҳодат расида, беш аз 40 нафар захм бардоштанд.

 

Садҳо нафари дигар бошад пиёда даҳҳо километр роҳро тай намуда, ба Бандари Шерхон омаданд. Вазъияти тоқатфарсои муҳоҷирин тақозо мекард, ки чораҳои оҷилӣ андешида шаванд ва онҳо ҳарчӣ тезтар амалӣ бигарданд. Гурӯҳи кории Комиссияи Оштии Миллӣ дар ин вазъият борҳо ба шимоли Афғонистон сафар карда, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмиллалӣ, ба хусус Комиссиариати Олии СММ оиди паноҳандаҳо ва Ҷумҳурии ӯзбекистон ба он ноил шуданд, ки боқимонда муҳоҷирини дар Афғонистон будаи тоҷик дар зарфи ду моҳ қариб ба пуррагӣ тавассути гузаргоҳҳои Хайратон – Тирмиз ва Бандари Шерхон (Панҷи Поён) ба Ватани ачдодии худ баргарданд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi